Шоми 18-уми марти соли равон Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ва Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар суҳбати навбатии телефонии худ асосан мавзӯи хатми ҷанг дар Украинаро баррасӣ кардаанд. Ин дуввумин суҳбати телефонии роҳбарони ду кишвар пас аз ба қудрат расидани Доналд Трамп ва пешниҳоди хатми ҷанг дар Украина аз ҷониби ӯ мебошад.
Русия чӣ изҳорот дод?
Кремл дар баёнияе эълон кардааст, ки ҷонибҳо мувофиқа кардаанд, рӯзи 19-уми март ивази 175 асири ҷангӣ аз ҳар ду тараф миёни Русия ва Украина анҷом шавад. Ҳамчунин, Русия 23 сарбози захмии украиниро, ки дар бемористонҳои ин кишвар бистарӣ ҳастанд, ба Украина таҳвил медиҳад.
Дар баёнияи Кремл гуфта мешавад, ки Трамп ва Путин ба мувофиқа расидаанд, ки "талошҳо барои ҳалли масъалаи Украинаро идома диҳанд". Манбаъ мегӯяд, ки дар робита ба ин, ду тараф гурӯҳҳои корӣ таъсис хоҳанд дод.
“Дар доираи ташаббуси раисиҷумҳури Амрико барои барқарории оташбаси 30-рӯза, ҷониби Русия як қатор нуқтаҳои муҳимро таъкид кард, ки аз таъмини назорат бар оташбаси эҳтимолӣ дар тамоми хатти ҷанг, қатъи басиҷ (мобилизатсия) дар Украина ва муҷаҳҳаз кардани нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар иборатанд”, — омадааст дар баёнияи Кремл.
ИМА чӣ гуфт?
Дар ҳамин ҳол, Кохи Сафед дар изҳороти худ навиштааст, ки Трамп ва Путин ба мувофиқа расиданд, ки ба сӯи сулҳ ва оташбас дар бахшҳои энержӣ ва инфрасохтор корҳо оғоз мешавад. Ба гуфтаи Кохи Сафед, музокирот баъдан барои иҷрои оташбас дар Баҳри Сиёҳ ва сипас дар бораи қатъи пурраи ҷанг ва сулҳи доимӣ идома хоҳад ёфт.
Бар асоси ин баёния, музокирот дар бораи ҷанг дар Украина ба зудӣ дар Ховари Миёна оғоз хоҳад шуд.
Кохи Сафед ҳамчунин мегӯяд, ки ду тараф дар масъалаи пешгирӣ аз мавқеи хатарнок гирифтани Эрон, ки метавонад ба Исроил таҳдид кунад, гуфтугӯ кардаанд.
Ба навиштаи расонаҳо, дар ин гуфтугӯ Трамп пешниҳод кардааст, ки Русия ва Украина ба муддати 30 рӯз ба зерсохторҳои энержии якдигар ҳамла накунанд. Путин ин пешниҳоди Трампро пазируфта, фармони қатъи ҳамлаҳо ба бахши энержии Украина ба муддати 30 рӯзро содир кардааст.
Пас аз анҷоми ин суҳбати телефонӣ, ки беш аз 90 дақиқа давом ёфтааст, Трамп дар саҳифаи худ дар “Truth Social” гуфтугӯяш бо Путинро "хеле хуб ва созанда" арзёбӣ кардааст.
Владимир Зеленский чӣ вокуниш кард?
Би-би-сӣ навиштааст, ки баъди чанд соати гуфтугӯи Путин ва Трамп, Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина, эълон кардааст, ки то ҳол мунтазири ҷузъиёти гуфтугӯ аз ҷониби Амрикост.

Ин расона мегӯяд, ки Зеленский изҳор доштааст, ки аз пешниҳоди қатъи ҳамлаҳо ба инфрасохтори энержии Русия (бар ивази иқдоми мутақобилаи Русия) пуштибонӣ мекунад, аммо мехоҳад маълумоти бештар дар бораи музокироти раҳбарони ИМА ва Русия дошта бошад.
"Фикр мекунам, дуруст мебуд, агар мо бо раисиҷумҳур Трамп сӯҳбат кунем ва ба таври муфассал фаҳмем, ки русҳо ба амрикоиҳо ё амрикоиҳо ба русҳо чӣ пешниҳод кардаанд", — гуфтааст Зеленский.
Дар изҳороти дигар, Владимир Зеленский гуфт, ки сарфи назар аз изҳороти Владимир Путин дар бораи омодагӣ ба сулҳ, Русия ҳамчунон ба ҳамла ба инфрасохтори шаҳрвандии Украина идома медиҳад.
Ӯ зикр кард, ки Путин дар асл пешниҳоди оташбаси комилро рад кардааст ва изҳори умедворӣ намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшишҳои Путинро барои тӯл додани ҷанг рад хоҳад кард.
Музокироти дуввуми ИМА ва Русия дар мавриди хатми ҷанг дар Украина
Дар ҳамин ҳол, Стив Уиткоф, фиристодаи махсуси Амрико дар умури Ховари Миёна, ба "Fox News" хабар додааст, ки музокироти навбатии Амрико ва Русия дар мавриди хатми ҷанг дар Украина рӯзи якшанбе, 23 март, дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.
Ба гуфтаи Уиткоф, мақомоти Амрико интизор доранд, ки Украина аз созишҳое, ки дар ҷараёни музокироти раисони ҷумҳури Амрико ва Русия ба даст омадаанд, ҷонибдорӣ кунад.

Суҳбати телефонии дуввуми Доналд Трамп ва Владимир Путин як ҳафта пас аз мулоқоти нахустини ҳайатҳои ИМА ва Русия дар робита ба хатми ҷанг дар Украина сурат гирифт. Он пас аз муноқишаи лафзӣ миёни Владимир Зеленский ва Доналд Трамп дар Кохи Сафед, ки бо таваққуфи кӯмаки низомии ИМА ба Киев анҷом ёфт, баргузор шуд.
Дар музокироти ИМА ва Украина, ки дар Ҷидда баргузор шуд, Амрико ва Украина дар изҳороти муштараке гуфтаанд, ки Киев омода аст оташбаси муваққатии 30-рӯза бо Русияро бипазирад ва Амрико ҳам эълон кардааст, ки кӯмакҳои низомӣ ба Украинаро барқарор мекунад.
“Украина омода аст ба оташбас расад. Акнун Русия бояд омодагии худро барои қатъи ҷанг ё оташбас нишон диҳад”, — гуфта буд Владимир Зеленский чанд дақиқа пас аз музокирот.
Он замон ИМА натиҷаи музокирот, аз ҷумла қатъи 30-рӯзаи оташбасро ба Русия пешниҳод кард, вале Владимир Путин дар посух гуфта буд: “Ман бо пешниҳоди ИМА дар бораи қатъи муваққатии ҷанг дар Украина розӣ ҳастам, аммо баъзе ҷузъиётҳо мавҷуданд, ки мехоҳам қабл аз ҳама онҳоро баррасӣ кунам.
Минбаъд кормандони милитсияи пойтахт ба театр мераванд
Файзалӣ Идизода раиси парлумони Тоҷикистон шуд
HRW аз Русия даъват кард, ки бегонаситезиро маҳкум ва аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоя кунад
Ҳамла ба “Крокус”. Додгоҳи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси чор гумонбари дигарро тамдид кард
“Давраи беҳтарин дар корномаи касбӣ”. Раиси парлумоне, ки зиёд интиқод мешуд, ҳисобот дод
Тағйироти кадрӣ. Чанд сафир, муовини вазир ва ректори донишкадаҳо нав шуданд
Зеристгоҳҳо Тоҷикистону Қирғизистонро бо хати ягонаи интиқоли барқ мепайванданд
Ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрока ба муносибати ҷашни Наврӯз ва иди Рамазон. Дар куҷо ва нарх чӣ гуна аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 марти соли 2025
Бозёфте, ки дар замони худ нагунҷид. Ёде аз овозхони маъруф Олим Бобоев
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста