Мақомоти марбутаи соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ба тавозуни индикативии таҳвили маҳсулоти нафтӣ дар соли 2023 тағйирот ворид намуда, ҳаҷми он зиёд мешавад, хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.
Санад аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Шарифаи Худобахш ва муовини аввали вазири энергетикаи Русия Павел Сорокин дар Маскав ба имзо расид.
“Мувофиқи ин санад, ҳаҷми умумии тавзуни индикативӣ, аз ҷумла ҳаҷми интиқоли бензин ва сӯзишвории дизелӣ ба бозори Тоҷикистон дар муқоиса бо соли ҷорӣ зиёд мешавад”, - гуфта мешавад дар хабари Вазорати энергетика.
Дар хабар доир ба чӣ миқдор зиёд шудани воридоти маҳсулоти нафтӣ тариқи имтиёз аз Русия дар соли оянда саҳеҳ маълумот дода намешавад.
Ёдрас мекунем, ки аз соли 2013 Тоҷикистон маводи сӯзишвориро аз Русия бар асоси имтиёз (бидуни пардохти боҷи содиротии гумрукӣ) мегирад. Мақомоти салоҳиятноки ду кишвар то 1 октябр ҳаҷми истифодаи дохилиро дар Тоҷикистон барои соли оянда мувофиқа карда, тавозунҳои индикативӣ ба имзо мерасонанд.
Ҳаҷми мувофиқашуда барои соли 2022 мисли пешин 830 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, Тоҷикистон аз Русия тариқи имтиёз 260 ҳазор тонна бензин, 310 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 40 ҳазор тонна сӯзишвории авиатсионӣ, 30 ҳазор тонна мазут, 40 ҳазор тонна битум, 100 ҳазор тонна кокси нафтӣ ва 50 ҳазор тонна гази моеъ гирифта метавонад.
Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, ҳудуди 90%-и маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия оварда мешавад.
Ширкати асосии воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ҶСК “Газпромнефт-Тоҷикистон” мебошад, ки ҳудуди нисфи ҳаҷми умумии воридоти сӯзишворӣ ба ин ширкат рост меояд.
Тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар семоҳаи аввали соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 486 млн доллар ҳудуди 560 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 ин нишондиҳанда аз рӯи вазн 24% ва аз лиҳози арзиш - 70% зиёд аст.