Дар вохӯрии муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода бо муовини вазири энергетикаи Қирғизистон Назгул Усенова масоили мавриди баҳрабардорӣ қарор додани хати интиқоли барқ дар доираи Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000 баррасӣ шуданд.

Тавре ки Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни мулоқот зикр шудааст, ки дар муҳлатҳои наздик хатти интиқоли барқи 500 кВ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз зеристгоҳи барқии «Суғд-500» то зеристгоҳи барқии «Датка» ба истифода дода мешавад.

“Изҳори итминон шуд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар оянда низ густариш ёфта, ба сатҳи нав мебарояд”, - омадааст дар хабари Вазорат.  

Қобили зикр аст, ки хати интиқоли барқи 500 кВ “Датка - Суғд” дар доираи лоиҳаи CASA-1000 сохта шуд.

Дар лоиҳаи Central Asia – South Asia-1000 (CASA-1000) сохтмони хати фаромарзии интиқоли барқ пешбинӣ шудааст, ки тариқи он интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон дар назар аст.

Маросими расмии оғози татбиқи лоиҳаи CASA-1000 моҳи майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо ҳузури сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои чор кишвари иштирокчии лоиҳа баргузор шуд. Маблағи сохтмони хати интиқоли барқ бо масофаи умумии 1,4 ҳазор километр дар маҷмӯъ ҳудуди 1,2 млрд долларро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетикаи ҶТ, корҳои сохтмони лоиҳа дар қитъаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аллакай ба охир расида, ҷиҳати пайваст ба шабакаи минтақавӣ омодаанд. Анҷоми лоиҳа дар қисмати Афғонистон ва оғози истифодаи он дар соли 2026 дар назар аст.

Мувофиқи қарордодҳои имзошуда байни давлатҳои иштирокчии лоиҳа дар муддати 10 соли баъди ба истифода додани CASA-1000 интиқоли барқ аз Тоҷикистон танҳо дар давраи тобистон - аз моҳи май то сентябр сурат мегирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.