Имрӯз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (10:00), Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон (10:00), Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон (10:00), Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон (11:00), ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» (09:00) оид ба фаъолияти худ дар соли 2024 ба журналистон ҳисобот медиҳанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 11 ФЕВРАЛ
Соли 2009 – Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Брюссел иштирок карда, бо тоҷикони муқими Белгия мулоқот анҷом дод.
Соли 2010 – Маросими барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар деҳаи олимпии Ванкувер баргузор гардид.
Соли 2012 – Дар Афғонистон чархболи “Ми-8”-и Қувваҳои ҳавоии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон суқут кард. Ҳамаи чаҳор халабон, ки низомиёни Қувваҳои ҳавоии Тоҷикистон буданд, ҳалок шуданд.
Соли 2015 – Дар Олмотӣ (Алмато) дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба кумаки тиббӣ-санитарӣ ифтитоҳ шуд.
Соли 2019 – Суди Олӣ муҳлати адои ҷазои Қиёмиддин Ғозӣ,маъруф ба “генерали мардумӣ”-ро аз 25 сол то 7 сол кам кард.
Соли 2020 – Ҳавопаймои “Сомон Эйр” донишҷӯёни тоҷикистониро аз шаҳри Вуҳани Чин, ки ба коронавирус сироят ёфта буданд, берун овард. Онҳоро барои 14 рӯз дар осоишгоҳи “Харангон” ба карантин гирифтанд.
Соли 2020 – Думаи давлатии Русия созишномаи сохтмони панҷ мактаби русизабонро дар Тоҷикистон тасдиқ кард.
Соли 2020 – Ӯзбекистон ба шаҳрвандони худ, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекарданд, пешниҳод кард, ки ба ватан баргарданд.
Соли 2022 – Сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанбе эълон кард, ки гирифтани раводиди ҳаҷ дар Тоҷикистон ройгон мебошад.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1969 – Мавлуди Маликшо Неъматзода, муовини якуми раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ).
Ӯ соли 1994 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, соли 2005 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, соли 2009 Академияи хизмати давлатии назди президентиРусияро бо ихтисосҳои филолог, муаллими забон ва адабиёти пушту ва тоҷикӣ, сиёсатшиноси байналхалқӣ хатм кардааст.
Соли 1999 аввалин бор масъулияти иҷрои вазифаи давлатиро ба зимма мегирад ва мушовири намояндаи минтақавӣ дар намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон дар Русия, шаҳри Санкт-Петербург таъин мешавад ва то соли 2001 дар ин маснад кор мекунад.
Баъдан, аз соли 2001 то соли 2007 дар вазифаҳои гуногуни Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон фаъолият мекунад. Соли 2007 раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш таъин гардид ва то соли 2014 кор кард.
Соли 2014 Неъматзода сафири Тоҷикистон дар Олмон таъин гардид. Соли 2016 ба ин вазифаи ӯ ҳамчунин масъулияти сафирӣ дар ҷумҳуриҳои Чех ва Лаҳистон низ илова гардид.
Баъди ин ӯ аз сафирӣ сабукдӯш ва солҳои 2018-2020 сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин кардид. 11 моҳ, аз январ то ноябри соли 2020 раисии шаҳри Норакро ба зима дошт.
Маликшо Неъматзода аз соли 2020 то моҳи декабри соли 2024 раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон буд.
Рӯзи 18-уми декабри соли гузашта, Маликшо Неъматзода, ба ҷойи Абдуҷаббор Азизӣ муовини якуми раиси ҲХДТ интихоб гардид.
Дар бораи шахсият ва корномаи сиёсии Маликшо Неъматов дар ин маводи “Азия-Плюс” маълумот гиред.
Соли 1970 – Зодрӯзи Зикрихудо Самадзода, раиси собиқи ноҳияи Ишкошим.
Зикрихудо Самадзода соли 1991 техникуми молиявӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе ва соли 1999 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Солҳо дар соҳаи молия дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият кардааст.
Ӯ соли 2013 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ишкошим таъин гардид ва то соли 2019 дар ин маоқм кор кард. Ҳоло маълум нест, ки чӣ мақом дорад.
Соли 1971 – Алӣ Аҳмадов, арбоби давлатии шӯравӣ ва тоҷик, Комиссари халқии корҳои хориҷии Тоҷикистони шӯравӣ дар 60-солагиаш даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии беморон аст. Ин рӯз 13 майи соли 1992 бо ташаббуси Папаи Рим Иоанн Павели II (Pope John Paul II) таъсис ёфтааст.
Бо қарори Маҷмаи Умумии СММ аз 22-юми декабри соли 2015 қатъномае қабул шуд, ки тибқи он 11-уми феврал Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм эълон гардид.
Ҳадафи ин рӯз таъмини дастрасии пурра ва баробари занону духтарон ба илм ва иштироки онҳо дар ин соҳа гуфта мешавад. Ин рӯз аз он ёдоварӣ мекунад, ки занону духтарон дар ҷомеаи илмӣ ва технология нақши муҳим доранд ва бояд иштироки бештари онҳо таъмин гардад.
327 сол пеш Пётри I бо фармони шахсии худ фурӯши тамокуро иҷозат дод. Тамоку ба Русия дар нимаи дуюми асри XVI ворид шуда, баъдан маъруф гардид. Нархи он чунон гарон буд, ки баъзеҳо ҳатто ба миқдори зиёд қарздор шуданд. Баъдтар Ҳукумат ва калисо мубориза бо тамокуро оғоз кард. Аз соли 1634 фурӯши тамоку дар Русия қатъиян манъ гардида, барои нақзи ин қонун ҷазои қатл ва мусодираи амвол таҳдид мекард.
Аммо 11 феврали соли 1697, бо фармони Пётри I фурӯши тамоку расман иҷозат дода шуд. Ин фармон тамоми қонунҳои пешинаро иваз кард. То имрӯз ҷонибдорони тарзи ҳаёти солим наметавонанд ин қарори Пётрро бубахшанд, зеро бар он боваранд, ки маҳз бо иҷозати ӯ Русия ба сигоркашии оммавӣ рӯ овард.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 11 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона -1+4º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 0+5º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо рӯзона асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар буда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2-7º сард то -3+2º, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят барф борида, дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 4-9º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 9+11º гарм, дар шарқи вилоят шабона 26-31º сард, дар баъзе минтақаҳо то 38-40º сард, рӯзона 9-14º сард, дар баъзе минтақаҳо то 18-20º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 2+4º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 2+4º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 5+7º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда ва бориши барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 6-8º сард, рӯзона 1+3º гарм.
“Азия-Плюс” ба ҳуши маснӯӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад ва барои рушди рақамӣ мутахассисонро ҷалб менамояд
Ҳукуматҳои маҳаллӣ, вазоратҳои маорифу илм ва мудофиа. Агентии зиддифасод фасодзадатарин ниҳодҳоро эълон кард
Ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон дар Тоҷикистон афзудааст
Тоҷикистону Қазоқистон корхонаи истеҳсоли равғани офтобпараст таъсис медиҳанд
Кумитаи андози Тоҷикистон қарздорони асосии худро номбар кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2025
Додгоҳи олии Тоҷикистон бори аввал ва расман бархе ҷузъиёти “парвандаи табаддулот”-ро шарҳ дод
Ба 10 солу 4 моҳи зиндон маҳкум шуд. Раиси Додгоҳи олӣ ҳукми Аҳмади Иброҳимро шарҳ дод
Аз Додгоҳи олӣ шарҳ доданд, ки чаро иҷрои ҳукми Рухшона Ҳакимова мавқуф гузошта нашуд
Аз ошӯби зиндони Ваҳдат то қонуни авф. Дар нишасти матбуотии Вазорати адлия кадом масоил баррасӣ шуданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста