Пайванди Гулмуродзода, пажӯҳишгар, публитсист ва рӯзноманигори варзидаи даврони шӯравӣ ва истиқлол умр вафояш мекард, имрӯз 67-сола мешуд. Ӯ дар охири асри гузашта ва аввали асри нав бо таҳқиқоти илмиву публистистиаш дар илму адаб нақши мондагор гузошт ва ба қавли ҳампешагонаш, дар рушди худшиносии миллӣ ва ҳувиятсозии тоҷикон ҳам саҳми боризи худро монд.
Ба ин муносибат мо матлаби ду соли пеш таҳиянамудаи худро аз ҳафтаномаи “Самак”, ки дар бораи Пайванди худшинос, пажӯҳишгар, ходими илм ва муҳаққиқи матбуот аст, бо ихтисора бознашр мекунем.
Пайванди худшинос
Профессор Иброҳим Усмонов, ҳамкасб ва ҳамкори солҳои мадиди мавсуф ба ин назар аст, ки Пайванди Гулмуродзода ба худшиносии миллӣ ва маорифпарварии тоҷикон назари амиқ дошт ва дар ин самт таҳқиқоти илмиву публистистии жарф анҷом дод.
“Солҳои охири зиндагиаш Пайванд бештар ба матбуоти замони бедории миллии мо – аввали асри ХХ таваҷҷуҳ кард ва бо таҳқиқ дар масъалаи Саидризо Ализода, дар бобати Фитрат, дар бораи ҷавонбухориён, дар бораи насле, ки бо онҳо наздикӣ дошт, як силсила асарҳое офарид, ки барои равшан кардани таърихи тамаддуни мо нақши муҳим доранд”, - мегӯяд профессор Усмонов.
Иброҳим Усмонов таъкид мекунад, ки тадқиқоти Гулмуродзода дар илм ва ҷаҳони адабии тоҷикон кори нав буд ва бо мақолаҳояш дар ВАО ба худшиносии миллӣ ва ҳувиятсозии тоҷикон замина мегузошт.

Пайванд ва роҳи тайкардаи ӯ
Аммо профессор Мурод Муродӣ, ҳамкори солҳои тӯлонии Гулмуродзода, иброз медорад, ки “паҳлӯҳои эҷодии Гулмуродзода - омӯзгориву раҳбарӣ, рӯзноманигориву публитсистӣ, муҳаққиқиву пажӯҳандагӣ, муҳарририву ноширӣ буд ва ҳар яки ин ҷанбаҳо дар фаъолияташ умумияти вижа дошт”
Профессор Муродӣ меафзояд, “Пайванд аз шахсиятҳои фарҳангие буд, ки эҷодро пешаи худ қарор дода, дар се ҷанбаи рӯзноманигорӣ: илм, таълим ва публитсистика баробар фаъолият мекард.
Мурод Муродӣ ҳам мегӯяд, “Гулмуродзода кори худро дар ҳама паҳлӯҳои фаъолияташ танҳо ба як ҳадаф равона кард, ки он бедории фикрии мардум, тарбияи худшиносиву худогоҳӣ ва миллатдӯстиву ватанпарастӣ буд.
“Ағлаби нигоштаҳои публитсистии мавсуф низ ба ин мавзӯъ марбут буда, аз масъалаҳои худшиносиву худогоҳии миллӣ, лаҳзаҳои рӯзгор ва фаъолияти равшанфикрони соҳибқаламу соҳибандеша нақл мекунанд. Ба ин маънӣ, дар консепсияи эҷодии ӯ масъалаи маорифпарварӣ мақоми асосиро ишғол мекунад”, - мегӯяд профессор Муродӣ.
Ба қавли ӯ, Гулмуродзода бо ВАО ҳамкории мунтазам дошт, мақолаҳояш пайваста дар матбуоти даврӣ интишор ва гуфторҳояш аз тариқи радио ва телевизион пахш мешуданд.

Пайванди ходими илм
Дар ҳамин ҳол, назари профессор Масрур Абдуллозода, ки солҳо бо Пайванди Гулмуродзода дӯстиву ҳамкорӣ дошт, дигар аст. Ба гуфтаи ӯ, Гулмуродзода бо андешаву афкораш дар илм ва публистистикаи тоҷик нақши вижа гузошт.
Абдуллозода мегӯяд, дар байни аҳли илму маърифат ашхосе ҳастанд, ки ё унвони илмӣ надоранд ё танҳо номзади илм ҳастанду доктору академик нестанд, аммо донишу биниши онҳо аз ҳар гуна унвондорони баландмақоми хасакӣ мартабаҳо боло аст.
Справка по теме
Пайванди Гулмуродзода 20-уми июли соли 1956 дар ноҳияи Фориши Ӯзбекистон ба дунё омада, соли 1967 риштаи филолог-журналисти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) ва соли 1989 аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносовро ба итмом расонид. Фаъолияти рӯзноманигории мавсуф аз овони таҳсили мактабӣ оғоз ёфта, раванди кор ӯро ба таҳқиқу пажӯҳиш бурд. Баъдан Гулмуродзода солҳо устод ва декани факултаи журналистикаи ДМТ шуд. Ӯ узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1988) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1998) буда, барандаи ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, дорандаи нишонҳои сарисинагии “Аълочии матбуоти Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, “Аълочии маорифи Тоҷикистон”, “Аълочии телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон” ва медали “Хизмати шоиста” (2001) аст. Гулмуродзода муаллифи зиёда аз 110 мақолаи илмӣ, 220 очерку мақолаҳои публитсистӣ, 14 китоб ва дастуру воситаҳои таълимӣ мебошад. Ӯ шаби 7 ба 8-уми апрели соли 2013 дар синни 56-солагӣ бар асари бемории сактаи қалб даргузашт ва дар оромгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурда шуд.
Ӯ таъкид мекунад, “Пайванд низ аз ҳамин тариқа буд, ки гарчанде умраш вафо накарду кори докторӣ ҳимоя нанамуд, аз бисёри олимону профессорон дониши беш дошту хидмати барзиёде ба илми тоҷик намуд”.
Профессор Абдуллозода дар шарҳи ин гуфтааш меафзояд, ки “Гулмуродзода дар таҳқиқи ҳаёт ва эҷодиёти Абдурауфи Фитрат, ки худ шахсияти мураккаби адабиёти тоҷик маҳсуб меёбаду аз муҳаққиқ омӯзиши амиқро талаб менамояд, саҳми назаррас дошт”.
“Пайванди Гулмуродзода тавонист эҷодиёти Фитратро огоҳона ва мунсифона ба риштаи таҳқиқ кашад. Боиси таассуф аст, ки умри эшон вафо накард, то тадқиқотҳои худро дар ин боб ва дигар шахсиятҳои барҷастаи адабиёт ба анҷом бирасонад”, - иброз медорад Абдуллозода.
Ин профессор таъкид мекунад, ки “агар Пайванд кори докториашро ба анҷом мерасонид, албатта, ба ба масоили мубрам ва норӯшани ин шахсиятҳо нуқта мегузошт”.
Абдуллозода меафзояд, бо ин вуҷуд, он чизе ки аз Гулмуродзода ба мо мерос мондааст, хеле пурғановат буда, барои муҳаққиқоне, ки ҷунбиши маорифпарвариву ҷадидияро дар минбаъд ба таҳқиқ мекашанд, мусоидати беш мерасонад.
Пайванди муҳаққиқи матбуот
Қироншоҳ Шарифзода, муҳаққиқ ва публистисти тоҷик ҳам мегӯяд, Пайванди Гулмуродзода ба таҳқиқотҳое даст зад, ки “то кунун дар гӯшаҳои фаромӯшӣ буд ва самараи кори таҳқиқии мавсуф назари дигар муҳаққиқонро боз намуд, то даст ба кор шаванд”.
Ба андешаи Шарифзода, Гулмуродзода ҳамчун муҳаққиқи матбуоти тоҷик доир ба таъсиси нашрияҳои даврии ибтидои садаи ХХ пажӯҳишҳои илмӣ ба анҷом расонида, тариқи таҳқиқу таҳлил омилҳои пайдоиш ва баъзе вижагиҳои нахустин нашрияи тоҷикии “Бухорои шариф”, нашрияҳои Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ – “Самарқанд”-у “Оина”, ҳафтаномаи “Шӯълаи инқилоб”, маҷаллаи “Раҳбари дониш”-ро муайян намудааст.

Ҳамчунин, Пайванд аз пажӯҳишгарони таърихи матбуоти тоҷикест, ки нусхаҳои ағлаби нашрияҳои садаи ХХ, аз қабили “Бухорои шариф”, “Самарқанд” ва “Ҳуррият”-ро дар даст дошт.
Натиҷаҳои пажуҳишҳои илмии Пайванди Гулмуродзода дар рисолаҳои алоҳида, маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ ва мақолаҳои маҷаллавӣ низ мунъакис шудааст, ки “Қуллаи мурод” (1997), “Нахли пурбор” (1997), “Сеҳри сухан” (1998), “Публицистика и время” (2002), “Маорифпарварӣ ва низоми нави ҷаҳон” (2006), “Биё, биншину бишнав рози тоҷик” (2007) намунаи онҳост.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Мақомот мегӯянд, ба оилаҳои зарардидаи Рашту Тоҷикобод масолеҳи сохтмонӣ фиристоданд
Бинои истиқоматии муҳташам дар ноҳияи Рӯдакӣ. Он чӣ тавр бунёд мешавад?
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар “дуздии барқ"-ро ташвишовар хонда, аз таъини ҷазо барои ин кирдор ёдовар шуд
Ихроҷи қариб 50 паноҳҷӯи дигари афғонистонӣ аз Тоҷикистон. Далели ихроҷро касе шарҳ намедиҳад
Боздошти боз як мубаллиғи ҷанги Русия аз сӯйи Қирғизистон. Посухи Бишкек ба “рейд”-и таҳқиромези мақомоти рус?
Сергей Шойгу гуфт, аз шумори умумии ҷиноятҳо дар Русия танҳо 2%-ро муҳоҷирон содир кардаанд
Аввалин вохӯрии роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд
Қоҳир Расулзода бо сарвазири Русия дидору гуфтушунид мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста