Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки имрӯз, 10-уми декабр, дар ҷаласаи 20-уми Кумитаи байниҳукуматии мероси фарҳанги ғайримоддии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) дар шаҳри Деҳлии Нави Ҳинд “Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд.
Манбаъ гуфтааст, бахши “Фарҳанги суманакпазӣ” аз ҷониби Комиссияи миллии Тоҷикистон дар мавриди корҳои ЮНЕСКО таҳия гардида, соли 2023 ба баррасии ин созмон пешниҳод шуда буд.
Пештар аз ин, мероси фарҳангии "Хуттали Қадим" ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ворид гардида буд.

Ҳамасола чанде аз ёдгориҳои фарҳангиву таърихӣ, расму маросим ва иду ҷашнҳои таърихии Тоҷикистон ҳамчун мероси ҷаҳонии ЮНСЕКО шинохта мешавад.
Мақсади асосии ворид намудан ба ин рӯйхат, ҳифзи расму оини суннатӣ, дониш, малака ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда гуфта мешавад.
Аз ҷумла, соли гузашта дар иҷлосияи 19-уми Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Тоҷикистону Эрон ҷашни “Меҳргон” ва номинаи дигари якҷояи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ӯзбекистон “Санъати сохту навохтани рубоб” ба Феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳон ворид карда шуд.
Аз ин пештар, дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматии Созмони мероси ғайримоддӣ се номзад аз Тоҷикистон - Ҷашни Сада, ҳунари бофтани атласу адрас ва зарҳалкорӣ ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО шомил шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми охири худ гуфт, ки соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд.




Шикояти тоҷири ӯзбек аз кори гумруки Тоҷикистон. Муовини сарвазири Ӯзбекистон гуфт, "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем".
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2026
Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом маҳсулот истеҳсол шуд?
Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?
Кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳам соҳиби иди касбӣ шуданд
Мақомот аз се муноқиша дар “Парламент” гуфтанд, вале аз занозанӣ бо ширкати додситони собиқи Бӯстон ишорае накарданд
Кай дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҷорӣ мешавад?
Натиҷагирӣ аз соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026. Дар маҷлиси солонаи ҳукумат чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Аз Кумитаи дин гуфтанд, имсол моҳи Рамазон кай фаро мерасад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста