Бюрои федералии тафтишотии Амрико (FBI) 10 миллион доллар ҷоиза барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири корҳои дохилии ҳукумати Толибонро* бекор кардааст.
Дар ин бора расонаҳои Афғонистон хабар дода, навиштаанд, ки бо вуҷуди ин номи ин мақомдори баландпояи Толибон аз феҳристи нафарони таҳти таъқиби FBI ба унвони “террористи ҷаҳонӣ” ҳазф нашудааст.
Ин ниҳоди амрикоӣ дар ин маврид ҷузъиёт надодааст.
Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш Вазорати корҳои хориҷаи Амрико номи Сироҷиддин Ҳаққонӣ ва ду тан аз раҳбарони дигари аршади шабакаи Ҳаққонӣ - Абдулазиз Ҳаққонӣ ва Яҳё Ҳаққониро аз феҳристи рӯйхати нафарони таҳти таъқиби Амрико ё “Подош барои адолат” пок карда буд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷаи Амрико ба расонаҳо гуфтааст, ки Сироҷиддин Ҳаққонӣ ва ду узви дигари шабакаи Ҳаққонии Толибон аз назари Амрико то ҳол террористони ҷаҳонӣ ва шабакаи Ҳаққонӣ созмони террористӣ шинохта мешаванд.
Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири корҳои дохилии Толибон пас аз Ҳайбатуллоҳ Охундзода, роҳбари ин гурӯҳ қудратмандтарин нафари Толибон дониста мешавад. Ӯ раҳбари шабакаи Ҳаққонии Толибонро ҳам бар уҳда дорад.
Дар бораи ҳазфи афроди Толибон аз рӯйхати нафарони таҳти таъқиби Амрико ва бекор кардани ҷоизаҳо бар сари онҳо бори аввал худи Толибон ба расонаҳо хабар дода буданд.
Ин иқдоми Амрико дар ҳоле анҷом мешавад, ки рӯзи ҷумъа, 21-уми март ин гурӯҳ як шаҳрванди амрикоӣ бо номи Ҷорҷ Голзманро аз зиндон озод карданд.
Ҳамчунин, чанд рӯз пеш як ҳайати амрикоӣ, аз ҷумла Залмай Халилзод, намояндаи собиқи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон ва намояндаи ҳукумати Трамп дар умури зиндониён ба Кобул омада, бо бархе аз мақомоти Толибон мулоқот кардааст.
Сироҷиддин Ҳаққонӣ дар соли 2008 аз сӯи Амрико "террористи ҷаҳонӣ" шинохта шуда, дороиҳои ӯ таҳти таҳрим қарор гирифта буд. Амрико Сироҷиддин Ҳаққониро ба тарроҳии даҳҳо ҳамла ба сарбозони ин кишвар, аз ҷумла, ба ҳамлаи моҳи январи соли 2008 ба меҳмонхонаи “Серена” дар Кобул, ки як шаҳрванди амрикоӣ дар он кушта шуда буд, муттаҳам медонист. Ин кишвар барои боздошт ва ё кумак дар дастгир кардани Сироҷиддин Ҳаққонӣ ва аъзои хонводаи ӯ аз 5 то 10 миллион долларӣ ҷоиза таъин карда буд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.





Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста