Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон нисбати як корманди Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон бо гумони қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ӯ ба гирифтани 20 ҳазор доллар аз як шаҳрванд барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани як шахс гумонбар мешавад.
Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубороиза бо коррупсия аз ин нафар Назаров Ф.З, ваколатдори оперативии шуъбачаи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб ном бурдааст.
Манбаъ гуфтааст, ин корманди Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон “бо истифода аз мақоми хидматӣ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Х.М. даромада, аз номбурда бо баҳонаи қатъ кардан ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани бародараш М.К., ки парвандаи ҷиноятии ӯ дар истеҳсолоти кормандони ШВКД дар ноҳияи Хуросон мавриди тафтиши пешакӣ қарор дошт, маблағи умумии 20 000 доллари ИМА-ро талаб карда гирифтааст”.
Ба гуфтаи манбаъ, ин корманди ҳифзи ҳуқуқ баъди гирифтани маблағ ба манфиати шаҳрванд ягон кор анҷом надодааст.
Дар ҳамин ҳол Оҷонсии зиддифасод нагуфтааст, ки Назаров Ф.З боздошт шудааст, ё не. Ҳамчунин, маълум нест, ки худи ӯ дар робита ба ин ҳодиса чӣ назар дорад.
Мақомот мегӯянд, алайҳи ӯ бо иттиҳоми “қаллобӣ” (моддаи 247, қисми 4, банди “б” КҶ) парванда оғоз гардида, пас аз тафтишоти пешакӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Ин банди қонунгузорӣ ҷазо дар намуди ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 12 солро пешбинӣ мекунад.
Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мизи ҳарбӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир мешаванд.
Ба иттилои Оҷонсии зиддифасод давоми соли 2024-ум 2 ҳазору 323 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шудааст, ки аз ин шумора таҳқиқи 728 парванда анҷом ёфта, ба додгоҳ ирсол гардидааст.
Бояд гуфт, ки тибқи гузориши Созмони байнулмилалии Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал) дар бораи вазъи марбут ба коррупсия дар ҷаҳон Тоҷикистон дар ин шохис (индекс)-и нави дарки (қабули) коррупсия бо 20 имтиёз байни 180 кишвар зинаи 162-юмро ишғол кардааст. Мувоффиқи ин гузориш сатҳи қабули коррупсия дар Тоҷикистон ҳамсон бо Афғонистон будааст.





Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста