ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲОИ 7 АПРЕЛ
- Имрӯз соати 10:00 дар Мактаб-интернати №1-и ноҳияи Фирдавсӣ ва Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор бахшида ба ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон чорабиниҳои адабӣ доир мегарданд.
- Ҳамчунин, имрӯз соати 10:00 дар Китобхонаи шӯъбаи бачагонаи шаҳри Гулистон маҳфили адабӣ-бадеӣ таҳти унвони “Сказочник детского королевство” бахшида ба 220-солагии Х.К.Андерсон баргузор мешавад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 7 АПРЕЛ
Соли 1978 – Ноҳияи Қубодиён ташкил ёфт.
Соли 2008 – Дар назди бинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ҳайкали Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гузошта шуд.
Соли 2009 – Суди Олии Тоҷикистон Суҳроб Лангариевро, ки як гурӯҳи қочоқбари маводди мухаддири фаромарзиро раҳбарӣ мекард, ба ҳабси абад маҳкум кард.
Соли 2010 – 8 сарбози мусаллаҳи марзбони Қирғизистон ба сокинони деҳаи Ворух ҳамла карданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1909 – Зодрӯзи Тоҳир Тоҷибоев, ҳунарпешаи театру синамо ва коргардони тоҷик.

Тоҳир Тоҷибоев яке аз асосгузорони театри назди шӯъбаи маорифи халқи Хуҷанд (баъдтар дар асоси он театри касбӣ ташкил ёфтааст) ба шумор меравад. Ӯ соли 1930 фаъолиятро дар ин театр оғоз намудааст. Сипас солҳои 1945-1955 ба театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ омад ва инҷо чун ҳунарпешаи бомаҳорат ном баровард.
Баъдтар солҳои 1955-1970 дар Театри драмаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини Ленинобод (ҳозира Суғд) кор кардааст.
Ӯ дар саҳнаҳои театри кишвар як қатор наққшҳои муассир офаридааст, аз ҷумла нақши Тоҳир дар “Тоҳир ва Зӯҳро”, Неъмат дар “Ҳалима” аз ин қабиланд. Ҳамчун коргардон пйесаҳои “Нурхон”, “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Иродаи зан” ва дигар осори драматургони советиро ба саҳна гузоштааст.
Соли 1937 – Зодрӯзи Файзӣ Зикриёев, муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих.
Соли 1946 – Мавлуди Хушбахт Абдуназаров, муаррих, доктори илми таърих, профессор
Соли 1974 – Самад Ғанӣ, рӯзноманигор, нависанда ва тарҷумони тоҷик дар синни 65-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1975 – Мавлуди Низомиддин Муродӣ, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ.
Соли 2013 - Пайванди Гулмуродзода, муҳаққиқи варзидаи публитсистика ва устоди факултети журналистикаи ДМТ аз олам даргузашт.
Ӯ соли 1973 баъди хатми ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуд ва соли 1978 онро бо ихтисоси филолог-журналист хатм намуд.
Баъди итмоми донишгоҳ аз 4 октябри соли 1978 то 1 январи соли 1980 дар саридораи ахбори радиои Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба сифати муҳаррир кор кард ва аз соли 1980 то охири умр ба ҳайси аспирант, муаллими калон, дотсент, докторант дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Аз соли 1992 то соли 1996 муовини декани факултети журналистика ва солҳои 1996—2001, 2005—2006 ба ҳайси декани факултети журналистикаи ДМТ фаъолият дошт.
Пайванди Гулмуродзода муҳаққиқи варзидаи публитсистикаи ибтидои садаи 20-и тоҷик мебошад. Дар пажӯҳишҳояш масъалаҳои мактабу маориф, фарҳангу адаб, худшиносиву худогоҳии миллӣ ҷойгоҳи хоса доранд. Вай муаллифи зиёда аз 110 мақолаи илмӣ, 220 очерку мақолаҳои публитсистӣ, чандин дастуру воситаҳои таълимӣ аст.
Ӯ шаби 7 ба 8-уми апрели соли 2013 дар синни 56-солагӣ бар асари бемории сактаи қалб даргузашт ва дар оромгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурда шуд.
Дар бораи Пайванди худшинос, пажӯҳишгар, ходими илм ва муҳаққиқи матбуот дар ин пайванд маълумоти бештар пайдо мекунед.
Соли 2021 –Рамзия Баккал, раққоса ва балетмейстери тоҷик дар синни 94-солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ аст. Маҳз дар ин рӯз, 7 апрели соли 1948 Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ таъсис ёфтааст.
Ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ба масоили муҳими тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи мушкилоти саломатиро таъкид мекунад. Ҳар сол СУТ барои рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ шиори хосеро интихоб мекунад. Масалан, дар соли 2025 шиори “Ибтидои солим, ояндаи умедбахш” интихоб шудааст, ки ба баҳтар намудани саломатии модарон ва навзодон тавассути сармоягузорӣ ба барномаҳои муассир ва кам кардани фавти пешгиришаванда равона карда шудааст.

Дар Тоҷикистон низ бахшида ба ин рӯз ҳамасола рӯзи муоинаи ройгон ташкил мешавад. Рӯзи 5 апрел дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ аз соати 8 то 12 шаҳрвандонро ройгон аз муоинаи тиббӣ гузарониданд. Аз ҷараёни ин рӯз дар ин гузориши хабарнигори Азия-Плюс мутолиа кунед: “Танҳо машварат ройгон, ташхис не!” Маъракаи ташхису муоинаи ройгони тиббӣ чӣ гуна гузашт?
Имрӯз Рӯзи пайдоиши Рунет (RuNet) аст. Соли 1994 домени .ru барои Русия сабт ва ба пойгоҳи ҷаҳонии доменҳои миллӣ ворид гардид. Русия ба таври расмӣ ҳамчун кишвари намоянда дар интернет пазируфта шуд. То соли 2020 шумораи корбарони Рунет ба 118 миллион нафар расид. Ҳамчунин домени кириллии .рф низ ворид гардидааст.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 7 АПРЕЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона 11+16º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 17+22º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 11+16º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 17+22º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 11+13º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8º сард, дар баъзе минтақаҳо то 20-22º сард, рӯзона 4+9º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 24+26º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 12+14º гарм, рӯзона 25+27º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 29+31º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 13+15º гарм.
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Мақомот мегӯянд, ба оилаҳои зарардидаи Рашту Тоҷикобод масолеҳи сохтмонӣ фиристоданд
Бинои истиқоматии муҳташам дар ноҳияи Рӯдакӣ. Он чӣ тавр бунёд мешавад?
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар “дуздии барқ"-ро ташвишовар хонда, аз таъини ҷазо барои ин кирдор ёдовар шуд
Ихроҷи қариб 50 паноҳҷӯи дигари афғонистонӣ аз Тоҷикистон. Далели ихроҷро касе шарҳ намедиҳад
Боздошти боз як мубаллиғи ҷанги Русия аз сӯйи Қирғизистон. Посухи Бишкек ба “рейд”-и таҳқиромези мақомоти рус?
Сергей Шойгу гуфт, аз шумори умумии ҷиноятҳо дар Русия танҳо 2%-ро муҳоҷирон содир кардаанд
Аввалин вохӯрии роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста