Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) аз боздошти як сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки ба латукӯби ҳамсараш, ки оқибат ба марги зан оварда расонидааст, гумонбар аст. Ин ниҳод мегӯяд, ин мард занашро бо мушту лагад ва чӯбдаст (калтак) задааст.
ВКД аз зану шавҳар ном набурдааст ва танҳо ишора кардааст, ки ҳодиса рӯзи 5-уми декабр рух дода, марди 49-сола "ба далели нофаҳмӣ дар зиндагӣ", бо ҳамсари 46-солааш даъво карда, ӯро “бо дасту пойҳо ва калтакчӯб” мавриди латукӯб қарор додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷаи ин ҳодиса, вазъи саломатии ҷабрдида бад шуда, пас аз як рӯз дар манзили истиқоматиаш ба ҳалокат расидааст.
Ин ниҳод, рӯзи 9-уми декабр навишт, ки алайҳи ин мард бо гумони “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” (моддаи 110 қисми КҶ) парванди ҷиноӣ боз кардаанд. Бар асоси ин иттиҳом, ба гумонбар аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.
Ба иттилои ВКД, боздоштшуда қаблан бо иттиҳоми “...гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш” (моддаи 195, қисми 2) ва дуздӣ (моддаи 244, қисми 2) суд шудааст.
Назари боздоштшуда дар робита ба ин қазия дастрас нест.
Куштори ҳамсар аз дасти шавҳар дар Тоҷикистон ҳаводиси нав нест. Моҳи марти имсол ду ҳодисаи куштори занон аз сӯи шавҳаронашонро мақомот расонаӣ карда буданд. Вале натиҷаи додгоҳи онҳо расонаӣ нашудааст. Дертар, моҳи майи имсол Мақсудҷон Ҳасанов, як сокини ноҳияи Деваштич, ки ба куштори ҳамсар ва хушдоманаш (модари занаш) гумонбар буд, бо ҳукми Додгоҳи вилояти Суғд 25 сол равонаи зиндон шуд.
Дар ҳамин ҳол, Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи феврал соли равон гуфта буд, ки соли гузашта 3 ҳазору 246 ҷиноят нисбати занону духтарон содир шудааст.
Ба иттилои расмӣ, дар соли 2024-ум дар Тоҷикистон 2 ҳазору 652 шикоят аз сӯи занон аз болои мардон барои хушунат ва зӯроварӣ ба унвонии Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар ворид шуда буд. Ин ҳолат нисбат ба соли 2023-юм 84 ҳолат бештар аст.





Шикояти тоҷири ӯзбек аз кори гумруки Тоҷикистон. Муовини сарвазири Ӯзбекистон гуфт, "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем".
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2026
Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом маҳсулот истеҳсол шуд?
Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?
Кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳам соҳиби иди касбӣ шуданд
Мақомот аз се муноқиша дар “Парламент” гуфтанд, вале аз занозанӣ бо ширкати додситони собиқи Бӯстон ишорае накарданд
Кай дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҷорӣ мешавад?
Натиҷагирӣ аз соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026. Дар маҷлиси солонаи ҳукумат чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Аз Кумитаи дин гуфтанд, имсол моҳи Рамазон кай фаро мерасад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста