Дар мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов масъалаи барқарор кардани хатсайри ҳавоӣ миёни пойтахти кишварҳо - Душанбе ва Боку баррасӣ шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озайрбойҷон, инчунин масъалаҳои вобаста ба тавсеаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, рушди бахши хусусӣ, афзоиши гардиши молу маҳсулот, таъсиси корхонаҳои муштарак ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар намуданд.

Дар назар аст, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озайрбойҷон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ нимаи аввали соли равон баргузор шавад.

Қобили зикр аст, ки ин масъала охири моҳи сенябри соли гузашта дар вохӯрии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев баррасӣ шуда буд.

Шукурҷон Зуҳуров зикр карда буд, ки сарфи назар аз мавҷуд будани асоси хуби қарордодиву ҳуқуқӣ, ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ байни кишварҳои мо дар сатҳи паст қарор дошта, ба ин мавҷуд набудани ҳамкориҳо дар бахши алоқаи ҳавоӣ монеа эҷод менамояд.

Қобили зикр аст, ки бар асоси мавҷуд будани созишномаи байниҳукуматӣ аз 7 март то 22 октябри соли 2013 ширкати ҳавоии «Тоҷик Эйр» дар хатсайри Душанбе - Боку - Душанбе ҳафтае як маротиба парвоз анҷом медод, вале бинобар сабаби ворид шудани зарари молӣ ба будҷаи ин ширкат парвозҳо дар ин хатсайр дубора мутаваққиф шуданд.

Хатсайри ҳавоии мунтазами Душанбе - Боку - Душанбе 10 июли соли 2012 ифтитоҳ гардида, вале дар робита ба нокофӣ будани талаботи мусофирон ба он, минбаъд амал намекард. Моҳи марти соли 2013 парвози ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайр дубора барқарор шуда, лекин бо сабаби дар боло зикршуда боз баста шуд.