Ду марҳилаи ҷарроҳии мураккаб дар Ӯзбекистон, ки аз ҷониби табибони рус анҷом дода шуд, ба Умриузоқ Абдураҳмонов имконияти шифо ёфтанро дод. Саргузашти ӯро “Азия-Плюс” ҳамвора пайгирӣ дошт ва барои кумакаш ҳамоҳангӣ мекард.
Ҷарроҳии аввал 11-уми январи соли 2025 гузаронида шуд, ки тақрибан 8 ҳазор доллар арзиш дошт. Марҳилаи дуюм ва ниҳоии ҷарроҳӣ 25-уми январ анҷом ёфт, ки 1,5 ҳазор доллари дигарро талаб кард.
Маблағи заруриро одамони хайрхоҳ ҷамъ карданд, ки пас аз дидани гузоришҳои расонаҳо оид ба ҳолати ин ҷавон, ба кумак шитофтанд.
Умриузоқ аз оғози таваллудаш бо маъюбии модарзод - надоштани пешобдон, ба дунё омад. Бино ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, ин бемории нодир аст, ки аз ҳар 3 миллион нафар дар сайёра танҳо як нафар ба он гирифтор мешавад.
Саргузашти ин ҷавон пур аз мушкилот ва дард буд. Вақте ӯ таваллуд шуд, маъюбияташ боиси он гардид, ки падараш аз ӯ рӯй гардонад ва оила пошида шавад. Умриузоқ дар 6-солагӣ ба хонаи пиронсолони ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов оварда шуд. Вай 16 сол дар он ҷо умр ба сар бурд, то ин ки соли 2021 ба хонаи пиронсолони шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуд.
Дар суҳбат бо хабарнигорон, ӯ қисса кард: “Ман фарзанди дуюми оила ҳастам. Пеш аз ман ҳам волидонам соҳиби писарчае шудаанд, ки маъюб будааст. Ӯро дар кӯдакиаш аз даст додаанд. Пас аз ду соли марги бародарам, ман таваллуд шудаам. Мутаассифона, ман ҳам маъюб ҳастам”.
Ин ҳақиқатро ӯ аз нақли бибиаш фаҳмидааст.
Соли 2008, вақте ки Умриузоқ 11-сола буд, намояндагони ташкилоти "Рангинкамон" ба дидори ӯ омаданд. Пас аз шинос шудан бо ҳолати саломатии ӯ, онҳо барои гузаронидани ҷарроҳӣ ӯро ба Олмон бурданд. Дар он ҷо ҷарроҳии аввалин анҷом ёфт ва барои ӯ пешобдон васл карданд. Аммо то соли 2025 ҳолати саломатии ӯ ҳамоно душвор буд.
Баъди омаданаш ба хонаи пиронсолони Хуҷанд, Умриузоқ мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифт. Ҳамин таваҷҷуҳ буд, ки боиси ҷалби дастгирии молӣ барои табобати ӯ гардид.
Акнун, пас аз ҷарроҳиҳои муваффақ дар Ӯзбекистон, табибон изҳор доштаанд, ки Абдураҳмонов метавонад оиладор ва соҳиби фарзанд шавад. Ин хабари хушест барои ҷавоне, ки беш аз 27 сол бо дард ва маҳрумият зиндагӣ кардааст.
“Давраҳои бачагиям, наврасиям бо азобҳои сангин гузашт, кӯдак бошам ҳам бо пиронсолон калон шудам. Рӯйи модару падар, меҳри онҳоро надида 28-сола шудам. Дар бадали ин ҳама мехоҳам оилаи солим бунёд карда, он чи худ надидам, ҳар орзуҳоямро ки дар умқи дилам монд дар фарзандонам амалӣ кунам”, - мегӯяд ӯ бо ашки шодӣ.
Масъулини Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд ба дастгоҳи раиси вилоят муроҷиат кардаанд, то ин ҷавони ятимро бо хонаи якҳуҷрагӣ таъмин намоянд. Зокир Ҷалолов, муовини марказ, ки Умриузоқро ду маротиба барои ҷарроҳӣ ба Ӯзбекистон ҳамроҳӣ кардааст, мегӯяд, ки агар ҳукумати Суғд хона диҳад, онҳо Умриузоқро дастгирӣ ва оиладор хоҳанд кард.
Ҷалолов аз таҷрибаи беш аз 30-солаи педагогияш иброз медорад, ки Умриузоқ нисбат ба ҳамсолонаш тарбияи хуб дошта, ба пасту баландиҳои зиндагӣ тобовар аст ва албатта метавонад оилаи солимро тарбия кунад.
Умриузоқ орзу дорад, мактаби ронандагиро хатм карда, ронанда шавад, зеро саломатияш барои корҳои вазнин мусоид нест. Бо вуҷуди тамоми мушкилоташ, ӯ мехоҳад фарзандонашро соҳибилму соҳибкасб ба воя расонад ва он меҳри падариеро, ки худаш аз он маҳрум буд, нисори насли худ намояд.
Саргузшти пурраи Умриузоқ Абдураҳмоновро дар ин матолиби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.
Синфи миёна - муҳаррики иқтисод ва омили субот. Тоҷикистон то соли 2030 барои рушди он чӣ нақша дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2025
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2025
Ҷалби нерӯҳои СААД ба қазияи Украина то куҷо воқеӣ аст ва ин ба кишварҳои аъзояш чӣ паёмад дорад?
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста