Хушбахт Фарҳодов, муҳоҷири тоҷик, ки беш аз даҳ сол дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба ҳайси ошпаз дар як тарабхона кор мекард, ҳоло охирин маоши худро интизор аст ва ният дорад ба ватан баргардад. Ӯ ҳарчанд маоши хуб мегирад, тағйироти як соли охир - шиддат гирифтани назорату фишор болои муҳоҷирон, ӯро ба бозгашт водор кардааст.
“Баъди ҳодисаи “Крокус” вазъ бисёр душвор шуд. Чанд моҳи аввал мақомоти амнияту интизомӣ мо – асосан тоҷикону ӯзбеконро боздошту санҷиш ва касе писандашон намеомад, ихроҷ мекарданд. Он замон фикри бозгашт ба ватан пайдо шуд, аммо чун маоши хуб мегирифтам, сабр кардам. Ҳоло мебинам, ки рӯз аз рӯз вазъ баъдтар мешавад. Муҳоҷиронро аз ҳақи кор дар баъзе бахшҳо маҳрум мекунанд, аз ҷумла аз кор чун ошпаз. Ҳоло дар Санкт-Петербург ин маҳдудият нест, аммо фикр мекунам, дер ё зуд ин маҳдудият инҷо ҳам ҷорӣ мешавад. Аз ин рӯ қарор кардам, ба ватан баргардам”, - мегӯяд Хушбахт.
Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, аз қонунҳои давоми як соли охир қабулкардаи Русия ба сурати умум огоҳ аст, аммо таъкид мекунад, “ҳоло барои мақомоти ин кишвар муҳим нест, ки муҳоҷир қонунро риоя мекунад ё не, хоҳанд бо ҳар баҳона боздошт, зиндонӣ ё ихроҷ мекунанд”.
Беш аз даҳ қонун ё тағйирот ба он дар як сол
Соли 2024 барои муҳоҷирони кории тоҷик воқеан соли бисёр душвор ва пурташвиш буд. Давоми ин сол, муҳоҷирон, махсусан аз Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Русия зери фишор ва таъқиб қарор гирифтанд. Сиёсати зидди муҳоҷирон пас аз ҳамлаи террористӣ ба толори консерти “Крокус Сити Ҳолл”-и канораи Маскав ва бо гумони содиркунандаи он боздошт гардидани 4 шаҳрванди Тоҷикистон авҷ гирифта, фишор, санҷиш ва ҳатто бархӯрди таҳқиромези мақомоти рус ба таври бесобиқа афзоиш ёфт.
Чунин бархӯрд на танҳо муҳоҷирситезиро дар ҷомеаи Русия бештар кард, балки вакилони ин кишварро барои қабули қонунҳои маҳдудкунандаи фаъолияти муҳоҷирон такон дод.
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия моҳи ноябри соли 2024 теъдоди қонунҳои барои такмили сиёсати муҳоҷират қабулкардаро дар соли 2024 оид 13-то номид.
Тағйирот ва маҳдудиятҳо
Моҳи апрели соли 2024 Думаи давлатии Русия тарҳи қонунеро оид ба дастрас кардани шаҳрвандии ин кишвар аз сӯйи шаҳрванди хориҷӣ тавассути издивоҷ бо шаҳрвандаш ба тасвиб расонид. Ин як роҳи умдаи соҳиб шудани шаҳрвандии Русия аз сӯйи муҳоҷирон буд.
Бар асоси ин қонун, минбаъд шаҳрвандони хориҷӣ танҳо баъд аз ду соли издивоҷ бо шаҳрванди Русия соҳиби ҳаққи иқомат дар он кишвар хоҳанд шуд. То ин лаҳза онҳо метавонистанд аз лаҳзаи издивоҷ дархост гузоранд.
Ихроҷи бе қарори додгоҳ
Моҳи июли соли 2024 қонуне қабул шуд, ки ба пулис иҷоза медиҳад, бе тасмими додгоҳ хориҷиёнро аз Русия ихроҷ кунад. Қаблан барои ихроҷи шаҳрванди хориҷӣ аз Русия, қарори додгоҳ ҳатмӣ буд.
Акнун, кормандони пулис метавонанд ҳатто барои қонуншиканиҳои маъмурӣ шаҳрвандони хориҷиро ихроҷ кунанд. Иҷрои қонуни нав аз аввали моҳи феврали соли 2025 оғоз мегардад.
Дар соли 2024 аз Русия беш аз 80 000 шаҳрвандони хориҷӣ ихроҷ (депортатсия) карда шудаанд, ки дар муқоиса бо омори соли пеш (44 000 нафар) қариб ду маротиба бештар аст.
Замина барои ҷалби муҳоҷирон ба ҷанг
Моҳи июли соли 2024 ба қонун “Дар бораи шаҳрвандӣ” тағйирот ворид кард, ки заминаи лағви шаҳрвандии Русияро бештар мекунад. Муҳимтарин нукта “иҷро накардани сабтиноми ҳатмии ҳарбӣ” аст.
Ин тағйирот дар пайи оғози ҷанги Русия дар Украина ва эҳсоси камбуди сарбоз дар артиш ва баъди пешниҳоди раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин дар тирамоҳи соли 2023 оид ба маҳрум кардани шаҳрвандии он муҳоҷироне, ки худро дар қайди ҳарбӣ намегузоранд, ворид карда шуд.
Бо ин баҳона чанд нафарро ҳам боздошту ихроҷ карданд ва нафароне ҳам намоишкорона аз шаҳрвандӣ даст кашиданд, аммо худро дар қайди ҳарбӣ нагузоштанд. Чун теъдоде аз муҳоҷирон барои раҳоӣ аз тафтишҳои зиёди мақомоти Русия талош мекарданд, шаҳрвандии ин кишварро гиранд ва нисбатан озод фаъолият кунанд, сабти ҳатмии ҳарбӣ ва баъди он, хатари сафарбар шудан ба ҷанг, барои онҳо маҳдудияти дигари будубоши озод гардид.
Мувофиқи омори ВКД-и Русия дар 10 моҳи соли 2024 шаҳрвандии 1365 шахс бекор карда шудааст, аммо гуфта намешавад дар кадом асос ва чанде аз онҳо барои нагузоштан ба қайди ҳарбӣ.
Имтиҳони забони русӣ ва таърих мушкил шуд
Қонуне, ки моҳи ноябри соли 2024 ба тасвиб расид, созмонҳои “миёнарав”-ро аз ҳаққи баргузории имтиҳони забони русӣ, таърих ва асосҳои ҳуқуқи Русия маҳрум мекунад. Ҳукумат феҳристи ташкилоти омӯзиширо, ки бар асоси қарори Вазорати маориф ва илм ва Хадамоти назорат дар соҳаи маориф тасдиқ шудаанд, муайян мекунад.
Тибқи навгониҳои ҳуқуқӣ, пешниҳоди хидматрасониҳои ғайриқонунӣ дар заминаи муҳоҷират иттилооти ғайриқонунӣ дониста мешавад. Дар сурати пайдо кардани чунин иттилоъ додситони кулли Русия ё муовинони ӯ барои қатъи дастрасӣ ба он ба “Роскомнадзор” муроҷиат мекунанд.
Фарзанди муҳоҷир ҳуқуқи таҳсил надорад?
Яке аз баҳсноктарин қонуне, ки соли гузашта дар Русия қабул гардид, маҳдудияти таҳсили фарзанди муҳоҷирон буд. Думаи давлатии Русия дар моҳи декабри 2024 қонунеро қабул кард, ки бар асоси он, фарзанди муҳоҷир бе донистани забони русӣ ба мактаб пазируфта намешавад. Иҷрои қонуни нав аз аввали моҳи апрел дар назар аст, аммо ин иқдом ба қонунҳои дохилии Русия ва созишномаи байни давлатҳои ИДМ мухолифат мекунад. Ин дар ҳолест, ки дар Русия мактаб ё синфхонаҳо бо забони модарии муҳоҷирон, аз ҷумла тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ фаъолият намекунанд ва иҷоза ҳам дода намешавад.
Дар Русия, тибқи иттилои расмии ин кишвар, беш аз миллион муҳоҷири тоҷик қарор доранд, ҳарчанд Тоҷикистон теъдоди муҳоҷиронро на бештар аз 600 ҳазор арзёбӣ мекунад. Ин маълумот ҳамеша баҳснок будааст ва ҳатто ду сол қабл дар нишасти “Осиёи Марказӣ – Русия” дар Остона мавзӯи баҳси роҳбарони ду кишвар гардид. Аммо аз ду сар, қонуни нав зиндагии ҳазорон нафари онҳоро, ки мехоҳанд фарзандонашонро аз худ дур накунанд, сахттар хоҳад кард.
Ин ҳама номгӯи мухтасари қонунҳое буд, ки давоми соли 2024 дар самти муҳоҷират қабул шуданд ва ё бо ҳар василае ба онҳо рабт мегирад. Ғайр аз ин, дар манотиқи гуногуни Русия бо дастури роҳбарони он ҳам монеаҳо барои фаъолияти озоди муҳоҷирон ҷорӣ гардид.
Аз ҷумла, дар Севастопол 77 навъи фаъолият барои муҳоҷирон манъ шудааст. Дар Новосибирск – 35, дар Тулск – 27, дар Камчатка –15. Қаблан мамнӯиятҳои монанд дар вилоятҳои Калуга, минтақаи худмухтори Ханти-Мансийск, вилоятҳои Тюмен ва Калининград ҷорӣ шуда буд.
“Чеҳраат писанд нест”
Зайниддин Нурзода, муҳоҷири дигари тоҷик аст, ки ба қавли худаш, “бо вуҷуди риояи ҳамаи қоидаву қонунҳо” аз Русия ихроҷ шуд.
Ӯ мегӯяд, қариб 15 сол дар Маскав ба тиҷорат машғул буд ва ҳамеша қоидаҳои будубош, қонунҳои Русияро комилан риоя мекард, аммо шаш моҳи пеш бидуни шарҳ, аз ҳақи вуруд ба Русия маҳрум шуд.
“Вақте барои чанд муддат ба ватан омадам ва боз ба Маскав сафар кардам, дар фурудгоҳ мақомоти ин кишвар ду шабонарӯз нигоҳ доштанд ва бидуни кадом далел ва шарҳ маро аз ҳақи вуруд ба Русия маҳрум карданд. Вақте сабаб пурсидам, тамасхуромез гуфтанд, “чеҳраат писанд нест”. Ман ҳеҷ қонунеро вайрон накарда будам, сари вақт худро дар қайд мегузоштам ва ҳақи патентро пардохт мекардам. Акнун тамоми тиҷоратам дар он ҷо, худам дар ин ҷо”, - нигаронӣ мекунад Зайниддин.
Ҳамакнун, Заниддин дар пайи таҳияи ҳуҷҷат барои кор дар кишварҳои Британияи Кабир, Куриёи Ҷанубӣ ё Қатар аст.
Таъмини амният ва хавф аз “ячейкаҳои хуфта”
Коршиносон сабаби аслии қабули ин теъдод қонунро пеш аз ҳама ангезаи сиёсӣ, баҳонаи амниятӣ ва баъдан иқтисоду танзими раванди муҳоҷират мегӯянд.
Шӯҳрат Латифӣ, коршиноси масоили муҳоҷират ва нафаре, ки чандин сол ин ҷониб вазъи муҳоҷирон ва тағйирот дар ин самтро дар Русия пайгирӣ мекунад, қабули ин теъдод қонун ва шиддати назорати муҳоҷиратро пеш аз ҳама ба “сиёсат ва амният” ва баъдан “иқтисоду танзими муҳоҷират” рабт медиҳад.
Ӯ мегӯяд, тайи панҷ соли охир дар тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Русия, ки беш аз 10 миллион муҳоҷири меҳнатиро пазируфтааст, бӯҳрони муҳоҷират мушоҳида мешавад.
“Русия баъди оғози амалияти махсуси низомӣ дар Украина (Русия ҷанг дар Украинаро ҳамин тавр ном мебарад.-Идора) бо хатарҳои бештар рӯбарӯ шуд. Ҳамчунин, баъди шакасти ДОИШ дар Ховари Миёна ва фаъол гаштани ҳалқаҳои хуфта дар Русия низ фаъол шуданд. Амали террористӣ дар “Крокус” бошад, ангезаи тезонидани назорати қатъии раванди муҳоҷират гашт”, - мегӯяд Шӯҳрат Латифӣ.
Ба андешаи Шӯҳрат Латифӣ, қабули қонунҳои зиёд ва шадид гаштани назорати муҳоҷирон дар Русия паҳлӯи мусбат ҳам дорад.
“Барои гуногунсамт кардани раванди муҳоҷират дар кишварҳои фиристандаи муҳоҷирон такон мебахшад. Масъулин дар ин кишварҳо маҷбур мешавад, самтҳои дигари муҳоҷиратро пайдо кунанд ва аз фишори сиёсии Русия раҳо гарданд”, - зикр менамояд Шӯҳрат Латифӣ.
Фишанги фишор
Шӯҳрат Латифӣ мегӯяд, раванди танзими муҳоҷират дар Русия бо поймол гаштани меъёрҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи инсон амалӣ мегардад ва ҳамчун афзори фишор истифода мешавад.
“Ин ҳам омили сиёсӣ ва ҳам амниятӣ дорад. Баъдан иқтисоду муҳоҷират аст. Зеро Русия муҳоҷиронро чун фишанги фишори сиёсӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода мекунад ”, - мегӯяд Латифӣ.
Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз сӯйи мақомоти Русия чун фишанги сиёсӣ барои пиёда кардани ҳадафҳои худ дар кишварҳои фиристандаи онҳо истифода мешаванд.
Солҳои қабл низ мансабдорони сатҳи гуногуни Русия сари ҳар чанд вақт ва барои ба манфиати худ ҳал кардани ин ё он масъала ба ҳузури муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва оқибатҳои ихроҷи онҳо ишораҳо мекарданд.
Барҷастатарин мисол раҳоии халабони рус дар соли 2011 буд. Он сол мақомоти Тоҷикистон ду халабон – яке шаҳрванди Русияву дигарӣ шаҳрванди Эстонияро боздошт ва барои қочоқ, убури ғайриқонунии марз ва нақзи меъёрҳои байналмилалии парвоз муттаҳам карданд. Баъди эълони ҳукми зиндонӣ шудани халабонҳо, мақомоти Русия ба боздошту ихроҷи оммавии шаҳрвандони Тоҷикистон даст заданд. Зери чунин фишор, мақомоти Тоҷикистон пас аз чанд рӯзи маҳкум кардани халабонҳо, маҷбур гардид, халабонҳои муттаҳамро раҳо кунанд. Танҳо пас аз ноил гардидан ба ҳадафи хеш, Русия фишор болои муҳоҷиронро то андозае коҳиш дод.
Аскар барои ҷанг ва душмани заиф
Коршиноси дигар, ки дар Русия иқомат мекунад ва нахост номаш ифшо шавад, мегӯяд, бо қабули ин қонунҳо Русия аз як тараф мехоҳад сиёсати муҳоҷирати ин кишварро ба тартиб дарорад, ки албатта орӣ аз камбудӣ нест, аммо аз ҷониби дигар онро ҳамчун афзори сиёсӣ истифода мекунад.
“Сиёсатмадорони Русия ҳамеша душман мекобанд, то бохту норасосии сиёсташонро ба сари ӯ бор кунанд ва мардумро бо ин душман банд кунанду аз худ қаҳрамон созанд. Замони ҳодисаи “Крокус” Русия дар ҷабҳа вазъияти наонқадар хуб дошт ва мушкилоти дохилиаш низ рӯ мезаду ташвишовар буд. Ва ин ҳодиса баҳонаи хубе шуд барои аз муҳоҷирон душман тарошидан, қаҳрамон нишон додани худашон дар мубориза бо ин душмани хеле заиф. Ҳамзамон бо истифода аз расонаҳои дарборӣ ба банд кардани фикри мардум даст ёфтанд. Вақте хостаашон амалӣ шуд, моҳҳои охир таблиғоташонро дар ин самт сусттар карданд”, - мегӯяд коршинос.
Ба ақидаи ӯ Русия ҳамчунин дар симои муҳоҷирон аскари тайёрро мебинад ва ҳарчи бештар онҳоро дар ҷанг қурбон кардан мехоҳад.
“Бубинед, генералҳои рус бе ибо мегӯнд, ки мехоҳанд муҳоҷиронро бештар ба ҷанги Украина фиристанд ва бо ифтихор иттилоъ медиҳанд, ки чанд нафарро аллакай фиристоданд. Вақте сиёсатмадорони рус дар ин мавзӯъ сӯҳбат мекунанд, чунин менамояд, ки онҳо ба муҳоҷирон ҳамчун одамони навъи дуюм менигаранд ва дар ҷанг фавтидани онҳо бохти калон нест. Метарсам, ки ҷанг чанд соли дигар давом кунад, муҳоҷиронро маҷбурӣ ва оммавӣ ба фронт мефиристанд, ин хеле хатарнок аст”, - мегӯяд коршинос.
Мувофиқи иттилои раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрыкин ба ҳолати июни соли 2024, зиёда аз 10 000 муҳоҷири меҳнатӣ, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар Украина фиристода шудаанд. Дар маҷмӯъ зиёда аз 30 000 нафар муайян шудаанд, ки шаҳрвандӣ гирифта, дар қайди ҳарбӣ нагузоштаанд.
“Мо як “ҳила”-ро ёфтем. Медонед, он боис шуд, ки муҳоҷирон оҳиста-оҳиста Русияро тарк кунанд”, - бо ифтихор зикр кард Бастрыкин.
Воқеан, аз қавли Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ки зимни нишасти солонаи матбуотиаш гуфт, сиёсати муҳоҷиратро пурзӯр кунед ва назорати муҳоҷиронро шиддат бахшед, метавон хулоса кард, ки минбаъд низ дар ин кишвар фишор болои муҳоҷирон афзоиш меёбад.
Бояд таъкид кард, ки мақомоти кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки фиристонандаи аслии муҳоҷирон ба Русия ҳастанд, солҳои охир бо кишварҳои мисли Британияи Кабир, Куриёи Ҷанубӣ, давлатҳои назди Болқон, давлатҳои арабӣ ҷиҳати ирсоли муҳоҷирон шартномаҳо имзо менамоянд ва аллакай теъдодеро низ ирсол кардаанд.
Дар Telegram, Facebook ва Instagram бо мо бимонед.
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кӯдакони тоҷик пас аз ҷаррроҳии дил дар Чин ба ватан баргаштанд
Тоҷикистон ба мардуми Ғазза кумаки башардӯстона фиристод
Мансабдорони тоҷик ба суолҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳамсари дузди бадкор”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 январи соли 2025
Барои касбият, ҷасорат ва ҳақиқат. Хонандагон ҳафтаномаи “Азия-Плюс”-ро барои чӣ мехонанд ва дӯст медоранд?
Арабистони Саудӣ ба 35 ҳазор сокини Тоҷикистон кумаки молӣ мекунад
НАВШУДА. Вазири меҳнату раиси Оҷонсии нафақа аз мансаб озод шуданд. Бозхонди Шермуҳаммад Шоҳиён аз раисии Додгоҳи олӣ
Нуриддин Саид аз вазифа барканор ва Носир Саид раиси нави Кумитаи телевизион ва радио шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста