Дар соли 2025 танҳо 4 зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд. Дар ин бора хабаргузории “РИА Новости” бо такя ба як санади номаълум иттилоъ дода, навиштааст, ки имсол дар умум, 71 шаҳрванди хориҷӣ соҳиби шиносномаи Русия шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки соли 2024-ум 209 ҳазор хориҷӣ шаҳрвандии Русияро ба даст оварда буданд. Маълум нест, ки соли гузашта чанд зодаи Тоҷикистон шаҳрванди Русия шудаанд, вале дар нимаи аввали соли 2023 ҳудуди 87 ҳазор табааи Тоҷикистон шиносномаи русӣ дарёфт карда буданд.

Омор дар бораи гирандагони шаҳрвандии Русия аз соли 2023 ба ин тараф расман нашр намешавад. Аз ин рӯ, тасдиқи дурустии омори ин хабаргузорӣ тавассути манобеи дигар ғайриимкон аст.

Ба иттилои хабаргузории “РИА Новости”, имсол аз ҳама бештар зодагони Фаронса шаҳрвандии Русияро гирифта, шаҳрвандони Амрико ва Олмон ба сегонаи аввал дохил мешаванд. Аз ҷумла, 32 зодаи Фаронса, 6 зодаи Амрико ва 5 шаҳрванди Олмон шиносномаи русӣ дарёфт кардаанд.

Зодагони Тоҷикистон ва Италия бошад бо гирифтани 4 шиносномаӣ дар мақомҳои баъдӣ қарор доранд.

Ҳамчунин 3 зодаи Украина ва 2 нафарӣ аз кишварҳои Лубнон ва Сербия шаҳрвандии ин кишварро пазируфта, якнафарӣ аз кишварҳои Марокаш, Босния ва Ҳерсеговина, Туркия, Қазоқистон, Сурия, Эрон, Камерун, Британиё, Хорватия ва Югославия шиносномаи русӣ гирифтаанд.

Ба навиштаи расонаҳо, теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ, ки шиносномаи ин кишварро мегиранд, дар соли 2025 якбора коҳиш ёфтааст.


Воқеан, солҳои пеш дар гирифтани шаҳрвандии Русия аз сӯи зодагони Осиёи Марказӣ, махсусан Тоҷикистон зиёд буд. То соли 2023 ВКД Русия ҳам омори гирандагони шаҳрвандии Русияро нашр мекард. Масалан, танҳо дар 7 сол (2016-2022) дар маҷмуъ, беш аз 473 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон табааи Русияро гирифтаанд. Вале бо шурӯи ҷанги ин кишвар дар Украина, ин ниҳод дигар ин оморро нашр намекунад.

Барои ҷалби шаҳрвандони кишварҳои дигар ба ҷанг бо дастури раиси ҷумҳури ин кишвар тарзи соддакардашудаи гирифтани шаҳрвандӣ низ пешниҳод гардидааст. Аммо ин кишвар аз ҳолатҳои зиёди фиреб, таҳдид, фишор ва сӯйистифода аз вазъи танги муҳоҷирон барои имзои иҷбории шартнома бо артишаш сухан намегӯяд.

Бояд гуфт, баъди оғози ҷанги Русия дар Украина даҳҳо ҳазор шаҳвандони тоҷик ба ҷанг фиристода шуданд ва то имрӯз ҷасади садҳо ҳалокшудагони ҷанг ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.