Дар ҷашни байналмилалии Наврӯз дар саросари ҷумҳурӣ фақат як рӯз интиқоли барқ қатъ намешавад. Дар ин бора Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 21-уми март дар тамоми кишвар барқ таъмин мешавад ва дар дигар рӯзҳои наврӯзӣ маҳдудият ё худ “лимит” боқӣ мемонад.
“Ҳоло дар обанбори Норак об ба миқдори лозима ҷамъ нашудааст, аз ин рӯ, дар ҳама рӯзҳои ҷашни Наврӯз маҳдудияти интиқоли барқ боқӣ мемонад”, - шарҳ дод ҳамсӯҳбати мо.
Сухангӯи “Барқи тоҷик” афзуд, ки ҳоло дар мувофиқа бо ҳукумати ҷумҳурӣ реҷаи таъмини барқ ба аҳолӣ бозбинӣ шуда истодааст ва интизор меравад, ки дар оянда соатҳои интиқоли нерӯи барқ бештар шавад.
Ба гуфтаи масълулин, ҳоло сокинон дар як шабонарӯз 8 соат барқ бояд гиранд: субҳ аз соати 3:30 то 7:30 ва шом аз соати 17:00 то 21:30. Дар ҳамин ҳол, аҳолӣ аз риоят нашудани ин реҷаи тасдиқшуда шикоят доранд.
Ғайр аз ин, сухангӯи “Барқи тоҷик” гуфт, ки дар рӯзи иди Рамазон ҳам дар саросари ҷумҳурӣ барқ таъмин мешавад. Рӯзи иди Рамазонро Шӯрои уламои Тоҷикистон муайян мекунад.
Аммо, ба гуфтаи масъулин, то ҳол маълум нест, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар саросари кишвар кай барҳам дода мешавад.
Дар Тоҷикистон ҳамасола аз моҳи октябр то апрел маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Солҳои пеш “Барқи тоҷик” вуҷуди “лимит”-и барқро дар рӯзҳои аввал эътироф намекард, аммо баъди оғози фасли зимистон, шикояти сокинон ва интиқоди раиси ҷумҳур ҳамакнун аз оғози маҳдудияти интиқоли барқ ба сокинон расман хабар медиҳад.
Соли гузашта аз 22-юми сентябр дар Тоҷикистон маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шуд. Ширкати “Барқи тоҷик” мушкилро ба камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ унвон карда буд.
Қаблан масъулини Вазорати энергетикаи кишвар ва “Барқи тоҷик” гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам гуфт, ки соли 2027 мушкили барқ пурра бартараф мешавад.
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо
Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод
Аз Чилдухтарону Осорхонаи Восеъ то оромгоҳи Ҳазрати Султон. Маконҳои сайёҳиву таърихии минтақаи Кӯлоб, ки ҳатман бояд дид
“Ба ватан баргаштем, аммо ҷуброни зарар мехоҳем”. Чанде аз зоирони дар Арабистони Саудӣ дармонда ба Тоҷикистон баргаштаанд
Мақомоти Эрон сабаби таркиш дар бандари “Шаҳид Раҷоӣ”, ки боиси ҳалокати 70 кас шуд, гуфтанд
Қирғизистон марзи худ бо Тоҷикистонро симхор мекашад
“Олам - гулистон”. Омори ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?
Оби Осиёи Марказӣ. Сокинони минтақаро чӣ интизор хоҳад буд?
КҲФ аз омадани тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон огоҳ мекунад
Футзалбозонеро, ки аз бозӣ дар тими мунтахаб даст мекашанд, чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста