Дар натиҷаи боронҳои шадиде, ки рӯзҳои охир дар тамоми манотиқи кишвар мушоҳида мешавад, дирӯз, 27-уми март дар як қатор мавзеъҳо сел омада, боиси талафоти чандин гӯсфанд, сангрезӣ ва афтидани дарахт гардидааст.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар иттилоъ дода навиштааст, ки дирӯз дар мавзеи Овзекент, ки байни марзи ноҳияҳои Б. Ғафуров ва Мастчоҳ ҷойгир аст, аз кӯҳ сел фаромада, боиси ҳалокати 24 сар чорвои хурд шудааст. Чорвои талафёфта ба хоҷагии ҷангали вилояти Суғд тааллуқ доштааст.
Ҳамчунин, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Рустамбек Юсуфбековаи ноҳияи Ишкошими Бадахшон аз сабаби барфрезии зиёд дар хонаи истиқоматии як сокини ин маҳал дарахти бузурге чаппа шуда, ба манзил зарари моддӣ расонидааст. Миқдори зарари расида маълум нест.
Манбаъ мегӯяд, ҳодисаи дигар дар километри 425-и роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Ванҷ, ки аз ҳудуди ҷамоати Водхуди Ванҷ мегузарад, рух додааст. Дар ин мавзеъ дар натиҷаи фурӯпошии сангҳои бузург ду мошини сабукрав ва як экскаватор осеб дида, дар пайи сангрезӣ роҳ баста шудааст.
Ба иттилои кумита, дар ҳеҷ кадоми ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар пайи ин ҳодисаҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар сокинонро аз хатари тармафароӣ, сел ва фурӯпошии сангҳо огоҳ карда, ҳушдор додааст, ки аз сафар дар роҳҳои кӯҳӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва моҳидорӣ худдорӣ кунанд.
Бояд гуфт, рӯзҳои охир аз вазъи ноҳамвори роҳи Душанбе-Хоруғ наворҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мешаванд. Дар наворҳо дида мешавад, ки баъди боронҳои шадид ҳаракати нақлиёт, махсусан нақлиёти вазнин дар ин роҳ душвор шудааст.
Қаблан, рӯзи 15-уми март низ сел дар деҳаву маҳаллаҳои ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб ба хоҷагиву ҳавлиҳои мардум зарар расонда, роҳҳоро бо лой ва регу шағал пур карда буд.
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Размикори ММА аз Тоҷикистон Артур Одилбеков дар ҷанги Русия дар Украина кушта шуд
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё
Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста