Имрӯз, 16-уми апрел Эмомалӣ Собирзода, вазири мудофиаи Тоҷикистон дар доираи сафари худ ба Эрон бо Абдураҳим Мусавӣ, фармондеҳи кулли артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот кардааст. Ӯ дар доираи ин сафар дирӯз, 15-уми апрел ҳамчунин, бо Азиз Носирзода, вазири дифоъ ва Алиакбар Аҳмадиён, дабири Шӯрои олии амнияти ин кишвар дидор ва гуфтугӯ карда буд.
Расонаҳои эронӣ ба ҷуз аз ахбори дидору гуфтугӯи Эмомалӣ Собирзода ва Абдураҳим Мусавӣ дигар дар ин бора ҷузъиёт надодаанд. Ҳачмунин, ҷузъиёти мушаххаси гуфтугӯҳо бо дигар мақомдорони Эрон ҳам маълум нест.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин маврид иттилоъе нашр накардаанд. Кушишҳои “Азия-Плюс” низ барои ба даст овардани иттилоъи дақиқ дар робита ба ин сафар бенатиҷа анҷомид.
Расонаҳои Эрон навиштаанд, ки дар мулоқоти вазири мудофиаи Тоҷикистон бо ҳамтои эронияш масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои дифоъ, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи аслиҳа ва ҷиноятҳои созмонёфта баррасӣ шудаанд.

Хабаргузории “Исна” навиштааст, Азиз Носирзода дар ишора ба муштаракоти таърихӣ, динӣ ва фарҳангӣ ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи дифоъ байни ду кишвар махсус таъкид намуда, ба мавқеи вижа ва барҷастаи Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии Эрон ишора кардааст.
“Мақомоти роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон робитаҳо бо кишвари Тоҷикистонро ба бародарӣ ва хешовандӣ асосёфта медонад”, - гуфтааст ин мақоми баландпояи Эрон.
Ҳамчунин, расонаҳои ин кишвар навиштаанд, дар дидори Эмомалӣ Собирзода бо Алиакбар Аҳмадиён таҳкими равобити сиёсӣ, дифоъ, иқтисодӣ, фанноварӣ ва амниятӣ таъкид шудаанд.

Ба иттилои хабаргузории “Исна”, Алиакбар Аҳмадиён заминаҳои зиёди ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавиро дар бахшҳои гуногун, махсусан, дар соҳаи муқовимат бо терроризм шарҳ дода, ба сафару мулоқоти охири Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон ишора ва “омодагии Ҷумҳурии Исломии Эронро барои амалӣ намудани созишномаҳои бадастомада”-ро эълон кардааст.
Дар мулоқот Аҳмадиён ҳамчунин аз ҳалли масоили марзии Тоҷикистон бо баъзе Қирғизистон, ки барои тақвияти сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад, изҳори хурсандӣ ва қаноатмандӣ намудааст.

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Собирзода, вазири дифоъи Тоҷикистон рӯзи 14-уми апрел ба Эрон сафар кардааст. Ӯ вориди Шероз шуда, бо Ҳусейналӣ Амирӣ, раиси вилояти Форс гуфтугӯ анҷом додааст.
Ба навиштаи Исна, Ҳусейналӣ Амирӣ низ бар мушобеҳоти зиёди фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон таъкид карда, бахшҳои ҳамкориҳои ду кишварро густурда хондааст.
Ёдрас мешавем, ки баъди сафари Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон ва ба имзо расидани 23 санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф равобити ду кишвар ва сафарҳои мақоми баландпояи кишварҳо ба давлати ҳамдигар ба маротиб афзуд ва баъди даъвати Эмомалӣ Раҳмон садҳо сайёҳӣ эронӣ ба Тоҷикистон сафар карданд.
Бояд гуфт, ҳоло як ҳайати кории Эрон низ бо роҳбарии Алӣ Наҷафии Хушрудӣ, муовини ноиби аввали раиси ҷумҳури ин кишвар дар Тоҷикистон қарор дорад.





Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло рафта, лекин дар муқобили рубл поин рафт
Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста