Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия дастур додааст, ки дар Сарраёсати хазинадории марказии ин ниҳод суратҳисоби махсуси "Фонди тақсими фоида" аз фурӯши нерӯи барқе, ки НБО-и "Роғун" истеҳсол мекунад, боз намояд.
Ин дастури ҳукумат рӯзи 28-уми феврал содир шудааст ва "Азия-Плюс" имрӯз, 26-уми март бо он шинос шуд.
Дар қарори ҳукумат омадааст, ки истифодаи маблағҳои ин суратҳисоб баъд аз қабул ва тасдиқи барномаи тақсими муштараки фоидаи ҶСК НБО “Роғун” сурат мегирад.
Бояд гуфт, дар ҳоли ҳозир ду чарха ё агрегати аввали НБО “Роғун” бо иқтидори маҳдуд фаъолият доранд. Қарор аст, ки чархаи навбатии нерӯгоҳ имсол ба истифода дода шавад.
Ба иттилои Вазорати энергетика, соли 2024 НБО “Роғун” 1 миллиарду 220 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст, ки ҳудуди 5,5 дарсади нерӯи барқ истеҳсолшуда дар соли гузашта (22 миллиарду 428 миллион кВт/соат) дар кишварро ташкил медиҳад.
Феълан ин нерӯгоҳро Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "НБО Роғун", ки таҳти назорати ҳукумати кишвар аст, идора мекунад.
Интизор меравад, пас аз анҷоми пурраи сохтмони нерӯгоҳ, НБО “Роғун” ба тавозуни ҶСК "Барқи тоҷик", ки ниҳоди идоракунандаи нерӯгоҳҳои истеҳсолкунандаи барқи кишвар аст, дода шавад.
Пурра анҷом ёфтани тарҳи Роғун пас аз 10 сол - дар соли 2035 дар назар аст. Барои ин ҳукумат бояд на камтар аз 6,4 миллиард доллар сармоя пайдо кунад.
Ба гуфтаи ҳукумат, барои сохтмони Роғун беш аз 40 миллиард сомонӣ (тахминан 4 миллиард доллар), аз ҷумла аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои ҶСК “НБО Роғун” (890 миллион сомонӣ), евробондҳо (500 миллион доллар) ва боқимонда аз будҷаи давлат ҷудо шудааст.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста