Имрӯз, 19 март, дар парлумони Қирғизистон лоиҳаи Созишномаи ниҳоии аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба тасвиб расид.
Дар ин бора муовини раиси Девони вазирон, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев маърӯза карда, харитаҳоро нишон дод ва дар бораи қитъаҳои табодулшуда сухан гуфт.
85 вакил ба тарафдорӣ ва 1 нафар мухолиф овоз доданд.
Инчунин, дар ҷаласаи парлумон вакилон тасвиб карданд:
- Созишнома оид ба идоракунии об ва инфрасохтори энергетикӣ;
- Созишнома дар бораи инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ.
Мо муҳимтарин нукоти ин суханрониро гирдоварӣ кардем.

Дар умум:
Дарозии умумии марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1008,14 км аст:
- 519,9 км то соли 2011 мувофиқа шуда буд;
- 488,24 км дар се соли охир (2022-2024) мувофиқа гардид.
Санадҳои асосии ҳуқуқии баҳс:
- Тоҷикистон асосан ба харитаҳои солҳои 1924 ва 1927 такя мекард.
- Қирғизистон ба созишномаи таъсиси ИДМ ва Декларатсияҳои Алма-Ато ва Маскав (соли 1991) такя намуд.
Дар натиҷа ҳарду ҷониб мувофиқа карданд, ки сарҳад мувофиқи санадҳои соли 1991 тасдиқ шавад.
Баҳси минтақаи Лайлак:
Қирғизистон гирифт: (190 га)
- Участкаи Кайрағоч – 155 га (заминҳои собиқан дар истифодаи Тоҷикистон).
- Бурунуми Кайрағоч – 35 га.

Тоҷикистон гирифт (190 га замин):
- Саъда – 21 га
- Раззақов – 23,5 га
- Селкен – 4 га
- Улуш – 15 га
- Улак-Жай – 15 га
- Ақ-Арық – 7 га
- Қарабоғ – 65 га
- Майте – 35 га
- Пролетарск – 12,5 га
Ҷамъан: 190 га.
Эзоҳ: Қирғизистон яклухт 190 га замин гирифт, Тоҷикистон дар нуқтаҳои гуногун.
Минтақаи Максат:
Барои ҳалли низоъҳо хонаҳои истиқоматии ду тараф мубодила шуданд:
- Қирғизистон 16 хона гирифт.
- Тоҷикистон 15 хона гирифт.
Варзишгоҳи баҳсӣ (20 сотих) дар ихтиёри Тоҷикистон қарор гирифт.
Дидбонгоҳҳои марзӣ дар ихтиёри Қирғизистон боқӣ монданд.

Минтақаи Достук (Бодканд – Исфара):
Тоҷикистон дар деҳаи Достук 91 га замин гирифт:
- 35 га замини аҳолинишин (сокинон ба ҷои дигар кӯчонда шуданд);
- 58 га чарогоҳ.
Инчунин, дар ин мавзеъҳо заминҳо ба ихтиёри Тоҷикистон гузашт:
- Участкаи Мазеит – 8,3 га
- Кок-Терек – 17,5 га
- Тош-Тумшук – 20,1 га
- Тумба – 5 га
Ҷамъан 141,9 га.

Қирғизистон дар иваз гирифт (142,7 га):
- Сомониёни Исфара – 18,4 га
- Дахму – 3,1 га
- Қисме аз Хоҷа Аъло – 21,5 га
- Говсувар – 3,1 га
- Илова ба замини Лаккон – 25 га (ба ивази бозори “Достук” ва роҳ)
- Боз 80 сотих бештар дар умум нисбат ба замини додааш гирифт.
Эзоҳ: Сокинони қирғизи деҳаи Достук (71 оила) кӯчонида шуда, ҳар кадоме тақрибан то 30 сотих замини дигар гирифтанд.
Роҳи Хуҷанд–Арка–Конибодом ва бозори “Достук”:
Қирғизистон 8 км роҳ ва 3 га бозори “Достук” (дар маҷмӯъ 12 га) ба Тоҷикистон дод.
Дар ивазаш Қирғизистон 25 гектар замин дар минтақаи Лаккон гирифт.
Роҳ пурра ба Тоҷикистон гузашт.

Минтақаи Қарабоғ:
Қирғизистон ба Тоҷикистон 170 гектар замин дод, ки қаблан худ истифода мекард.
Дар ивазаш Қирғизистон 200 гектар замин гирифт:
- Лаккон – 130 га
- Куруксой – 70 га
Масъалаи обанбори “Головной”:
Иншооти обанбор дар рӯди Исфара (Оқсӯ) байни ду тараф баробар тақсим шуд (аз 3 саргаҳ – 1,5 ба ҳар тараф).
Дар ивазаш Қирғизистон барои 4 метр замин дар “Головной” 750 гектар замин гирифт:
Қарағанда-Сай – 500 га чарогоҳ
Кароол-Добо – 100 га замини стратегӣ
Катта-Туз – 150 га (бо захираҳои нафту газ)
Истифодаи об ҳамчунон муштарак боқӣ мемонад ва насби ҳисобкунакҳои электронӣ дар назар аст.

Ворух:
Минтақаи Ворух, ки пештар то 19 ҳазор га васеъ шуда буд, акнун то 14,5 ҳазор га баргардонда шуд.
Тоҷикистон барои Ворух 1000 га замин дар атрофи анклав ҳамчун чарогоҳ гирифт.
Қирғизистон дар ивазаш 1000 га чарогоҳ дар ноҳияҳои Чон-Алай гирифт.
Масъалаи васеъшавии Ворух қатъ гардид.
Минтақаи Чон-Алай ва Карағанда-Сой:
Қирғизистон дар ин минтақа 500 гектар замин гирифт, ки қаблан Тоҷикистон истифода мекард.
Пуле, ки баҳсӣ буд, низ дар ихтиёри Қирғизистон қарор гирифт.
Ҳалли масъалаҳои амниятӣ ва иҷтимоӣ:
Барои пешгирии низоъҳои минбаъда, мавзеъҳои аҳолинишин байни ду тараф ҷудо гардид.
Хонаҳои сокинон, ки дар минтақаҳои баҳсӣ қарор доштанд, байни ду тараф мубодила шуда, ба ҷойҳои нав кӯчонида шуданд.
Ба гуфтаи Тошиев, дар сурати ҳар гуна вуруди ғайриқонунӣ ба марз баъди тасдиқи созишномаҳо, ин амал ҳамчун истифода аз зӯр (агрессия) шинохта мешавад.
Бояд гуфт, ки рӯзи 13 март Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон созишномаи ниҳоӣ дар бораи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар шаҳри Бишкек имзо карданд. Ҳамчунин, бо ширкати роҳбарони ду давлат ду гузаргоҳи марзӣ ва ҳамин тариқ, марзи ду кишвар, ки беш аз 4 сол боз баста буд, ба таври тантанавӣ боз шуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 18-уми март, дар охирин иҷлосияи даъвати шашуми парлумони Тоҷикистон, вакилони ҳамакнун собиқ созишномаи марзӣ бо Қирғизистон ва ду санади дигари вобаста ба марзро ба тасвиб расониданд.
Манбаъ: Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд боздошт шуд
Шикоят доред? Муроҷиат кунед! Агентии зиддифасод имсол кадом ниҳодҳоро месанҷад?
Минбаъд кормандони милитсияи пойтахт ба театр мераванд
Файзалӣ Идизода раиси парлумони Тоҷикистон шуд
HRW аз Русия даъват кард, ки бегонаситезиро маҳкум ва аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоя кунад
Ҳамла ба “Крокус”. Додгоҳи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси чор гумонбари дигарро тамдид кард
“Давраи беҳтарин дар корномаи касбӣ”. Раиси парлумоне, ки зиёд интиқод мешуд, ҳисобот дод
Тағйироти кадрӣ. Чанд сафир, муовини вазир ва ректори донишкадаҳо нав шуданд
Зеристгоҳҳо Тоҷикистону Қирғизистонро бо хати ягонаи интиқоли барқ мепайванданд
Доналд Трамп ва Владимир Путин дар дуввумин суҳбати телефонии худ чӣ гуфтанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста