Барои амалисозии Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027-ум 133 млн сомонӣ ҷудо шудааст.
Ҳадаф аз барнома афзоиши истеҳсоли гӯшту тухм ва асалу моҳӣ аз ҳисоби ҷорисозии технолгияҳои муосир, беҳтар кардани корҳои зотпарварӣ ва фароҳам сохтани заминаи хӯрока унвон мешавад.
Дастгирии давлатӣ тавассути қарзу кумакпулӣ ва таълиму омӯзиш пешбинӣ шудааст.
Ба барнома аз буҷет 13,3 млн сомонӣ (зиёда аз 1,2 млн доллар) ҷудо шуда, маблағи боқимонда - ҳудуди 120 млн сомонӣ (зиёда аз 11 млн доллар) аз ҳисоби сармоягузориҳои ватанӣ ва хориҷӣ ҷалб карда мешавад.
Гӯшт каму шир зиёдтар
Чорводорӣ дар таъмини аҳолӣ бо ғизо ва саноат - бо ашёи хом нақши калидӣ дорад. То 1 январи соли 2025 дар Тоҷикистон 2 млн 790 ҳазор сар чорвои калони шохдор ва 7,1 млн сар чорвои майда ба қайд гирифта шуда буд.

Ба туфайли дастгирии давлат афзоиши саршумори чорво ва паранда, инчунин зиёд шудани истеҳсоли гӯшту шир, тухму моҳӣ ва асал ба назар мерасад.
Мувофиқи пешгӯиҳо, соли 2027 истеъмоли гӯшт ба ҳар сари аҳолӣ аз 14,9 кг то 17,9 кг ва шир - аз 107 л то 115 л мерасад.
Аммо, сарфи назар аз тамоюлҳои мусбат, ин соҳа бо як қатор мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ аст. Яке аз ин мушкилот сифати пасти чорвои зотӣ мебошад: зиёда аз 93%-и чорвои калони шохдор ва 81,8% чорвои майда дар хоҷагиҳои шахсӣ, ки дар онҳо маҳсулнокӣ паст аст, парваришу нигаҳдорӣ мешавад. Дигар мушкилоти назаррас нокофӣ будани хӯрокаи чорво аст, зеро захираҳои маҳдуди истеҳсоли хӯрокаи хушсифат мустақиман ба афзоиши саршумор ва маҳсулнокии чорво таъсир мерасонанд.
Ҳамчунин сатҳи пасти хадамоти байторӣ (ветеринарӣ), ки ба камбуди мутахассисон ва озмоишгоҳҳо (лабораторияҳо)-и муосир марбут аст, хавфу хатарҳои иловагӣ ба вуҷуд меоранд.
Ғайр аз ин, хоҷагиҳои хурд дар дастрасӣ ба маблағгузорӣ мушкилӣ доранд, ки гирифтани қарзро барои рушд душвор месозад. Шароити иқлим низ омили муҳим аст, зеро хушксолӣ ва камбуди об ба таъмини чорво бо хӯрока ва оби ошомиданӣ таъсири назаррас мегузоранд.
Оё қутоспарварӣ соҳаи ояндадор аст?
Бино ба маълумоти оморӣ, ба туфайли барномаҳои давлатӣ саршумори қутосҳо ҳамасола афзуда, то 1 январи соли 2025 ҳудуди 28 ҳазор сарро ташкил медод.

Лекин зиёда аз 74%-и онҳо дар бахши хусусӣ нигаҳдорӣ шуда, вазн ва маҳсулнокии онҳо ҳоло ба меъёрҳо ҷавобгӯ нест.
Мушкили асосӣ ба норасоии корҳои селексионӣ, камбуди хӯрока дар мавсими зимистон ва имконоти маҳдуди коркарди маҳсулот марбут аст.
Бар асари мавҷуд набудани кумаки доимии байторӣ қутосҳо бештар ба бемориҳо осебпазир буда, дастрасӣ ба бозорҳои махсуси фурӯш маҳдуд боқӣ мемонад.
Барои ҳалли ин мушкилот дар Барномаи комлексӣ кори селексионӣ ҷиҳати беҳтар кардани маҳсулнокии генетикии қутосҳо, таъмини чорводорон бо хӯрокаи хушсифат ва хадамоти байторӣ, инчунин рушди зерсохтори коркард пешбинӣ шудааст.
Таъсиси кооперативҳо ба хоҷагиҳои хурд дар муттаҳид сохтани кӯшишҳо ва роҳ ёфтан ба бозорҳои бузург кумак мекунад.
Дастгирии давлат, аз қабили кумакпулӣ ва қарзҳои имтиёзнок метавонад ба рушди соҳа мусоидат намояд. Афзоиши сармоягузорӣ ба коркарди маҳсулот, аз ҷумла истеҳсоли маснуоти ҳасиб, матоъи пашмин ва маҳсулоти ширӣ даромаднокии қутоспарвариро афзуда, нақши онро дар иқтисоди ноҳияҳои кӯҳистон мустаҳкам мекунад.
Минбаъд ҷорисозии методҳои муосири парвариш ва беҳбуди шароитҳои нигаҳдорӣ ба афзоиши назарраси маҳсулнокии чорво ва бештар рақобатпазир намудани соҳа имкон медиҳад.
Асппарварӣ: рушд, селексия ва эътирофи байнулмилалӣ
То 1 январи соли 2025 саршумори асп дар Тоҷикистон ба 91,6 ҳазор сар расид. Аммо соҳа ба як қатор мушкилот дучор аст, аз ҷумла маблағгузории нокофӣ, камбуди зерсохтор ва дастгирии суст аз ҷониби бахши хусусӣ.
Беҳбуди шароити парваришу нигаҳдорӣ, навсозии хоҷагиҳои асппарварӣ ва баланд бардоштани сифатҳои маҳсулнокии аспҳо иқдоми муҳим барои рушд маҳсуб меёбад.

Методҳои муосири интихоб ва ошкор намудании зотҳои беҳтарин ба беҳбуди имкониятҳои генетикӣ имкон медиҳанд, лекин барномаҳои селексионӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи нокофӣ боқӣ мемонанд. Барои муваффақона роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ баланд бардоштани сатҳи тайёр кардани аспҳо, иштирок дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ, муаррифӣ ва писандида кардани зотҳои миллӣ зарур аст.
Ҳалли ин вазифаҳо сармоягузорӣ, иштироки фаъолонаи мутахассисон ва дастгирӣ аз ҷониби давлатро атқозо мекунад.
Парандапарварӣ дар Тоҷикистон: аз имтиёзҳо то миллирадҳо дона тухм
То соли 2027 афзоиши истеҳсоли гӯшт то 66,2 ҳазор тонна ва тухм - то 1,19 млрд дона ва таъмини ҳар як сари аҳолӣ бо 6,1 кг гӯшт ва 119 дона тухм дар назар аст.
Сарфи назар аз афзоиши назаррас ва дастгирӣ аз ҷониби давлат, соҳаи парандапарварӣ бо як қатор мушкилот дучор буда, яке аз мушкилоти ҷиддӣ вобастагӣ ба воридоти хӯрока аст.
Ҳарчанд дар кишвар чандин корхонаи хӯроки омехта (комбикорм) фаъолият доранд, қисми зиёди таркибҳои хӯрока, аз ҷумла лӯбиёи соя, аминокислотаҳо, витамин ва минералҳо аз хориҷа ворид мешавад, ки ин арзиши аслии маҳсулотро ба қурби асъор ва вазъи иқтисод дар хориҷа вобаста мекунад.
Ҳамчунин дар парвариши мурғҳое, ки аз тухми онҳо чӯҷаҳо гирифта мешаванд, маҳдудиятҳо ҷой доранд.
Дар кишвар танҳо се корхонаи машғул дар ин самт амал мекунанд, ки барои пурра таъмин кардани талаботи соҳа кофӣ нест.
Шумори нокофии тухмҳои инкубатсионӣ (чӯҷабарор) ва чӯҷаҳои шабонарӯзӣ низ аз мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мемонад, зеро воридоти маҷбурӣ арзиши аслии маҳсулоти ниҳоиро зиёд мекунад.
Норасии мутахассисони варзида аз қабили байторону зоотехникҳо ва мутахассисон оид ба хӯрокдиҳии паранда ба самаранокии истеҳсол таъсири манфӣ мерасонад.
Тайёр кардани кадрҳо дар ин соҳа нокофӣ боқӣ мемонад, ки сатҳи хидматрасонии касбӣ дар хоҷагиҳои парандапарвариро паст мекунад.

Афзоиши саршумор хавфи паҳншавии бемориҳои сироятиро меафзояд, ки тақвияти назорати байторӣ ва риояи қатъии меъёрҳои беҳдошт (санитария)-ро талаб мекунад. Тағйирёбии нархи гӯшти паранда ва тухм дар бозор тарҳрезии дарозмуҳлатро душвор сохта, рақобат бо маҳсулоти воридотӣ рақобатпазирии истеҳсолкунандагони маҳаллиро паст мекунад.
Мушкилоти иловагӣ ба вобастагӣ аз нерӯи барқ ва душвориҳо дар зерсохтор марбут аст. Корхонаҳои парандапарварӣ, бахусус инкубаторҳо ва низоми ҳавософкун таъминоти доимӣ бо барқро талаб карда, мушкилот дар интиқоли барқ метавонанд ба талафот дар истеҳсол боис гарданд.
Дастрасӣ ба қарз низ душвор аст, бахусус барои хоҷагиҳо ва кишоварзони хурду миёна. Душвориҳои логистикӣ вазъро боз ҳам душвортар месозанд, зеро дурдастии баъзе минтақаҳо аз бозорҳои бузурги фурӯш хароҷоти нақлиётро зиёд мекунад.
Ҳаллу фасли ин мушкилот ба соҳаи парандапарварӣ имкон медиҳад, ки на танҳо ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ ноил гардад, балки сатҳи амнияти озуқавориро баланд бардорад.
Моҳипарварӣ: чаро маҳсулнокии обанборҳо кам мешавад?
Соҳаи моҳипарварӣ дар Тоҷикистон ҳамасола ба туфайли захираҳои бойи обии кишвар дар ҳоли рушд аст. Барои дастгирии ин соҳааз соли 2019 имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ ҷорӣ шуданд, ки ба афзоиши шумори хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва истеҳсоли моҳӣ имкон дод.
Соли 2024 дар ҷумҳурӣ 366 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият намуда, масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ ба 2743,8 гектар расид. Истеҳсоли моҳӣ то 5,6 ҳазор тонна зиёд шуд.
Таъминот бо моҳӣ ба ҳар сари аҳолӣ то 0,4 кг расида, бо татбиқи барнома афзоиши ин нишондиҳанда то 0,72 кг дар назар аст. Тайи ду соли ахир шумори моҳиҳои зотӣ ва беҳтаршуда зиёд гардида, 27 ҳазор ададро ташкил медиҳад, ки 1,9 баробар зиёдтар нисбат ба се соли пешин аст.

Аммо маҳсулнокии ҳавзҳои моҳипарварӣ паст боқӣ мемонад. Дар солҳои 1990-ум он 30-35 сентнер аз як гектарро ташкил дода, имрӯз бар асари норасоии хӯроки омехта ва дигар омилҳо, ин нишондиҳанда то 15-16 сентнер поин рафтааст.
Бисёре аз хоҷагиҳо бо фарсудшавии таҷҳизоти обрасонӣ, техника ва технология дучоранд, ки ба ҳаҷми истеҳсол таъсири манфӣ мерасонад.
Ҳамасола бар асари омилҳои табиӣ қисмате аз ҳавзу обанборҳо корношоям мешаванд, аз ин рӯ, беҳтар кардани ҳолати онҳо ба баланд бардоштани маҳсулнокӣ ба андозаи 20-30 фоиз ва коҳиши хароҷоти иловагӣ имкон медиҳад.
Занбӯриасалпарварӣ: чӣ гуна метавон ба бозорҳои байнулмилалӣ роҳ ёфт?
Шароитҳои мусоид имкон медиҳанд, ки шумори оилаҳои занбӯри асал ба 600 ҳазор расонида шуда, ҳамасола 10-12 ҳазор тонна асал истеҳсол шавад. Ғайр аз ин, аз парвариши занбӯри асал дигар маҳсулоти арзишманд, аз ҷумла мум, гарди гул, шири занбӯри мода, заҳри занбӯр ва ширеш ба даст овардан мумкин аст.

Асал маҳсулоти асосии соҳа мебошад, аммо дигар маҳсулоти он дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ чандин маротиба гаронтар аст. Масалан, гарди гул аз асали фурӯшӣ 6 баробар, ширеш - 8 баробар ва заҳри занбӯр - 660 баробар қиматтар аст.
Дар соли 2024 шумори оилаҳои занбӯр дар кишвар ба 274 ҳазор адад ва истеҳсоли асал - ба 4,8 ҳазор тонна расид.
Сарии назар аз зиёд шудани шумори оилаҳои занбӯр ва истеҳсоли асал, маҳсулнокии ҳар як оила беҳбудӣ мехоҳад. Барои ин роҳандозии воридот ва содироти оилаҳои занбӯр дар ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ, инчунин анҷоми корҳои зотпарварӣ ва селексионӣ зарур аст.
Дар ҷумҳурӣ чор корхона барои коркарди асал ба истифода дода шудаанд, ки дар шаҳрҳои Хуҷанд, Дарвоз, Ховалинг ва Балҷувон ҷойгир буда, ба қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти бозори дохилӣ ва рушди содирот мусоидат мекунанд.
Дар натиҷаи татбиқи барнома, афзоиши шумораи оилаҳои занбӯр, зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли асал ва ба роҳ мондани содироти оилаҳои занбӯр ва асали табиӣ пешбинӣ мешавад.