Соли гузашта беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз ҳудуди Русия бозпас фиристода шудаанд. Аз ин 17 ҳазору 800 нафар тавассути фурудгоҳҳои ин кишвар дубора ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд. Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон имрӯз, 14-уми феврал, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Додситони кулли навтаъин дар робита ба ихроҷи бесобиқаи муҳоҷирони тоҷик дар пайи ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус” ва маҳдуд шудани ҳуқуқҳои муҳоҷирон дар Русия изҳори назар кард.
Ӯ гуфт, дар пайи боздошти 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбар дар ин ҳамла “обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ паст гардид” ва вазъи муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар бад шуд.
Ба иттилои додситони кул, “агар қаблан то 1 ҳазор муҳоҷири тоҷик ихроҷ мешуданд, баъди ин ҳодиса, соли гузашта ин рақам ба 30 ҳазор расидааст. Танҳо аз фурудгоҳҳои Русия 17 ҳазору 815 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бозпас гардонида шудааст”.
“Дар Федератсияи Русия баъди ин ҳодиса қонунҳои нав нисбати муҳоҷират қабул шуд, ки ҳуқуқҳои муҳоҷиронро маҳдуд мекунад. Муҳоҷирон бо сабаҳои ночиз ҳатто “поспорт” дуруст нест, муҳлати вурудшавӣ наомадааст, дар кофтуков аст, андозро насупоридааст, ҷаримаро насупоридааст ё дигар сабабҳо бозпас фиристода шудаанд”,-гуфт Ҳабибулло Воҳидзода.
Қаблан, Иматшо Нодирзода, сардори хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки дар 9 моҳи соли 2024 беш аз 600 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз хориҷа ба кишвар баргаштаанд, ки аксарияташон аз Русия мебошанд. Аммо вазир ва зердастонаш дар хусуси чӣ теъдоди онҳо аз Русия баргаштанд ва аз ин чанд нафарашон ихроҷ шуданд, маълумот надод.
Дар робита ба парвандаи “Крокус” аз мақомоти Русия ягон пешниҳод дарёфт накардаем
Додситони кул ҳамчунин гуфт, ки дар мувофиқа ба баррасии парвандаи ҷиноии 4 шаҳрванди Тоҷикистон дар робита ба қазияи “Крокус” то имрӯз ягон пешниҳод аз мақомоти Русия дарёфт накардаанд.
Ӯ гуфт, ки дар баррасии парвандаҳои худ ин кишвар комилҳуқуқ аст ва “худи мақомоти Русия тафтишот мебарад, айб эълон мекунад ва дар мурофиаи судӣ баррасӣ мекунад”.
“Агар ба мо оиди дилхоҳ масъала ҷониби Русия муроҷиат кунад, мо омода ҳастем, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунем. Бо Федератсияи Русия ягон мушкилот дар муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва бурдани тафтишот вуҷуд надорад. Мо бо ин кишвар шартномаи ҳамкорӣ оиди масъалаҳои ҳуқуқӣ дорем, чӣ масъалае шавад бо роҳи гуфтушунид ва мулоқотҳои дуҷониба ҳал карда метавонем”,-афзуд Воҳидзода.
Ҳодисаи “Крокус” ба боздошти баҳсбарангези чор шаҳрванди Тоҷикистон
Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав рӯзи 22-юми март рух дод. Ҳамлагарон ба сӯйи ғайринизомиён дар бино оташ кушода, толори мусиқиро оташ заданд ва фирор карданд. Бар асари ин амали террористӣ 146 нафар ҳалок ва боз 551 каси дигар осеб диданд.
Чаҳор шаҳрванди Точикистон Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридун Шамсидин ҳамчун гумонбари бевоситаи ҳамла ва чанд нафари дигар ҳамчун шарик ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд. Шеваи боздошту ба ҳабс гирифтани онҳоро ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод каранд. Ҳамаи онҳо дар додгоҳ бо рӯи кафидаву осори зарбу лат намудор шуданд. Чанд маротиба муҳлати ҳабси онҳо дароз карда шуд.
Ахиран адвокати яке аз айбдоршавандагон Олег Власов эълон кард, ки тафтиши парванда оид ба содир шудани амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл” ба поён расид ва ин парвандаро Додситони ҳарбии ин кишвар баррасӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки баъди ҳамлаи террористӣ ба толори “Крокус” фишор болои муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия ва бегонаситезӣ аз сӯйи афроди алоҳида бештар шуд. Ҷониби Тоҷикистон дар пайи фишорҳои ахир болои шаҳрвандонаш дар Русия чандин бор изҳори нигаронӣ кард ва ба сафири ин кишвар дар Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супорид.
Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса, ҷараёни боздошти гумонбарон ва афзоиши фишор болои муҳоҷирони кории тоҷик дар пасманзари ин ҳаводисро дар ин пайванд хонед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 феврали соли 2025
Идомаи сафари Қоҳир Расулзода ба Эрон. Ширкат дар ҳамоиши иқтисодии Баҳри Хазар ва мулоқот бо муовини аввали раисҷумҳури Эрон
“Бозбинӣ ва озод кунед”. Вакилони дифои Шокирҷон Ҳакимов ва Рухшона Ҳакимова аз болои ҳукми Додгоҳи олӣ шикоят бурдаанд
Варзишгарон ва муррабиёни беҳтарини соли 2024 маълум шуданд. Онҳо кистанд?
Коршиносони СММ: дар Афғонистон зиёда аз 20 гурӯҳи террористӣ мустақаранд
Фейк | “Муҳаммадсобир Файзов шартнома баста, ба ҷанги Украина меравад”
Чӣ симои пойтахтро коста мекунад?
Оғози музокироти Амрико ва Русия дар Риёз. Поёни ҷанг дар Украина дар меҳвари музокира хоҳад буд
Ҳар лаҳза аз нӯшокиҳои “АРК Саноат” лаззат баред
Ба 46 варзишгари тоҷик ҷоизаи президент дода шуд. Онҳо кистанд ва чӣ қадар мукофотпулӣ гирифтанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста