Ҳукумат оид ба ҷалби сармоя ҷиҳати бунёди НБО "Роғун" бо сармоягузорон, аз ҷумла бо ҳукумати Итолиё, Бонки сармоягузории Аврупо, Фонди рушди Абу-Забӣ, Бонки рушди Осиё ва дигар донорҳои молиявии эҳтимолӣ гуфтушунид мекунад. Дар ин бора вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода имрӯз, 14-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ҷиҳати таъминоти молиявии бунёди НБО "Роғун" бо чандин донорҳои байналмилалӣ ба маблағи умумии 812 миллион доллари ИМА созишномаҳо имзо шудаанд, ки 462 миллион доллари он қарз ва 350 миллион доллар грант мебошад.
Қаҳҳорзода гуфт, ки фоизи ҳамаи қарзҳои ҷалбшуда паст ва он дарозмуддат, аз 25 то 30 сол, мебошад.
Вазир изҳори боварӣ кард, ки пас аз амалӣ кардани лоиҳаи "Роғун" ин маблағҳо ба қарздиҳандагон дар вақташ баргардонида мешаванд.
Бояд гуфт, зимни ироаи паём ба парлумони кишвар, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки ҳукумат барои таъмини маблағгузории саривақтии ин объекти стратегии муҳим, тадбирҳои доимӣ андешад ва аз тамоми манбаъҳо истифода намояд.
“Дар ин робита ҳамкорӣ бо як қатор ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва шарикони рушди мо барои ҷалби маблағҳои фоизӣ ба ҳаҷми 33 миллиард сомонӣ ё 3 миллиард доллар, ки аз ин миқдор 12,5 миллиард сомонӣ ё 1 миллиард 150 миллион доллар грант мебошад, ба роҳ монда шудааст”, -
таъкид гардид дар паём.
Ҳамчунин, зикр шуд, ки то охири соли 2024 созишномаҳо бо шаш ташкилот ба маблағи умумии 10 миллиард сомонӣ (тақрибан 1 миллиард доллар) имзо шудаанд, ки аз ин миқдор 3,8 миллиард сомонӣ грант мебошад ва дар соли 2025 сармоягузорӣ аз ҷониби онҳо оғоз хоҳад ёфт.
Дар паём зикр шудааст, ки дар ду соли охир барои идомаи сохтмони Роғун аз буҷети давлатӣ бештар аз 9 миллиард сомонӣ (тақрибан 830 миллион доллар) ҷудо шудааст.
Дар умум, барои идомаи сохтмони Роғун бештар аз 40 миллиард сомонӣ (тақрибан 4 миллиард доллар) ҷудо гардидааст, ки аз ҷумлаи маблағҳо 890 миллион сомонӣ аз фурӯши саҳмияҳои ҶДММ НБО "Роғун", 500 миллион доллар аз евробонду дигар маблағҳо аз буҷети давлатӣ мебошанд.
Барои анҷоми комили лоиҳаи НБО "Роғун" то соли 2035 дар умум 6,4 миллиард доллар зарур аст.
Ёдовоар мешавем, ки то ин лаҳза ду чархаи НБО "Роғун" ба кор андохта шудааст ва чархаи сеюми он соли ҷорӣ бояд ба кор дарояд. Дар умум, ин нерӯгоҳ 6 чарха дорад ва иқтидори умумии он 3600 МВт мебошад.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2025
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Қадам ба қафо. Қатъи фаъолияти USAID ба бахши кишоварзии Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2025
Афви зиндониён. Имрӯз 697 нафари дигар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.
Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Афви тақрибан 900 зиндонӣ. Аллакай, 200 кас аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста