Бар асоси натиҷаҳои музокироти роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду кишвар дар Остона, Қазоқистон ва Тоҷикистон оид ба таъсиси корхонаи муштарак барои истеҳсоли равғани офтобпараст ба мувофиқа расиданд. Илова бар ин, ҷонибҳо масъалаҳои афзоиши содироти ғалладона, шакар, гӯшт ва ҳамкориҳои логистикиро баррасӣ намуданд.

Коркарди офтобпараст ва логистика: дурнамоҳои нави ҳамкории Қазоқистон ва Тоҷикистон

«Дар доираи созишномаҳои соли гузашта дар сатҳи олӣ, Қазоқистон ва Тоҷикистон ба сатҳи нави ҳамкории иқтисодӣ мебароянд. Яке аз натиҷаҳои назаррас таҳияи созишнома оид ба таъсиси корхонаи муштарак дар ҳудуди Қазоқистон барои коркарди тухми офтобпараст мебошад», – изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин пас аз мулоқот бо муовини сарвазир – вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеу, ки 12 феврал дар Остона баргузор шуд.
Сироҷиддин Муҳриддин
Сурат: Kazinform

Тавре ки Kazinform иттилоъ медиҳад, дар назар аст, ки равғани растании коркардшуда ба Тоҷикистон содир карда шавад, ки ин натанҳо робитаҳои тиҷоратии байни кишварҳоро таҳким мебахшад, балки ҳаҷми иловагии маводи ғизоии босифатро барои бозори Тоҷикистон таъмин мекунад.

Таъсиси корхонаи нав ба стратегияи тавсеаи ҳамкориҳои саноатӣ ва таҳкими шарикии агросаноатӣ байни ду кишвар мутобиқат мекунад.

Ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ҳамоно самти калидии ҳамкориҳои дуҷониба боқӣ мемонад. Дар соли 2024 дар Қазоқистон намоишгоҳҳои махсуси маҳсулоти Тоҷикистон дар шаҳрҳои Остона, Павлодар, Чимкент, Кокшетау ва Қостанай баргузор шуданд. Ин чорабиниҳо ба афзоиши содироти маҳсулоти Тоҷикистон, аз ҷумла мева, сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намуданд.

Дар навбати худ, дар Тоҷикистон корҳо барои таъсиси маркази муштараки логистикӣ идома доранд, ки ба омодасозии маҳсулоти кишоварзӣ барои содирот машғул хоҳад шуд.

Ҳамкорӣ дар бахши сармоягузорӣ байни кишварҳо низ дар ҳоли рушди босуръат аст.

Айни замон, дар Тоҷикистон тақрибан 100 ширкати Қазоқистон дар соҳаҳои гуногуни иқтисод фаъолият доранд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахши сармоягузорӣ ва дастгирии фаъолияти ширкатҳои Қазоқистон тасдиқ карданд.

Қазоқистон воридкунандаи асосии зироати ғалладона ва равған ба Тоҷикистон

Дар мулоқоти вазири кишоварзии Қазоқистон Айдарбек Сапаров бо директори Агентии захираҳои давлатии моддии назди ҳукумати Тоҷикистон Нурмаҳмад Аҳмадзода ба афзоиши содироти зироати ғалладона ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Дар ин бора Dairy News бо истинод ба хадамоти матбуоти ҶСК ««НК Продкорпорация Казахстана» хабар медиҳад.

Соли 2024 Қазоқистон ба Тоҷикистон тақрибан 1,3 млн тонна зироати ғалладона содирот намуд, ки 633 ҳазор тоннаи онро ҳосили нави сол ташкил медиҳад. Ин рақам 57% бештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Бо мақсади таъмини интиқоли устувор ва бемамониати ғалла ба Тоҷикистон, ҶСК «НК Продкорпорация» ба шарикони тоҷикистонӣ пешниҳод кард, ки ба бахши кишоварзии Қазоқистон сармоягузорӣ намоянд.

Ин ташаббус ба деҳқонони маҳаллӣ имкон медиҳад, ки зироатҳоро мутобиқ ба талаботи харидорони тоҷикистонӣ ва дар ҳаҷми зарурӣ парвариш намоянд.

Аз ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати афзоиши воридоти шакар, равғани растанӣ ва гӯшт таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Дар посух вазири Қазоқистон омодагии кишварашро барои дастгирӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ дар ин самт таъкид намуд.

Бино ба маълумоти коршиносон, ҳаҷми солонаи воридоти равғанҳои растанӣ ба Тоҷикистон 170–180 млн доллар арзёбӣ мешавад. Воридоти ин маҳсулот асосан аз Қазоқистон ва Русия сурат мегирад.

Дар байни намудҳои серталабтарин равғанҳои офтобпараст, сафлори, пахта, лӯбиё, рапс ва маргарин ҷой доранд.

Нархи миёнаи як килограмм равғани воридотӣ аз 1,1 то 1,6 доллар мебошад. Бо назардошти афзоиши талабот ба ин маҳсулот, Қазоқистон метавонад дар бозори Тоҷикистон мавқеи боз ҳам устувортар касб намуда, барои интиқол шароити рақобатпазир пешниҳод кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.