ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲОИ 6 АПРЕЛ

- Имрӯз соати 12:00 дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балет намоишномаи мусиқии бачагонаи «Киштии парвозкунанда» намоиш дода мешавад. Ҳунармандон шогирдони студияи театрии «Талант» мебошанд. Нархи чипта 20 сомонӣ аст. Барои маълумот ва хариди чиптаҳо бо ин рақам дар тамос шавед: +992 918670704.

- Соати 11:00 дар Театри давлатии "Лухтак" намоишномаи "Офтоб бародари Моҳ ва хурӯс"-и Шамсӣ Қиёмов бо таҳияи коргардон Зафар Ҷаводов ба намоиш гузошта мешавад. Чиптаҳоро аз хазинаи театр ва сомонаи ticketon.tj дастрас кардан мумкин аст.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 6 АПРЕЛ

Соли 2012 – Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон даъвои ҶСК “НБО-и Сангтӯда-1”-ро нисбат ба ширкати “Барқи Тоҷик” пурра қонеъ кард ва қарзи он барои нерӯи барқе, ки стансия тавлид кардааст, барқарор шуд.

Соли 2013 – Дар Тоҷикистон аз таъсиси як ҳизби нави сиёсӣ бо номи “Тоҷикистони нав” хабар доданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1924 – Зодрӯзи Мамлакат Наҳангова, аввалин пионердухтари Иттиҳоди Шӯравӣ, ки бо ордени Ленин сарфароз шуда буд.

Мамлакат Наҳангова бо Иосиф Сталин

Мамлакат Наҳангова соли 1952 факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст ва дар донишкада тамоми умр ҳамчун омӯзгор кор кардааст.

Солҳои 1952–1990 дар вазифаҳои муаллим, муаллими калон ва дотсент кор кардааст. Солҳои 1970-1977 мудири кафедраи забони англисии байнифакултетӣ ва дотсенти кафедраи методикаи таълими забони хориҷӣ дар донишкадаи номбурда буд. Соли 1990 ба нафақа баромадааст. Муаллифи якчанд асару мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад.

Мамлакат Наҳангова дар синни 11-солагиаш барои меҳнати босамар дар пахтачинӣ сазовори ордени Ленин гардидааст.

Соли 1947 – Мавлуди Абдураҳмон Абдуманнонов, адабиётшинос, мунаққид ва тарҷумони тоҷик.

Абдураҳмон Абдуманнонов

Абдураҳмон Абдуманнонов хатмкардаи шуъбаи забони форсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Ӯ то имрӯз Институти шарқшиносии АИ, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла, мудири шуъбаву муовини директор фаъолият кардааст. Аз моҳи марти 1998 то ноябри 2005 мудири Шуъбаи иттилоотию таҳлилӣ ва Шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президент, солҳои 2005-2010 муовини аввали раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои ҶТ ва аз соли 2010 котиби масъули АМИТ “Ховар” будааст.

Абдураҳмон Абдуманнон муаллифи китобу рисолаҳои илмии “Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо” (дар ҳаммуаллифӣ), “Абулқосим Лоҳутӣ”, (дар ҳаммуаллифӣ), “Нуқтаи назар”, “Пиндорҳо ва ингорҳо” мебошад. Қариб дусад мақолаву тақризаш дар матбуоти дохил ва хориҷи кишвар оид ба ҷанбаву масъалаҳои мухталифи адабиёти форсии тоҷикӣ интишор ёфтаанд.

Абдуманнонов дар тарҷума низ панҷаи қавӣ дошта, асарҳои барҷастаи адибони ҷаҳонӣ ва як қатор намоишномаҳоро ба тоҷикӣ ва ҳамзамон намунаҳои ашъори бузургони тоҷикро ба русӣ баргардон кардааст.

Соли 1969 – Зодрӯзи Раҳмоналӣ Сафарализода, собиқ Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон.

Соли 1988 – Зодрӯзи Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Тоҷикистон.

Соли 2008 – Мирзо Мастонгулов, нахустин директори генералии ширкати ҳавонавардии “Тоҷикистон” ва директори генералии ширкати хусусии ҳавопаймоии “Somon Air” дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт.


Ӯ дар вазъияти душвори замони ҷанг роҳбари авиатсияи ҷумҳурӣ буд ва “Сомон Эйр”-ро таъсис дод.  Оид ба нақши ӯ дар бахши ҳавонавардии тоҷик муфассал дар ин мавод шинос шавед.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири рушд ва сулҳ аст, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ 23-юми августи соли 2013 эълон шудааст. Арзишҳои он – кори дастаҷамъона, адолат, интизом, эҳтиром ба рақиб ва қоидаҳои бозӣ дар саросари ҷаҳон эътироф шудаанд ва метавонанд барои таҳкими ҳамбастагӣ ва сулҳи ҷамъиятҳо истифода шаванд.


Ҳамчунин имрӯз Рӯзи ҷаҳонии тенниси рӯимизӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз барои таблиғ ва рушди ин намуди варзиш дар ҷаҳон, муттаҳидсозии дӯстдорони он ва таблиғи тарзи ҳаёти солим таъсис ёфтааст.


6 апрели соли 1896 Бозиҳои аввали тобистонаи Олимпии замони нав оғоз шуданд. Дар варзишгоҳи мармарини Афина (Панатинаикос) бо ҳузури 80 ҳазор тамошобин шоҳи Юнон Георг I бозии аввалини Олимпиадаро ифтитоҳ намуд. Ин чорабинӣ фармони соли 394-и император Теодосийро, ки Олимпиадаро ҳамчун боқимондаи бутпарастӣ манъ карда буд, бекор кард.

Дар аввалин Бозиҳои Олимпӣ 241 варзишгар аз 14 кишвар (фақат мардон) иштирок доштанд. Мусобиқот 9 навъи варзишро фаро мегирифт: гӯштини юнону римӣ, велосипедронӣ, варзиши сабук, шиноварӣ, тирпаронӣ, теннис, вазнбардорӣ, шамшербозӣ ва марафон. Баъдан қарор шуд, ки Олимпиада ҳар 4 сол як маротиба баргузор шавад.

6 апрели соли 1906 аввалин филми тасвирӣ ё аниматсионӣ бо номи “Намоиши хандаовари чеҳраҳои хандовар” (англ. The Humorous Faces of Funny Faces) сабт гардидааст. Ин филм дар аз ҷониби ду продюсер ва аниматор Ҷон Стюарт Блэктон ва Алберт Смит сабт шуд.


“Намоишҳои хандаовари чеҳраҳои хандовар” аз тасвирҳо иборат буд, ки мизҳо ва чеҳраҳои хандовар дар он ҳаракат мекарданд. Ҳарчанд ин филм хеле кӯтоҳ буду он қадар касбӣ набуд, он ба ояндаи аниматсия ва тасвирҳои ҳаракаткунанда таъсир гузошт.

6 апрели соли 1814 Наполеон Бонапарт бори аввал аз тахти подшоҳӣ даст кашид. Ҳамин рӯз Сенат Людовики XVIII-ро подшоҳ эълон кард. Соле пас ӯро дар рӯйи даст ба Париж баргардонданд ва дар моҳи марти 1815 дубора ба тахт нишаст. Аммо баъди 4 моҳ Наполеон дубора истеъфо дод ва дигар ҳеҷ гоҳ ҳукмронӣ накард. Солҳои охири умрро дар ҷазираи Санкт-Елена ҳамчун маҳбуси англисҳо гузаронд.


6 апрели соли 1930 Ордени Ситораи Сурх, ки яке аз муҳимтарин ва оммавитарин ҷоизаҳои ҳарбии ҶБВ аст, таъсис дода шуд. Он барои хизматҳои бузург дар ҳифзи Иттиҳоди Шӯравӣ дода мешуд. Дорандаи орден бояд намунаи далерӣ ва садоқат ба Ватан мебуд. Дар тӯли 60 соле, ки ин нишон  тақдим мегардид (то декабри 1991), беш аз 3 млн нафар бо он сарфароз гардиданд.


6 апрели соли 1899 дар Маскав аввалин трамвайи барқӣ ба фаъолият оғоз кард. Дар охири асри XIX роҳҳои оҳани аспкаш кӯҳна шуда буданд ва зарурати навсозии онҳо ба миён омад. Трамвай бо интервали 14 дақиқа ҳаракат мекард ва аз соати 8 субҳ то 8 шом фаъол буд. Нархи билет 6 копейка буд.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 6 АПРЕЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона 11+16º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 12+17º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 17+22º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 17+22º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, рӯзона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 18+20º гарм, дар шарқи вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе минтақаҳо то 26-28º сард, рӯзона -2+3º, дар баъзе минтақаҳо то 6+8º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 26+28º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 23+25º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 10+12º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.