Мақомоти дахлдори Тоҷикистон бори дигар аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик хостаанд, ки то 35-рӯзи оянда ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд ва пеш аз сафар ба ин кишвар аз санҷиши манъи вуруд дар Тоҷикистон гузаранд.
Нахуст, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як огоҳинома аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд, ёдрас шуд, ки то 30-юми апрел ҳуҷҷатҳо ва ҳузури худро дар ҳудуди Русия қонунӣ гардонида ба корашон идома диҳанд.
“...шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, вале дар ҷойи истиқоматашон худро ба қайд нагирифтаанд, патенти корӣ надоранд ё барои он ҳармоҳа боҷ напардохтаанд ва инчунин ба рӯйхати шахсони таҳти назорат қарордошта дохил карда шудаанд, метавонанд аз ҳудуди Россия хориҷ нашуда, ҳуҷҷатҳои худро ба тартиб дароварда, имконияти қонунӣ кор карданро дар қаламрави Россия пайдо намоянд”,-омадааст дар изҳороти ВКД.
Вале ин ниҳод нагуфтааст, ки муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар дар куҷо метавонанд, ки ҳузури худро қонунӣ кунанд.
Ин маъмулан дар шуъбаҳои корҳои дохилии маҳалли зист ва ё марказҳои давлатӣ, ки бо муҳоҷирон кор мекунанд, амалӣ карда мешавад.
Бо чунин дархост Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон ва намояндагии ин ниҳод дар Русия низ баромад карда, бо нашри изҳороти алоҳида аз муҳоҷирон хостаанд, ки то 30-юми апрел ба мақомоти дахлдори Русия рафта ҳузури худро қонунӣ кунанд ё ҳудуди ин давлатро тарк намоянд.
Вазорат гуфтааст, ки дар сурати дар муҳлати муайяншуда агар шаҳрванд аз қайд нагузарад ба рӯйхати шахсони ихроҷшаванда ворид мегарданд.

Намояндагии вазорат дар Русия ҳамчунин аз шаҳрвандоне, ки нияти рафтан ба ин кишварро доранд хостааст, ки пеш аз сафар дар Душанбе аз санҷиши манъи вуруд ва изи ангушт гузаранд. Ба гуфтаи мақомот, ин амал барои бемушкил ба қаламрави Русия ворид шудани муҳоҷирон ва гирифтани патент кӯмак мерасонад.
Ин ниҳод пайванди санҷиши пеш аз сафарро гузоштааст, ки шаҳврандон ному насаби худро дар он тафтиш кунанд.
Намояндагӣ гуфтааст, ки шаҳрвандонеро, ки вуруди онҳо ба Русия манъ шудааст, зарур аст дар муҳлати кутоҳтарин ин давлатро тарк кунанд вагарна “тибқи талаботи қонунгузории кишвари иқомат вурудашон ба муҳлати 3, 5 ва ё то 10 сол манъ карда мешавад”.
“Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Русия меоянд зарур аст, ки талаботҳои будубоши кишвари иқоматро риоя намуда, дар доираи қонунугузории Федератсияи Русия фаъолият намоянд”,-омадааст дар изҳорот.
Ин ниҳод гуфтааст, ки шаҳрвандон метавонанд дар сурати пайдо шудани саволҳо оид ба будубош ва талаботҳои қонунгузории Русия тавассути рақамҳои +7 (495) 967-98-44 ва ё +7 (999) 912-58-68 (whatsapp) муроҷиат кунанд.
Бояд гуфт, ки охири соли 2024-ум Владимир Путин, раисҷумҳури Русия фармоне имзо кард, ки мувофиқи он муҳоҷироне, ки дар ҳудуди ин кишвар ғайриқонунӣ қарор доранд, уҳдадоранд то 30-юми апрели соли 2025 “вазъи ҳуқуқии худро танзим кунанд” ё Русияро тарк намоянд.
То моҳи октябри соли 2024 ба феҳристи шахсони таҳти назорат зиёда аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шомил шудаанд. Дар ин феҳрист маълумоти муҳоҷирон сабт шудааст, ки муҳлати ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратии онҳо гузаштааст ё бекор шудаанд, инчунин онҳое, ки қонунвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, ки боиси ихроҷ дар ин кишвар мешавад.
Барои осон ва содда кардани раванди санҷиш, “Азия-Плюс” Telegram-боти @apnamecheck_bot фаъол кард, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад, дар ин рӯйхат будан ё набудани номашонро зуд санҷанд.
Дар робита ба ин масъала метавонед дар матлаби “Рӯйхати сиёҳ”-и Русия. Посух ба муҳимтарин саволҳо инҷост!” бештар маълумот дарёфт кунед.
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2025
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста