Владимир Путин, президенти Русия амреро имзо кард, ки тибқи он муҳлати кор бидуни патент барои муҳоҷирон дар минтақаҳои азхудкарда дар натиҷаи ҷанг бо Украина ва ё ба қавли худи мақомоти ин кишвар "субъектҳои нави Русия" - ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск, инчунин дар вилоятҳои Запорожйе ва Херсон дароз карда шуд. Ин имкон аз моҳи апрели соли 2023 ҳам вуҷуд дошт, акнун муҳлати он то 31-уми декабри соли 2025 тамдид шуд.
Агар дар дигар минтақаҳои Русия кор кунед, патент лозим аст?
Кор бидуни патент танҳо дар ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск, инчунин дар вилоятҳои Запорожйе ва Херсон дахл дорад. Дар дигар минтақаҳо патент лозим аст.
Бояд донед, ки ҳамаи ин қаламравҳо минтақаи ҷанг ё ба қавли Русия "амалиёти ҳарбӣ" бо Украина мебошанд. Дар ин ҷо ҳаёти шумо зери хатар қарор мегирад.
Ягон ҳуҷҷати дигар ман лозим аст?
Барои шумо патент лозим намешавад, лекин лозим меояд, ки чунин амалҳоро анҷом диҳед:
- дар шуъбаи корҳои дохилии маҳаллӣ изи ангушт супоред;
- аз муоинаи тиббии истеъмоли маводи нашъаовар ва гирифтор набудан ба бемориҳои сироятӣ, махсусан Вируси норасоиии масунияти бадан (ВНМО) гузаред.
Аз корфармо чӣ талаб карда мешавад?
Маъмулан корфармоён барои ба кор қабул кардани муҳоҷир, бояд иҷозаи дахлдор гиранд. Ғайр аз ин, онҳо бояд ҳиссаеро ба инобат гиранд, ки чӣ қадар муҳоҷиронро бо кор метавонанд таъмин кунанд. Аммо дарҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск, инчунин дар вилоятҳои Запорожйе ва Херсон чунин маҳдудиятҳо барои корфармоён вуҷуд надоранд.
Ҳоло нархи патант чанд аст?
Гаронтарин патент дар соли 2025 дар минтақаи Краснодар - 17 120 рубл муқаррар шудааст. Пас аз ин вилояти Челябинск - 15 00 рубл ва вилояти Твер 14 973 рубл қарор доранд. Арзонтарин патент дар Чеченистон - 3 113 рубл амал мекунад.
Бо нархи патентҳо дар минтақаҳои Русия дар ин маводи мо метавонед муфассалтар шинос шавед.
Тоҷикистону Эрон мусобиқаҳои муштараки варзишӣ мегузаронанд. Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Вакилон қабул карданд. То 10 соли зиндон барои истифодаи “ғайриқонунии нерӯи барқ” ва “напардохтани пули он”
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон як қадам ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон наздиктар шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Қарз”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 апрел соли 2025
“Танҳо машварат ройгон, ташхис не!” Маъракаи ташхису муоинаи ройгони тиббӣ чӣ гуна гузашт?
Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки меъёри фоизи қарзҳои бонкӣ кам карда шавад. Онҳо бояд чӣ гуна бошанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 апрели соли 2025
Маъракаи даъват ба хидмат оғоз шуд. Ба муҳимтарин саволҳо оид ба даъвати ҳарбӣ посух дарёфтем
Аз “Мактаби кӯҳна”-ву “Қиссаҳои айёми таътил” то “Ҷонам фидои яхмос”. Адабиёти муосири бачагонаи тоҷик дар кӯлбори худ чӣ дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста