Дар қазияи дуздии миллионҳо сомонӣ аз буҷети Вазорати мудофиа нисбати 26 хидматчии давлатӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Қаблан, дар пайванд ба ин ҳодиса нисбати 52 мансабдори ин ниҳод парванда боз шуда буд. Онҳо ба дуздии 122,7 млн сомонӣ аз буҷети ин Вазорати дифоъ айбдор мешаванд. Дар ин бора Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 14 феврал зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар пайванд ба ин парванда, дар умум, нисбати 78 хизматчии давлатӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҳоло қазия дар баррасии додгоҳ қарор дорад.
“Парвандаҳои ҷиноӣ нисбати 43 корманди Вазорати мудофиа, 3 корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ), 2 корманди Вазорати молия ва 30 кормандони мақомоту сохторҳои дигар боз шудаанд” - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, аз Оҷонсии зиддифасод ному насаби гумонбарон ва вазифаҳои мушаххаси онҳоро нагуфтанд.
Тибқи иттилои Сулаймон Султонзода, то имрӯз аз ин маблағҳо 107,8 млн сомонӣ ба буҷети давлат барқарор шуда, барои барқарор кардани 14,8 млн сомонии боқимонда ба додгоҳ аризаи даъвогӣ ирсол гардидааст.
Қаблан, моҳи августи соли гузашта Оҷонсии зиддифасод дар бораи боз шудани парванда дар пайи зарари молиявӣ аз ҳисоби буҷети Вазорати мудофиа нисбати 52 корманди ин ниҳод иттилоъ дода буд. Ҳамчунин, он замон гуфта мешуд, ки аз ҳисоби Вазорати мудофиа 123,1 млн сомонӣ дуздида шудааст.
Аз ҳисоби зарари молиявии расонида дар соли 2024 Вазорати мудофиа бо расонидани 122,7 млн сомонӣ зарар дар ҷойи аввал қарор дорад. Давоми соли гузашта дар сохторҳои ин ниҳод 171 ҷинояти коррупсонӣ ва дорои хусусияти иқтисодӣ ошкор гардидааст.





Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста