Дар Додситонии кулли кишвар баъзе тафсилоти дигари қасди амали террористӣ дар Ваҳдат дар арафаи ҷашни Наврӯз бо истифода аз заҳролудкунии аҳолӣ дар соли 2024-ро шарҳ дода, гуфтанд, дар робита ба ин ҷиноят, беш аз 30 нафар боздошт ва аз 8 то 20 сол равонаи зиндон гардиданд. Дар робита ба ин ҳодиса ҳоло 10 нафари дигар дар пайгард қарор доранд.
Тобистони соли гузашта Додситонии кулл хабар дода буд, ки беш аз 20 нафарро барои қасди акти террористӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли 2024 бо истифода аз заҳролудкунии оммавӣ боздошт кардааст ва онҳо аъзои ташкилоти дар Тоҷикистон мамнӯи террористии ДОИШ* мебошанд.
Ҷумъаназар Саидаҳмадзода, сардори Раёсати муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар Додситонии кулли кишвар имрӯз, 14-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар робита ба “ҷиноятҳои террористие, ки дар шаҳри Ваҳдат рух дод, таҳти роҳбарии Ҳикматов Абубакр, нисбати зиёда аз 30 нафар парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шуда, бо ҳукми суд маҳкум шуданд”.
Ба иттилои ӯ, муттаҳамон аз 8 то 20 сол равонаи зиндон шуданд. Ҳоло 10 нафари дигар дар робита ба қасди террористӣ дар Ваҳдат дар пайгард будаанд.
Ҷумъаназар Саидаҳмадзода гуфт, муттаҳамон аз шаҳру навоҳии гуногуни кишвар будаанд ва мехостанд, “акти террористӣ бо роҳи заҳролуд кардани хӯрок дар ҷашни Наврӯз дар шаҳри Ваҳдат содир шавад”.
Назари худи маҳкумшудагон, пайвандони онҳо ё вакилони дифояшон дар робита ба ҳукми додгоҳ маълум нест.
Бояд гуфт, ки боздошти даҳҳо нафар дар пайванд ба қасди амали террористӣ дар арафаи Наврӯз дар шаҳри Ваҳдат бори аввал баҳори соли гузашта, пас аз ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл” дар канораи шаҳри Маскав, расонаӣ шуд. Он замон мақомоти Тоҷикистон ин иттилоъ рад карда, гуфта буданд, ки “ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд”.
Баътар, тобистони ҳамон сол, Додситони кулли кишвар тасдиқ кард, ки беш аз 20 нафарро барои қасди акти террористӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли 2024 дар кишвар боздошт кардааст ва онҳо аъзои ташкилоти дар Тоҷикистон мамнӯи террористии ДОИШ* мебошанд.
Он замон Юсуф Раҳмон, додситони вақти кул гуфт, “дар ҳақиқат содиршавии акти террористӣ бо роҳи заҳролудкунии гурӯҳи одамон дар арафаи Ҷашни Наврӯз аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешгирӣ карда шуд”.
Аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ буҷети кишвар аз миллионҳо сомонӣ маҳрум шуд
Дар Тоҷикистон смартфони HONOR X8c муаррифӣ шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2025
“Ғоратгарӣ ва куштани соҳибхонаҳо”. Додситони кул ангезаи кушторҳои пайдарпай дар Конибодомро шарҳ дод
Додситонии кул ҳадафи ҳамлаи террористӣ ба мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлобро шарҳ дод
Тоҷикистон барои бунёди НБО "Роғун" ба маблағи 812 млн доллар созишнома имзо кардааст
Ошӯб дар зиндони Ваҳдат. Додситони кул гуфт, ки сардори зиндон захмӣ шудааст
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, соли гузашта Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикро “бозпас фиристод"
Дар қазияи фасодкорӣ дар Вазорати дифоъ нисбати 26 хидматчии давлатии дигар парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст
Литва ба Шамсулло Саидшарифов паноҳгоҳ дод. Ӯ дар Тоҷикистон барои нашъаҷаллобӣ ҷустуҷӯ мешуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста