Соли гузашта ба Тоҷикистон ҳудуди 853 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва 397 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд, хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ.
Зиёда аз 88%-и маҳсулоти нафтии воридшуда ба гази моеъ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) рост меояд.
Аз ҷумла дар ҳаҷми зерин маҳсулоти нафтӣ оварда шудааст:
- 387 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ;
- 320 ҳазор тонна бензин;
- 60 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ;
- 40,6 ҳазор тонна кокси нафтӣ;
- 30 ҳазор тонна битум ва мазут;
- 1,2 ҳазор тонна дигар маҳсулоти нафтӣ.
Дар муқоиса бо соли 2021 воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ дар соли 2022 ба андозаи 14% ё худ 154 ҳазор тонна зиёд шудааст.
Қаблан Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ хабар дода буд, ки воридоти маҳсулоти нафтии Русия тариқи имтиёз зиёд шуд.
Ёдрас мекунем, ки аз соли 2013 Тоҷикистон маводи сӯзишвориро аз Русия бар асоси имтиёз (бидуни пардохти боҷи содиротии гумрукӣ) мегирад. Мақомоти салоҳиятноки ду кишвар то 1 октябр ҳаҷми истифодаи дохилиро дар Тоҷикистон барои соли оянда мувофиқа карда, тавозунҳои индикативӣ ба имзо мерасонанд.
Ҳаҷми мувофиқашуда барои соли 2022 мисли солҳои пешин 830 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Ҳудуди 90%-и маҳсулоти нафтиро Тоҷикистон аз Русия ва беш аз 90%-и гази моеъро аз Қазоқистон ворид мекунад.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, соли 2022 дар Тоҷикистон аз ҳисоби коркади нафти худӣ ҳамагӣ 510 тонна бензин, 4 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 5,1 ҳазор тонна мазут, 3,2 ҳазор тонна битум истеҳсол шудааст. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ ҳудуди 25 ҳазор тонна нафт истихроҷ шудааст.
Дар Тоҷикистон ду корхонаи начандон бузурги коркарди нафт бо иқтидори умумии коркарди 150 ҳазор тонна дар як сол амал мекунад, ки ба ширкати “Ҳасан ва Ко” тааллуқ доранд.
Дар кишвар корхонаи бузурги коркарди нафт низ ҳаст: ширкати Dong Ying heli Investment and Development ҳанӯз чанд сол пеш сохтмони корхонаро дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ба итмом расонид, ки иқтидораш 1,2 млн тонна дар як солро ташкил медиҳад. Аммо бинобар сабаби мавҷуд набудани нафти хом, корхона то ҳол амал намекунад.
«Я всё еще не могу понять эту актёрскую профессию и ищу в ней что-то неизведанное». Хошиму Гадо 87 лет
Коалиция против пыток в РТ: в 2023 году документировано 16 обращений от предполагаемых жертв пыток
Сотни мигрантов из Таджикистана не смогли получить патенты в Санкт-Петербурге
Таджикистан и Кыргызстан договорились усилить разъяснительную работу в приграничных районах
Таджикистан и США подписали документ о внедрении системы для регулирования передвижения террористов
Как таджикский ветеран нашел своих освободителей лагеря Освенцима
Таджикистан и Китай планируют модернизацию «Таджикского алюминия», строительство эстакад и реконструкцию дороги до Кульмы
Армения отказалась от финансирования ОДКБ в 2024 году
Дзюдоисты Таджикистана примут участие в двух важных турнирах перед Олимпиадой-2024
В ГБАО сошла лавина, а в Нурабаде – сель
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста