Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар соли 2025 ба истифодаи васеи технологияҳои муосир ва ҳуши маснӯӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. “Азия-Плюс” ҳуши маснӯиро барои беҳтар кардани кор дар бахшҳои гуногун - аз ҷумла идораи таҳрир, шуъбаи SMM, маркетинг ва фурӯш - истифода хоҳад кард.

Барои пиёда кардани ин нақша, “Азия-Плюс” Рустам Гуловро, ки яке аз мутахассисони пешбари соҳаи расона ва технологияҳои нав дар Тоҷикистон аст, ба кор ҷалб кардааст.

Умед Бобохонов, директори генералии “Азия-Плюс” мегӯяд, ки ҳуши маснӯӣ барои рушди Гурӯҳи расонаҳо имкониятҳои нав медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ин технология на танҳо барои пайравӣ аз мӯд, балки барои баланд бардоштани самаранокии кор низ истифода мешавад.

“Муҳаррирон ва рӯзноманигорон бо кӯмаки ҳуши маснӯӣ метавонанд мундариҷаи беҳтар таҳия кунанд. Шуъбаи реклама низ метавонад бозорро дақиқтар таҳлил карда, ба шарикон пешниҳодҳои беҳтари маркетингӣ диҳад”, - мегӯяд Бобохонов.

Дар “Азия-Плюс” аллакай корҳо оид ба истифодаи ҳуши маснӯӣ барои коркарди хабарҳо, таҳрир ва тарҷумаи матнҳо, эҷоди мундариҷаи мултимедиявӣ ва таҳлил идома доранд.

Рустам Гулов мегӯяд, ки ҳуши маснӯӣ ҷойгузини кормандон намешавад, вале метавонад воситаи муфиди корӣ бошад.

“Азия-Плюс” аллакай чанд лоиҳаи озмоиширо оғоз кардааст - масалан, ровии виртуалӣ дар маросими “Tarona Music Awards – 2024” сохта шудааст ва рубрикаи нави “Хабарҳои аудиоӣ” дар шабакаҳои иҷтимоӣ санҷида мешавад”, - мисол меорад Рустам Гулов.

Дар оянда “Азия-Плюс” боз ҳам бештар аз имкониятҳои ҳуши маснӯӣ истифода мебарад, то самаранокии кори муҳаррирон, рӯзноманигорон, маркетингҳо ва ҳамкорӣ бо хонандагону шарикони тиҷоратӣ беҳтар шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.