Тақдими шаҳодатномаи манзил ба оилаи як оилаи зодаи Тоҷикистон Муҳиддин Холзода, ки шаҳрвандии Русияро ҳам дорад, дар шаҳри Нижнекамски Тотористон баҳси тундро дар шабакаҳои иҷтимоии русӣ ба миён овардааст. Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани ин амалро таҳқиқ кунад. Ин дастикам сеюмин қазияи чолишдори додани хона ба оилаҳои муҳоҷири тоҷик дар Русия аст.
Рамил Муллин, шаҳрдори Нижнекамск рӯзи 3-юми март дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" хабари тақдими шаҳодатномаи манзилро ба оилаи Холзода нашр кард. Ин хабар дар саҳифаи расмии шаҳрдорӣ низ бознашр шуд, ки дар зери он шарҳҳои танқидӣ ва норозигии сокинони маҳаллӣ пайдо шуданд.
Ба иттилои шаҳрдории Нижнекамск, оилаи Холзода, ки 4 фарзандро тарбия мекунанд, ин хонаро дар навбати худ дар доираи барномаи федералии “Таъмини манзил барои оилаҳои ҷавон” гирифтаанд. Ҳамаи аъзоёни ин оила шаҳрвандии Русияро доранд ва ҳамчун ниёзманд ба қайд гирифта шудаанд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мақомотро ба табъиз нисбати сокинони маҳаллӣ ва бартарӣ додан ба оилаҳои муҳоҷир айбдор кардаанд. Баъзе аз шарҳгузорон ба ҳодисаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл", ки дар содир кардани он чанд шаҳрванди Тоҷикистон айбдор дониста мешаванд, ишора карданд.
Дар пайи ин, Александр Бастрыкин, сардори Кумитаи тафтишотии Русия дастур додааст, ки раванди тақдими манзил ба оилаи муҳоҷири тоҷикро санҷида, дар бораи натиҷаҳои он гузориш диҳанд.

Дар изҳороти Кумитаи тафтишотӣ омадааст, ки шаҳрвандон дар амалҳои маъмурияти Нижнекамск “ҷузъҳои коррупсионӣ” мебинанд, дар ҳоле, ки сокинони маҳаллӣ солҳо интизори гирифтани хона ҳастанд.
Аммо мақомоти Нижнекамск таъкид мекунанд, ки амали онҳо комилан қонунӣ аст.
Мувофиқи барномаи федералӣ, ҳамаи шаҳрвандони Русия, ки ба меъёрҳои муқарраршуда мувофиқанд (синни то 35-сола, эътирофи расмӣ ҳамчун ниёзманд ба беҳтар кардани шароити манзилӣ ва мавҷудияти даромади кофӣ), метавонанд барои харидани манзил ё сохтмони хонаи инфиродӣ кӯмаки иҷтимоӣ гиранд.
Мавқеи худи Муҳиддин Холзода ва оилаи ӯ маълум нест.
Ин дастикам сеюмин қазияи чолишдори додани хона ба оилаҳои муҳоҷири тоҷик дар Русия мебошад. Моҳи феврали имсол, дар шаҳри Митиши нисбати муовини сардори маъмурияти шаҳр барои додани хона ба оилаи тоҷикистонӣ Таҳмина Самадова ва Рамазон Раҳимов, ки 7 фарзанд доранд, парвандаи ҷиноятӣ оид ба бетаваҷҷуҳӣ оғоз шуда буд.
Ҳамчунин, дар вилояти Свердловск додани сертификати манзилӣ ба Акрам Марсаидов, ки зода Тоҷикистон асту шаҳрвандии Русияро дорад, боиси баҳс гардид.
Дар ҳамаи ин мавридҳо, сокинони маҳаллӣ изҳор доштанд, ки ба муҳоҷирон афзалият дода мешавад, дар ҳоле ки онҳо солҳо дар навбати манзил ҳастанд.
Дар як тадқиқоте, ки дар он дастрасии муҳоҷирон ба манзил дар шаҳри Москва таҳқиқ шудааст, нишон медиҳад, ки муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ дар шаҳри Маскав ба манзилҳо набаробар дастрасӣ доранд.
Ин таҳқиқот собит кардааст, ки муҳоҷирони аз Осиёи Марказӣ, махсусан шаҳрвандони Тоҷикистон, аксар вақт барои манзили истиқоматӣ гирифтан бо монеаҳои зиёде рӯбарӯ мешаванд.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, ин ҳолат боиси маҳдудиятҳои ҷиддии иқтисодӣ ва ҳуқуқии барои гурӯҳҳои гуногуни муҳоҷирон шудааст.
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Манбаъ: Нархи нобудсозии мошинҳо то 16 ҳазор сомонӣ боло меравад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста