Саидвалӣ (Сайвалӣ) Ӯзбеков, собиқ вакили Маҷлиси олии Тоҷикистон, муовини пешини раиси вилояти Хатлон ва соҳибкори замоне пурнуфузи тоҷик дирӯз, 8-уми декабр дар 65-солагӣ дар Душанбе бар асари сактаи қалб аз олам чашм баст. Ҷасади ӯро имрӯз дар зодгоҳаш деҳаи Белайдузи Ҳисор ба хок супориданд.
Хабари марги ӯро, ки аввал дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, пайвандонаш ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд ва гуфтанд, ӯ муддате аз бемории қалб ранҷ мекашид ва дар бемористони Душанбе бистарӣ буд.
“Се рӯзи охир дар бемористони Ибни Сино хоб буданд, баъди зуҳри дирӯз ҷон доданд. Ҷанозаи марҳум намози пешини имрӯз дар деҳаи Белайдузи шаҳри Ҳисор хонда шуд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Саидвалӣ Ӯзбеков, ки бо тахаллуси “Валӣ-класавчик” низ маъруф буд, зодаи деҳаи Белайдузи Ҳисор буда, дар замони Шӯравӣ техникуми савдо ва баъдҳо Донишгоҳи тиҷоратро дар шаҳри Душанбе хатм кардааст.
Ӯро аз наздикони Нуралӣ Раҳимов, маъруф ба "Нуралича", мудири анбори корхонаи шаробсозии Шаҳринав ном мебаранд. Ӯзбеков дар ин корхона то суқути Шӯравӣ мудири анбор буд ва аз афроди сарватмандтарини водии Ҳисор ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар оғози солҳои 1990 ширкати "Сойшира"-ро таъсис дод, ки дар ноҳияи Ҳисор як корхонаи бузурги тавлиди шароб сохта буд.

Саидвалӣ Ӯзбеков аз соли 1993 то 1998 муовини раиси вилояти Хатлон буд. Соли 1995 аз ҳавзаи интихоботии №38-и Ҳисор вакили Маҷлиси Олии Тоҷикистон (он замни парлумони Тоҷикистон аз як палата иборат буд) интихоб гашта, то соли 2000-ум вакил буд.
Аз соли 2001 дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дошт ва чанд сол дар Дубай зиндагӣ мекард. Охири соли 2012 ба Душанбе баргашта, боздошт шуд.
Соли 2013 бо иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо ва тасарруфи моликияти давлат ба миқдори махсусан калон (моддаҳои 245 ва 289-и Кодекси ҷиноӣ) муттаҳам шуд, вале “бо сабаби гузаштани муҳлати ҷавобгарӣ” озод гардид.
Дар бораи фаъолияти ӯ пас аз ин ҳаводис маълумот нест.




Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста