Аз Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи тафсилоти тарконидани мошини Салим Сайвализода, раиси ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб гуфтанд, ки ҷинояткорон “бо мақсади тарсонидани мардум” махсус раиси ҳизбро интихоб кардаанд.

Ҷумъаназар Саидаҳмадзода, сардори Раёсати муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар Додситонии кулли кишвар имрӯз, 14-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки “ҳодисаи тарконидани мошини Салим Сайвализодаро Бахтиёр Маҷидзода ва нуҳ нафар ҳамаслакони ӯ содир кардаанд”.

Қаблан, гуфта мешуд, ки 9 нафар дар пайванд ба ин ҳодиса аз 5 сол то ҳукми абад маҳкум шуданд. Вале Ҷумъаназар Саидаҳмадзода ба ғайр аз Бахтиёр Маҷидзода боз "9 нафар ҳаммаслакони ӯ" гуфт, ки дар маҷмуъ 10 нафар мешавад. Як нафари дигар кӣ аст маълум нест. Ва ё ин масъули додситонӣ, иштибоҳан "Бахтиёр Маҷидзода ва нуҳ нафар ҳамаслакони ӯ" гуфтааст.

“Яке аз аломатҳои ҷинояти терористӣ он аст, ки миёни мардум даҳшату воҳимаву тарсро ба вуҷуд биёрад. Аз нигоҳи терористон амали терористӣ нисбати шахсони маъруф, бонуфуз ё дигар мансабдорони воломақом содир шавад, барои онҳо болотару авлотар аст. Бинобар ин Сайвализодаро дар шаҳри Кӯлоб интихоб карданд ва нисбаташ амалӣ терористӣ анҷом доданд”,-гуфт Ҷумъаназар Саидаҳмадзода.
Ҷумъаназар Саидаҳмадзода, сардори Раёсати муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар Додситонии кулли кишвар (аз рост)
Asia-Plus

Ин масъули додситонӣ зикр кард, ки дар баробари ин, "дигар ҷиноятҳои содиркардаи ин гуруҳи муташаккили терористӣ ошкор карда шуд, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд ва бо ҳукми суд ба муҳлатҳои гуногун маҳкум шуданд".

Ба иттилои ӯ “боз чанд нафари дигари ин гуруҳ дар ҷустуҷуи расмӣ қарор доранд”. Теъдоди ин нафарон маълум нест.

Қаблан Радиои Озодӣ аз қавли Ҳамзаалӣ Мусофиров, додситони минтақаи Кӯлоб навишт, ки ба нуҳ гумонбар дар тарконидани мошини Салим Сайвализода, аз панҷ сол то ҳабси абад ҳукм дода шудааст.

Ба иттилои Додситони минтақаи Кӯлоб, дар пайванди ба ин ҳодиса дар курсии айбдорӣ Бахтиёр Маҷидзода, Наврӯзҷон Одинаев, Қурбоналӣ Воҳидов, Аслам Олтиев, Акмал Шерматов, Саидмаҳмуд Шоев, Ҳоким Имомов, Насим Ашӯров ва Холисамо Раҳимова нишаста, нисбаташон ҳукм содир шудааст.

Мақомот Бахтиёр Маҷидзодаро раҳбари гурӯҳ меноманд, ки ба ҳукми абад маҳкум шудааст. Аслам Олтиев, бародари ӯ низ ҳукми абад гирифтааст.

Ҳукми камтаринро дар ин парванда Холисамо Раҳимова, ҳамсари Бахтиёр Маҷидзода, гирифтааст. Ӯро ба дӯхтани парчами ДОИШ ва хабар надодан аз ҷиноят гунаҳкор донистанд. Холисамо Раҳимова бинобар тифл доштан "муваққатан дар озодӣ қарор дорад".

Дар ҳамин ҳол, назари наздикони маҳкумшудаҳо низ ба ҳукми додгоҳ ҳанӯз дастрас нест.

Ин парванда аз сӯи муфаттишони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таҳқиқ ва ба Додгоҳи Хатлон фиристода шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5-уми январи соли 2024 дар деҳаи Тӯдакафш мошини хидматии Салим Сайвализода дар назди хонааш таркида, дар натиҷа ӯ ҷароҳат бардошт. Мақомот аз маҳалли ҳодиса “боқимондаи маводи худсохти тарканда”-ро пайдо кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.