Рӯзҳои 12-13 феврали соли равон бо даъвати вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ин кишвар сафари расмӣ анҷом дод.
Тавре ки ВКХ-и ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар рафти сафар музокироти вазирони корҳои хориҷӣ дар сиғаи маҳдуд ва васеъ роҷеъ ба вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Русия дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин оид ба маосили амният муфассал муҳокима гардиданд.
Ба иқдомоти ҷонибҳо ҷиҳати иҷрои пурраи тавофуқоте, ки дар зимни музокироти сатҳи олӣ 24 декабри соли 2024 дар вилояти Ленинград ҳосил шуда буд, таваҷҷухи хоса зоҳир шуда, мавзуи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи муҳоҷират бо тамаркуз ба зарурати риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, муфассал баррасӣ гардид.
Зимни музокирот дастгирии мутақобила дар пешбурди ташаббусҳои Тоҷикистону Русия дар доираи СММ, СҲШ, ИДМ, СААД ва дигар абзорҳои бисёрҷониба тасдиқ гардид.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345771/photo_2025-02-13_16-35-43-e1739446847123-750x375.jpg)
Нуктаҳои асосӣ аз суханронии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин:
Иттифоқчигии кишварҳои мо бо гузашти вақт собит шудааст. Мо муносибатҳои боэътимоди байни Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмонро қадр мекунем.
Рушди ҳамкориҳо байни Русия ва Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират хубанд, аммо ҳоло ҳам ҳамоҳангии бештарро талаб мекунанд.
Масъалаҳои соҳаи амният ва ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия мавқеи калидӣ доранд, хусусан дар пасманзари рӯйдодҳо дар Афғонистон.
Тоҷикистон ният дорад, ки муносибатҳои худро бо Русия ҳамаҷониба густариш диҳад.
Нуктаҳои асосӣ аз суханронии вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров:
Тавре ки ВКХ Русия хабар медиҳад, Русия мавқеи муътадил ва воқеии Тоҷикистонро нисбат ба масоили Украина қадр мекунад.
Маскав аз Тоҷикистон барои муносибати эҳтиёткоронаи хотираи Ҷанги Бузурги Ватанӣ сипосгузор аст. Ҳайатҳои низомии кишварҳои узви СААД дар Гузашти (Паради) Ғалаба иштирок хоҳанд кард.
Русия бузургтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон мебошад ва аз рӯи ҳаҷми сармоягузорӣ ба ҷумҳурӣ дар ҷойи дуюм қарор дорад.
Маскав барои дастгирии ташаббусҳо оид ба тавсеаи дастрасии таҳсилот бо забони русӣ дар Тоҷикистон сипосгузор аст.
Бо дастури сарони ҳарду кишвар дар Душанбе Марказ барои кӯдакони боистеъдод ва бинои нави Театри драмавии русии ба номи Маяковский бунёд хоҳад шуд.
Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Русия ва Тоҷикистон 15% афзоиш ёфта, аз рӯйи натиҷаҳои соли 2024, ба 1,9 млрд доллар расидааст.
Боз чиҳо гуфта шуд?
Тавре ки ТАСС хабар медиҳад, дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот Сергей Лавров таъкид кард, ки ҳиссаи Русия дар гардиши молу маҳсулоти Тоҷикистон беш аз 20%-ро ташкил дода, сарфи назар аз фишорҳои вобаста ба таҳримҳо, ҳамоно афзоиш меёбад,.
То соли 2030, кишварҳо ният доранд, ки ҳаҷми муомилоти молу маҳсулотро 2,5 маротиба зиёд кунанд.
"Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳиссаи мо дар савдои хориҷии ҷумҳурӣ зиёда аз 20% -ро ташкил медиҳад. Русия яке аз сармоягузорони пешсафи иқтисоди Тоҷикистон аст, агар дақиқтар гӯем, аз ин лиҳоз дар ҷойи дуюм қарор дорад, - зикр кард Лавров. - Бо вуҷуди таҳримҳои ғайриқонунии Ғарби дастаҷамъӣ, ки онҳоро ҳамчун василаи аз байн бурдани рақобат истифода мебаранд, муносибатҳои дуҷонибаи мо дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика ва технологияҳои баланд дар ҳоли рушд қарор доранд".
Лавров илова намуд, ки амалисозии барномаи ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон барои солҳои 2024-2027, ки моҳи октябри соли гузашта имзо шудааст, бояд ба амиқтар шудани ҳамгироӣ байни ду кишвар мусоидат намояд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345771/Sirochiddin-Muhriddin-va-Sergej-Lavrov-4.jpg)
"Мақомоти дахлдори мо ҷиҳати афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷониба нақшаи чорабиниҳо таҳия кардаанд. Ҳадаф ин аст, ки то соли 2030 гардиши молу маҳсулотро 2,5 маротиба зиёд кунем. Имрӯз мо қадамҳои мушаххасеро муҳокима кардем, ки барои ноил шудан ба ин ҳадаф кумак хоҳанд кард," — гуфт Лавров.
Дар ҷараёни гуфтушунид ба масоили марбут ба бахши таъмини амният таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Вазири корҳои хориҷии Русия таъкид кард, ки Маскав ва Душанбе ният доранд, ки ҳамкориро дар самти мубориза бо терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва амнияти иттилоотӣ тақвият диҳанд.
Дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ Русия омода аст, ки мувофиқи қарордодҳои қаблан ҳосилшуда, ба навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мусоидат кунад.
Ғайр аз ин, ду кишвар ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон тадбирҳо рӯйи даст мегиранд.
Яке аз мавзӯъҳои муҳими музокирот ҳамкориҳо дар доираи ИДМ буд. Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, Тоҷикистон, ки дар соли 2025 раёсати ИДМ-ро бар дӯш мегирад, ният дорад барои таҳкими нуфузи ИДМ ва тавсеаи ҳамкориҳои он бо созмонҳои байналмилалӣ чораҳои зарурӣ андешад.
Вазирони корҳои хориҷӣ ҳамчунин масоили ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангро баррасӣ карданд.
"Мо ният дорем, ки моҳи июни соли ҷорӣ Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистонро дар Русия баргузор кунем. Он як силсила чорабиниҳои фарҳангиро дар бар гирифта, бо дастгирии ҷониби Русия дар Маскав ва Қазон баргузор хоҳад шуд", - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Сироҷиддин Муҳриддин, дар посух ба саволҳои рӯзноманигорон пас аз мулоқот бо Сергей Лавров, таъкид кардааст, ки Русия ва Тоҷикистон бояд дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамкории мушаххастарро ба роҳ монанд.
"Мо чорабиниҳое, ки дар Русия барои ба тартиб даровардани низоми муҳоҷират гузаронида мешаванд, зери шубҳа намегузорем. Аммо онҳо набояд дар ҷомеа ва фазои иттилоотӣ изтироб эҷод кунанд", - гуфтааст Сирҷиддин Муҳриддин (иқтибос аз Sputnik Тоҷикистон).
Ҳамзамон, ӯ аз афзоиши эҳсосоти зидди муҳоҷират изҳори нигаронӣ кард, ки аз ҷониби шахсони алоҳида, аз ҷумла баъзе сиёсатмадорон, қонунгузорон, шахсони ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма ташвиқ карда мешаванд.
Имсол раёсат дар ИДМ ба Тоҷикистон гузашт. Русия омода аст ба ҳамтоёни тоҷикистонӣ дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои Иттиҳод кумак расонад. Зеро, тавре Лавров таъкид кард, муносибатҳои байни кишварҳои мо ҳамеша аз шарикии оддӣ фаротар будаанд.
Аз рӯйи натиҷаи гуфтушунидҳо вазирон Барномаи ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия барои солҳои 2025-2026 ва Протоколи иловагии №2 ба Созишнома байни ҳукуматҳои ду кишвар оид ба шароити ҷойгиршавӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар Русия ва Русия дар Тоҷикистон аз 16 апрели соли 1999-ро имзо намуданд.