Пас аз ҷон бохтани як зану шаҳвар дар пайи заҳролуд шудан аз дуди ангишт дар ноҳияи Рашт, мақомоти кишвар аз сокинон хостанд, ки ҳангоми истифодаи ангишт дар бухориҳои хонагӣ қоидаҳои бехатариро ба таври қатъӣ риоя кунанд. Мо чанд тавсияи пешниҳодкардаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ)-ро ҷамъ овардем.

 

Ҷон бохтани домоду арӯс аз дуди ангишт

Рӯзи 8-уми декабр хабари ҷон бохтани зану шаҳвари 18 ва 25-сола дар пайи заҳролуд шудан аз дуди ангишт дар ноҳияи Рашт расонаӣ шуд. Аз КҲФ ба ҳодисаро “Азия-Плюс” тасдиқ карда, аммо ҷузъиёти онро шарҳ надоданд.

Радиои Озодӣ дар такя ба як манбаи худ аз ҳукумати Рашт навишт, ҳодиса шаби 5 ба 6-и декабр дар  деҳаи Кӯлобаи ҷамоати Қалъаи Сурхи ноҳия рух додааст.

 “Шаби 5-уми декабр ҳаво сард мешавад ва онҳо барои гарм кардани хона аз ангишт истифода мебаранд. Субҳи 6-уми декабр наздикони домод дарро мекушоянд ва маълум мешавад, ки зану шавҳар аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд. Онҳоро ба беморхона мебаранд, аммо зану шавҳар дар роҳ ҷон медиҳанд”, - навишт ин расона бо такя ба манбааш.

Ному насаби ҳалокшудагон ва ҷузъиёти дигари ҳодиса маълум нест.

 

Нигаронӣ ва ҳушдори мақомот

Пас аз расонаӣ шудани ҳалокати домоду арӯс дар Рашт, пулиси Душанбе дирӯз, 8-уми декабр, бо нашри як изҳорот аз сокинон хост, ки ҳангоми истифодаи ангишт дар бухориҳои хонагӣ қоидаҳои бехатариро ба таври қатъӣ риоя кунанд.

 “Аз коршоямии бухорӣ, дастгоҳҳои гармидиҳӣ ва хатҳои ҳавокашии он мутмаин гашта, мунтазам ҳавои ҳуҷраҳоро иваз намоянд. Ин амалҳо метавонад, аз эҳтимоли сар задани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор, ихроҷи дуд ва газҳои заҳролуд пешгирӣ намояд”, - омадааст дар изҳороти пулиси пойтахт.

Солҳои гузашта ҳам чандин нафар аз дуди ангишт дар хонаҳояшон заҳролуд шуда ба ҳалокат расида буданд.

 

Сараввал нишонаҳои заҳролудшавӣ аз дуди ангишт:

- дарди сар;

- сарчархзанӣ;

- беҳолӣ (сустӣ);

- беиштиҳоӣ, қайкунӣ;

- дарди қафаси сина;

- сардаргумӣ;

- нафастангӣ ва сулфаи хушк;

- обравии чашм.

Дудбаро
Акс аз сомонаи termounion.com

 

Чӣ тавр худро аз заҳролудшавӣ муҳофизат кардан мумкин аст?

КҲФ тавсия медиҳад, ки дар ҳолати заҳролуд шудан аз дуди ангишт дар аввал сарчашмаи дудро хомӯш кардан лозим аст. Сипас тирезаҳоро кушода, мошини Ёрии таъҷилиро даъват кардан зарур мебошад.

Инчунин, ин ниҳод чунин тавсияҳо медиҳад:

- бухориҳоро бо бензин, керосин ва дигар моеъҳои зуд оташгиранда наафрӯзед. Истифодаи онҳо метавонад боиси эҷоди дуд ва паҳншавии шӯъла гардад;

- ҳаргиз ҳезум ва дигар маводҳои оташгирандаро барои хушк кардан болои бухориҳо нагузоред. Либосҳои тарро дар либосовезҳо хушк кунед;

- ҳаргиз дар бухорӣ дар ҳоли кушода будани дари он оташ гирон накунед. Бухориҳоро ҳангоми гарм кардани хона беназорат нагузоред;

- ҳамеша дудбарои бухориҳои худро санҷед, онҳоро аз ҳар гуна дудаву дигар олудагиҳо тоза намоед, то боиси заҳролуд шудан аз гази карбон нашаванд.
Акси марбут
Акс аз alamy.com

Бештари инсонҳо ҳангоми истифодаи ангишт барои гарм кардани хонаҳо ба чунин қоидаҳои зарурӣ эътибор намедиҳанд:

- сари вақт маҳкам кардани сарпӯши бухорӣ;

- нарасидани ҳавои кофӣ;

- кашиши сусти дудбаро;

- нодуруст шинонидани бухорӣ ва дудбарои он (тарқишҳо дар бухорӣ, баста шудани дудбаро).

Агар дар хона печи газӣ, оташдон ё дегхонаи газӣ дошта бошед, таҷҳизоти огоҳкунандаи дуд харед (онро метавон онлаййн ё дар мағозаҳо харидан мумкин аст). Дастгоҳҳои бехатарии газиро накушед ғайрифаъол накунед. Онҳо метавонанд дар ҳолати зарурӣ ба таври худкор фаъол шаванд ва печро фавран хомӯш кунанд.

 

Ёрии аввалин барои заҳролудшавӣ:

- Ҷабрдидаро ба ҳавои тоза бароред.

- Бартараф кардани ҷараёни оксиди карбон. Ҳавои ҳуҷраро тоза кунед, дару тирезаҳоро кушоед ва ҳуҷраро тарк кунед.

- Ҷабрдидаро ба ҳавои тоза бароред ва нафаскашии кӯтоҳмуддатро таъмин кунед, баданро молед.

- Мошини Ёрии таъҷилиро даъват кунед

- Агар ҷабрдида беҳуш бошад, нафаскашии сунъиро фавран то омадани ёрии таъҷилӣ оғоз кардан лозим аст.

- Агар шумо ба заҳролудшавӣ аз оксиди карбон гумон кунед, ба духтури таъҷилӣ хабар диҳед. Агар ҷабрдида аз гази карбон ба худ омада, вале муддати тӯлонӣ беҳуш бошад, бояд фавран ба муассисаи тиббӣ интиқол дода, табобат карда шавад.

КҲФ ба сокинон тавсия медиҳад, ки агар дар дохили бухорӣ чанд дона ангишти носӯхта боқӣ монда бошад, хуб аст, ки онро аслан хомӯш кунанд ва ё мунтазир бимонанд, ки пурра бисӯзад. Дар бештар мавридҳо дар дохили бухориҳо шабона  маводи ҳанӯз носӯхта, ки манбаи асосии гази карбон аст, боқӣ мемонад, ки ин хуб нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.