Олим Бобоев, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва шашмақомсарои шаҳири тоҷик, агар умр вафо мекард, имрӯз 67-солагии худро таҷлил мекард. Ба муносибати мавлудаш мо нигоҳе ба корномаи мавсуф афкандем.
Олим Бобоев 18-уми марти соли 1958 дар шаҳри Панҷакент, дар оилаи Искандари Танбӯрӣ, ки худ аз ҳунармандони маъруфи мусиқии суннатӣ буд, ба дунё омадааст. Манбаи асосии маҳорати мусиқии ӯ оилаи ҳунарвараш буд, ки дар он мусиқӣ ва санъат ҷузъи ҳаёти ҳаррӯза ба шумор мерафт.
Бобоев соли 1986 Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм карда, баъдан дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолияти ҳунарии худро оғоз намуд.
“Бозёфти нодир дар шашмақомсароӣ”
Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаи халқии СССР ва Тоҷикистон, мегӯяд, ки Олим Бобоев “дар санъати шашмақомсароӣ бозёфти нодир буд”.
Ӯ иброз медорад, ки Олим Бобоев бо дастгирии шаҳрдори пешини Душанбе Мақсуд Икромов ба Душанбе омад, азбаски дар фазои мусиқӣ ба камол расида буд ва аз нозукиҳои шашмақом огоҳӣ дошт, дар пойтахт зуд мақоми худро ёфт.
“Олимҷон бисёр овози қавӣ дошт ва бе баландгӯ ҳам дар толорҳои бузург сароида метавонист. Бо ҳама қоидаҳои пардаҳои мақом оҳанг месохт. Аз самими дил ҳам мехонд”, - таъкид мекунад Муродов.
Ҷӯрабек Муродов мегӯяд, ки Олим Бобоев шашмақомро бо лаҳни хоразмӣ месуруд, ки аз ин бархеҳо эрод мегиранд: “Шашмақоми асили тоҷикӣ дар Бухоро ба вуҷуд омада бошад, дар Хоразм рушд кард. Ин тавр ҷудо кардан мумкин нест, ҳамааш лаҳни тоҷикӣ, мусиқии тоҷикӣ аст ва Олимҷон лаҳну овози хуби шашмақомхонӣ дошт”.

“Назди ҳеҷ кас сар хам намекард”
Шаҳобиддини Ҳақназар, мусиқишиноси мумтоз ва яке аз дӯстони овозхон мегӯяд, ки Олим Бобоев “ҳаргиз талош накард худро намоиш диҳад, зеро дилаш аз худаш, аз ҳунараш пур буд”.
Ӯ бо ишора аз қолабшиканиву саркашиҳои Олим Бобоев мегӯяд, ки “ба қадри истеъдоду ҳунари худаш мерасид, санъату мусиқиро хор намекард, назди ҳеҷ кас сар хам намекард”.
“Овози қавӣ, табиати нотакрор, ғурури баланд ва истеъдоди фавқулода ҷиҳатҳои фарқкунандаи ӯ буд. Ҳаргиз аз кори худ қонеъ намешуд”, - мегӯяд Шаҳобиддини Ҳақназар.
Мехост Шашмақом ирфонӣ бошад
Воқеан, Олим Бобоев аз шеваи иҷрои асари классикии мусиқии тоҷик қонеъ набуд ва бовар дошт, ки дар ҳоли дуруст суруда шуданаш, Шашмақом метавонад ба мусиқии ирфонӣ табдил ёбад, ки тамоми Ғарбро фаро гирад.
Ин андешаи овозхон заминаи худро дошт, зеро солҳои 1980-ум ӯ ба ҷашнвораҳои мусиқии этникӣ дар Порис даъват шуд ва баъд аз он ҷашнвора, бо дархости мусиқидонони фаронсавӣ, се моҳ дар Фаронса монд.
Дар ин муддат Олим Бобоев дар Консерваторияи олии мусиқӣ ва рақси Порис, ки яке аз машҳуртарин муассисаҳои таълимии мусиқӣ дар Аврупо ба шумор меравад, аз мусиқии суннатии тоҷикӣ - Шашмақом дарс дод.

Бар пояи ин диду водидҳояш, ба қавли дӯстону наздиконаш, Олим Бобоев мехост, ки шашмақомро ба мусиқии ирфонӣ табдил диҳад. Дар ин замина ба оҳангҳояш аксаран матнҳои ирфоние аз Бедил, Мавлоно, Сайидо ва Ҳофиз интихоб мекард.
“Дар шеърҳо ҳам “ман” мекофт”
Ба гуфтаи Шаҳобиддини Ҳақназар, Олим Бобоев ғурур ва эътимод ба худ дошт ва ин паҳлӯи шахсияташ дар таронаҳояш ҳам инъикос ёфта буд. Ӯ шеърҳоеро интихоб мекард, ки “ман”-и худро дар он ёбад. Аз ҷумла, ин шеъри устод Лоиқ дардхӯри рӯзгору зиндагии Олим Бобоев буд:
Справка по теме
Олим Бобоев 18.03.1958 дар Панҷакент таваллуд шудааст. Соли 1986 Донишкадаи ҳунарҳои зеборо хатм карда, дар Филармонияи давлатӣ ба кор оғоз кард. Аз аввали солҳои 1990 то 2006 дар вазифаҳои гуногун дар Панҷакент ва солҳои 2006-2008 дар Ансамбли шашмақоми Кумитаи ТВ ва радио фаъолият намуд. Дорандаи унвони “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанг”, гирандаи ҷоизаи фестивали “Зарбҳои шарқ” (Австрия, соли 1988), “Таронаҳои халқҳои ҷаҳон” (Тунис, 1991), фестивали “Мусиқии шарқ” (Фаронса, 1999) ва дорандаи ҷоизаи байналмилалии “Таронаҳои шарқ” (Ӯзбекистон, 1999) мебошад. Ӯ соли 2012 аз олам чашм пӯшид ва ҳоло Кохи фарҳанги Панҷакент ба номи Олим Бобоев гузошта шудааст.
Ман он коҳам, ки кӯҳеро зи беху бун барандозад,
Наӣ чун ҳамтарозуям, сабуксорӣ макун бо ман.
Ӯ дар авҷи шӯҳраташ, бо сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, тарки Душанбе кард ва қариб 15 сол дур аз саҳнаи бузург дар Панҷакент умр ба сар бурд.
Соли 2006 Олим Бобоев бо силсилаи нави таронаҳояш дигарбора ба фазои ҳунарии кишвар баргашт ва чандин сурудҳои Шашмақомро ҳамроҳи як оркестри муҷаҳҳази симфонӣ иҷро ва сабт кард. Вале соли 2008 боз ба зодгоҳаш баргашт.
Шаҳобиддини Ҳақназар мегӯяд, ки “дар кадом шаҳр зистану умр ба сар бурдан барои ҳунарманд бисёр муҳим аст. Душанбе майдони ҳунари ӯ буд. Вале хешро наёфт...”.
“Олим Бобоев сабку услуби худро дошт. Дар зиндагӣ шахсони соҳибистеъдод бештар танҳо мемонанд, ба муроди дили худ кору фаъолият карда наметавонанд. Бо истеъдоди бузург дар замони худ намеғунҷанд. Барои онҳо майдони васеъу минбари баланд намерасад. Олим чунин шахсе буд...”, - мегӯяд Шаҳобиддини Ҳақназар.
Олим Бобоев рӯзи 8-уми феврали соли 2012 дар 54-солагӣ бар асари бемории ҷигар дар шаҳри Душанбе аз ҷаҳон чашм пӯшид ва дар яке аз оромгоҳҳои шаҳри Панҷакент ба хок супорида шуд.
Ҷӯрабек Муродов мегӯяд, ки “ҳама аз ин ҷаҳон мераванд, ҳеҷ кас боқӣ монданӣ нест, вале ман бовар дорам, ки садои қавиву мероси ҳунарии Олим Бобоев ному ёди ӯро зинда нигоҳ хоҳад дошт”.
Худи Олим Бобоев ҳам месуруд:
То даме, ки Тоҷикистон ҳасту халқи тоҷик аст,
Дар китоби ӯ чу як ҳарфи алифбо зиндаям!
Ба оилаҳои камбизоат чӣ қадар кумакпӯлӣ дода мешавад?
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати як корманди Раёсати ВКД дар Хатлон барои гирифтани $20 ҳазор пора
Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин иҷлосияи парлумони нав ширкат мекунад
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Душанбе чӣ гуна таҷлил мешавад?
Вакилон дар охирин иҷлосияи даъвати шашуми парлумон созишномаи марзӣ бо Қирғизистонро ба тасвиб расониданд
Қосим Бекмуҳаммад: "Душанбеву Бишкек ҳалли мушкили марзиро бидуни дахолати ҷониби сеюм афзал донистанд ва ба муваффақият ноил шуданд"
Исроил бомбборони Ғаззаро аз сар гирифт. Расонаҳо аз куштори садҳо нафар хабар медиҳанд
Сарбозони тоҷик дар гузашти низомии 80-солагии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд
Роҳандозии реҷаи онлайни табодули маълумот дар бораи ҷинояткорон байни Русия ва Тоҷикистон
“Танҳо як рӯз”. Дар ҷашни Наврӯз сокинон бо барқ таъмин хоҳанд буд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста