ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 19 МАРТ
Соли 2003 – Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул шуд, ки 22 июни соли 2003 барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ раъйпурсӣ гузаронида шавад.
Соли 2009 – Ба сохтмони хатти роҳи оҳани “Ваҳдат – Ёвон” оғоз бахшида шуд.
Соли 2013 – Президенти кишвар Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма”-ро имзо кард.
Соли 2013 – Ба сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе санги асос гузошта шуд.
Соли 2014 – Дар шаҳри Душанбе боғи “Наврӯзгоҳ”, ки дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн намудааст, ба истифода дода шуд.
Соли 2018 – Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ бо Ӯзбекистонро дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони ҳар ду кишвар дар ҳудуди якдигар тасдиқ кард.
Соли 2018 – Дар шаҳри Душанбе маҷмааи фарҳангиву фароғатии “Дунёи афсона” барои кӯдакон ба фаъолият оғоз кард. Ин маҷмаа дар ҳудуди “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ” воқеъ буда, дорои 11 намуди майдонча ва таҷҳизоти дилхушӣ мебошад, ки асосан барои кӯдакони то 12-сола пешбинӣ шудаанд.
Соли 2019 – Дар Душанбе фаъолияти расмии корхонаи муштараки тоҷикиву туркии “AKIA AVESTO” барои истеҳсоли автобусҳо оғоз ёфт.
Соли 2020 – Додситони кулли Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар эълом кард, ки барои истирдоди Муҳиддин Кабирӣ ба Душанбе бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо музокирот идома дорад.
Соли 2021 – Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ хуруҷи бемории полиомиелити кӯдаконро дар Тоҷикистон эълом карда, вазъияти фавқулода эълон намуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1947 – Зодрӯзи Шодибек Сатторӣ, шоири тоҷик.
Соли 1947 – Мавлуди Заррина Миршакар, оҳангсози тоҷик, духтари Мирсаид Миршакар, Шоири халқии Тоҷикистон.

Заррина Миршакар, оҳангсози нозукбаён ва пайвандгари мероси мусиқии помирӣ дар оилаи Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар ба дунё омада, аз кӯдакӣ дар муҳити адабиёт ва мусиқӣ тарбия ёфтааст.
Ӯ дар ҷустуҷӯи асолати худ ба мероси мусиқии Помир таваҷҷуҳи махсус дошт. Солҳои дароз лаҳнҳои халқии помириро сабт ва таҳлил кард, ки ин тамоюл дар асари ӯ – сюитаи симфонии “Ду манзараи помирӣ” ба таври равшан таҷассум ёфтааст.
Аз осори барҷастаи ӯ метавон “Симфониетта”, “Рангҳои Помири офтобӣ” ва “Respiro- ро ном бурд. Ӯ бо ҳисси нозуки бадеӣ ва дарки амиқи мусиқии мардумӣ тавонист асарҳое эҷод кунад, ки ҳам ба анъанаҳои миллӣ содиқ буда, ҳам ба талаботи мусиқии ҷаҳонӣ ҷавобгӯй мебошанд.
Соли 1948 – Зодрӯзи Изатулло Ғаниев, кимиёшинос, доктори илми химия.

Изатулло Ғаниев яке аз олимони шинохтаи тоҷик дар соҳаи кимиё ва маводшиносӣ мебшад.
Фаъолияти касбии ӯ дар Корхонаи кӯҳӣ-маъдании “Анзоб” оғоз гардид. Ӯ муаллифи зиёда аз 100 ихтироъ буда, бисёре аз онҳо дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ва Русия мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Таҳқиқоти ӯ дар соҳаи синтез ва омӯзиши хосиятҳои физикавӣ-химиявии хӯлаҳои алюминий, таҳияи маводҳои ба коррозия устувор ва коркарди технологияи нав дар саноат аҳамияти бузург доранд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии муштарӣ аст. Ҳадафи ин рӯз ҷалби муштариёни нав ва қадрдонии муштариёни доимии ширкатҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ мебошад.

19 марти соли 1474 Дар Венетсия барои аввалин бор дар ҷаҳон қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ба ихтироот қабул шуд. Ин қонун ҳуқуқи маънавӣ ва ҳаққи истисноии муаллифро барои истифодаи ихтирооти худ дар муддати муайян эътироф мекард.
Ҷолибин аст, ки маҳз дар ҳамин давра Леонардо да Винчи дар Венетсия зиндагӣ мекард, ки ҷаҳонро бо намунаҳои танк, скафандр, чархбол ва парашют шинос кард, аммо ӯ натавонист аз имтиёзҳои ин қонун баҳра гирад.
19 марти соли 1899 дар Санкт-Петербург аввалин истгоҳи ёрии таъҷилӣ кушода шуд. Ин ташаббус бо кӯшиши ҷарроҳи маъруф Николай Велямининов амалӣ гардид.

19 марти 1918 дар ИМА Қонуни “Вақти стандартӣ” қабул гардид, ки низоми тақсими вақтро дар минтақаҳо расмӣ гардонд. Ин қонун бесарусомонии вобаста ба истифодаи вақти офтобии маҳаллиро бартараф кард.

19 марти 1922 дар Маскав бурҷи пахши радиои “Шаболовка” ба истифода дода шуд. Ин бурҷро муҳандиси рус Владимир Шухов тарроҳӣ кардааст.
Ҷолиб он аст, ки пас аз ҳодисаи садама ҳангоми сохтмон, Шухов ба қатл маҳкум шуд, аммо иҷрои ҳукм то анҷоми сохтмон ба таъхир андохта шуд. Вақте ки бурҷ ба истифода дода шуд, ӯ афв гардид.
Пахши таҷрибавии барномаҳои аввалини телевизионӣ аз бурҷи Шухов дар солҳои 1930-ум оғоз гардид. Айни замон ин бурҷ ҳамчун ёдгории меъморӣ ва муҳандисӣ эътироф шуда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 19 МАРТИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 5+10º гарм, рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º, рӯзона 9+14º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 16+21º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 7+12º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, рӯзона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят бебориш, дар шарқи вилоят асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18º сард, дар баъзе минтақаҳо то 23-25º сард, рӯзона -4+1º.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 23+25º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 22+24º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 25+27º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 10+12º гарм.
“Давраи беҳтарин дар корномаи касбӣ”. Раиси парлумоне, ки зиёд интиқод мешуд, ҳисобот дод
Тағйироти кадрӣ. Чанд сафир, муовини вазир ва ректори донишкадаҳо нав шуданд
Зеристгоҳҳо Тоҷикистону Қирғизистонро бо хати ягонаи интиқоли барқ мепайванданд
Доналд Трамп ва Владимир Путин дар дуввумин суҳбати телефонии худ чӣ гуфтанд?
Ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрока ба муносибати ҷашни Наврӯз ва иди Рамазон. Дар куҷо ва нарх чӣ гуна аст?
Бозёфте, ки дар замони худ нагунҷид. Ёде аз овозхони маъруф Олим Бобоев
Ба оилаҳои камбизоат чӣ қадар кумакпӯлӣ дода мешавад?
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати як корманди Раёсати ВКД дар Хатлон барои гирифтани $20 ҳазор пора
Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин иҷлосияи парлумони нав ширкат мекунад
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Душанбе чӣ гуна таҷлил мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста