Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 феврал гуфт, ки Литва ба шаҳрванди Тоҷикистон Шамсулло Саидшарифов паноҳгоҳи сиёсӣ дода, номи ӯро аз рӯйхати пайгарди байнулмилалии "Интерпол" хориҷ кард.
“Ӯ дар содир намудани ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар айбдор мешавад”, - зикр кард ӯ.
Ба гуфтаи вазир, Саидшарифов гурӯҳи нашъаҷаллоби фаромиллиеро, ки 24 узви он ба ҳабс гирифта шуда, алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд, роҳбарӣ мекард.
“Аз боздоштшудагон 1 тонна маводи нашъаовар мусодира шуд. Ғайр аз ин, Саидшарифов ба иштирок доштан дар 10 парвандаи ҷиноятии марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи муххалир гумонбар мешавад. Ӯ чандин сол мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад ва сарфи назар аз қарори мақомоти Литва, Тоҷикистон баҳри боздошти ӯ талош хоҳад кард”, - гуфт Раҳимзода.
Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, шабакаи фаромиллӣ, ки муддати тӯлонӣ ба интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Аврупо тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ машғул буд, соли 2021 ошкор карда шуд.
Он замон сокини маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе Азизулло Абдуллоев, ки дар Русия барои қаллобӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маҳкум шуда буд, саркардаи ин гурӯҳи фаромилии муташаккили ҷиноятӣ номида мешуд.
Аз ин гурӯҳ қариб ним тонна маводи нашъаовар мусодира шуда буд, ки яке аз миқдорҳои калонтарини маводи мухаддири мусодирашуда тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон маҳсуб меёфт.
Ҳамон вақт аз ин гурӯҳ зиёда аз 473 кг маводи нашъаовар мусодира шуда буд (79 кг героин, 169 кг афюн ва беш аз 255 кг ҳашиш).
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе он замон хабар дода буд, ки арзиши маводи нашъаовари мусодирашуда дар “бозори сиёҳ” ба зиёда аз 6 млн доллар баробар аст.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345783/1..jpg)
Ҳамчунин Раёсати ВКД-и пойтахт иттилоъ дода буд, ки ба гурӯҳи ҷиноятпеша ба ҷуз Шамсулло Саидшарифов, донишҷӯи 23-сола аз Душанбе Сиёвуш Содиқов, зодаи Ванҷ Сорбон Сабзқадамови 37-сола, омӯзгори 57-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ Бӯрон Самадов ва ҳамдиёри ӯ Мурод Хӯҷаеви 35-сола, инчнуин шаҳрванди Ӯзбекистон Азамат Тулаганови 48-сола шомиланд.
Аммо танҳо Саидшарифов аз 3 сентябри соли 2019 ба гумони даст доштан дар ҷиноятҳои гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба миқдори ниҳоят зиёд (моддаи. 200 КҶ ҶТ), тасарруфи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ (моддаи 202), ба расмият даровардани (қонунӣ гардонидани) маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигари ғайриқонунӣ ба даст овардашуда (модд.262) ва қочоқ (модд. 289) мавриди пайгард эълон шуд