Созмони байнулмилалии Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал) дар бораи вазъи марбут ба коррупсия дар ҷаҳон дар соли 2023 гузориш нашр кард. Дар Шохис (Индекс)-и нави дарки (қабули) коррупсия Тоҷикистон бо 20 имтиёз байни 180 кишвар зинаи 162-юмро ишғол кардааст.
Сатҳи қабули коррупсия дар Тоҷикистон ҳамсон бо Афғонистон буда, ин кишвар ҳам 20 имтиёз гирифтааст: онҳо ҳамроҳи давлатҳое чун Бурунди, Чад, Ҷазираҳои Комор, Конго, Мянма ва Судон дар ҷойи 162-юм қарор доранд.
Каме болотар Қирғизистон ва Русия қарор доранд, ки 26-имтиёзӣ гирифтаанл ва ҳамроҳ дар мақоми 141-ум дар ҷаҳон ҷой гирифтаанд.
Нишондиҳандаҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон каме беҳтар шуда, мутаносибан зинаҳои 121 ва 93-юмро касб кардаанд.
Зинаи аввалро бо 90 имтиёз Дания ишғол намуда,ба сегонаи аввал Финландия (87 имтиёз) ва Зеландияи Нав (85) шомиланд. Дар зинаҳои баъдӣ Норвегия (84), Сингапур (83) ва Шветсия (82) қарор доранд.
Нишондиҳандаҳои бадтарин дар Сомали (11 имтиёз), Венесуэла ва Сурия (13-имтиёзӣ) зикр шудааст.
Кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ аз лиҳози дарки фасод дар сафи минтақаҳои душвортарин боқӣ мондаанд. Муаллифони радабандӣ навиштаанд, ки дар пасманзари мавҷуд набудани волоияти қонун, афзоиши худкомагӣ (авторитаризм) ва коррупсияи доимӣ, имтиёзи миёна дар минтақа 35 баллро ташкил дода, дар сатҳи соли 2022 боқӣ мондааст.
Гузориш 30 январ ба нашр расида, дар он кишварҳо аз рӯи ҷадвали аз 0 то 100 имтиёз баҳогузорӣ мешаванд. Нишондиҳандаи “сифр” (0) сатҳи баландтарини ришвахорӣ ва “сад” (100) мизони пасттаринни коррупсия ё худ ҷой надоштани коррупсияро нишон медиҳад.
Тоҷикистон 20 имтиёз гирифтааст, ки 4 имтиёз камтар нисбат ба солҳои 2021-2022 ва 5 имтиёз камтар нисбат ба соли 2019 аст.
Шохис (Индекс)-и дарки коррупсияро дар 180 кишвар арзёбӣ мекунанд. Назарпурсӣ дар доираҳои корӣ ва миёни мутахассисону коршиносон аз ҷумлаи асосҳои таҳқиқот мешавад.
Дар Гузориш зикр мегардад, ки мақомоти кишвар барои решакан кардани фасод ислоҳоти лозимро анҷом намедиҳанд ва кори додгоҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ношаффоф боқӣ мемонад.
Transparency International дар тавсияҳои худ ба Тоҷикистон таъкид мекунад, ки мақомот бояд волоияти қонунро таъмин карда, аз монополияи қудрат пешгирӣ намоянд.
Transparency International зимни таҳияи Шохиси дарки фасод дар кишварҳо аз меъёрҳое, чун ришвахорӣ, тасарруфи ғайриқонунӣ ва дуздии маблағҳои давлатӣ ва суиистифода аз имконоти ниҳодҳои давлатӣ ба ҳадафҳои хусусӣ истифода мекунад. Ҳамчунин ваколатҳои ҳукумат дар мубориза бо фасод, таъини мансабҳо аз рӯи хешутаборӣ, қабули қонунҳое, ки дороиҳо ва маблағҳои давлатиро ифшо мекунанд, ҳифзи сокиноне, ки аз фасодкорӣ хабар медиҳанд, дастрасӣ ба иттилоот ва ғайра зикр шудааст.
Чаро бонкҳои кишвар асъори хориҷии каме нуқсондоштаро қабул намекунанд?
Бастрикин эътироф кард, ки 20 ҳазор муҳоҷири шаҳрвандии Русияро гирифта ба ҷанг фиристода шудаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 2
Мансабдори тоҷик кӯҳҳоро монеъаи асосӣ барои интернети хушсифат номид
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2025
“Фарёдҳо, афсӯсҳо аз марги созу сӯзҳо!”. Дарди миллӣ, бонги бедорӣ ва мавқеъгирии Лоиқ Шералӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ
Боз як қоидаи нав барои сафар ба Русия. Сабтиноми ҳатмӣ дар замимаи “Госуслуги RuID”
“Имдодхоҳии кӯдаконро шунида, худро ба хонаи оташгирифта задам”. Саидвалӣ Шарифов - муҳоҷири тоҷике, ки се кӯдаки русро аз сӯхтор наҷот дод, кист?
Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ
Фалсафаи маргу зиндагӣ ва дифои миллату забон. Ёде аз Лоиқ Шералӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста