Дар соли равон 2 кас ва дар 33 соли охир (1992-2025) 351 сокини кишвар дар пайи таркиши минаҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд.
Дар ин бора, Умед Мансуров, намояндаи ҳуқуқии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар вохурии масъулини ин ташкилот бо расонаҳо, ки чанде пеш дар Суғд гузашт, зикр кард. Ӯ гуфт, ду тане, ки соли равон аз таркиши минаҳо ҷон доданд, яке кӯдаки 10 сола аз минтақаи Саридашти Дарвози ВМКБ ва дуюмӣ, як масъули поксозии минаҳо ё сапёр будаанд.
Ба иттилои манбаъ, аз соли 1992 то 2025 дар Тоҷикистон дар умум 892 кас аз тарикши минаҳо ҷон бохтанд ва ё маҷруҳ шуданд: 351 ба ҳалокат расиданд ва 541 ҷароҳат бардоштанд. Аксари ҳалокшудагонро мардон ташкил додаанд: 233 кас.
Баъд аз мардҳо, қишри осебпазир писароно будаанд: дар 33 сол 213 писар аз таркиши минақҳо ба ҳалокат расидаанд ва ё маҷруҳ шудаанд: 73 тан ҷон бохта, 140 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Сабаб ин аст, ки аксаран писарон дар минтақаҳое, ки мина ҳаст, бозӣ мекунанд.

Дар ин давра, 32 зан қурбонии таркиши минаҳо гардида, 45 тани дигар захмӣ шудаанд. Ҳамчунин, аз соли 1992 то 2025-ум дар пайи таркиши минаҳо 13 духтар ба ҳалокат расида, 16 тани дигар захм бардоштаанд.
Пайдоиши минаҳо аз куҷост?
Дар вохӯрии масъулини Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бо расонаҳо, ҳамчунин Беҳрӯз Миралибеков, намояндаи дигари Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон гуфт, минаҳо дар Тоҷикистон аз даврони Шӯравӣ ва замони ҷангҳои шаҳрвандӣ боқӣ мондаанд.
Ба иттилои ӯ, то ҳол дар кишвар 12,4 км мураббаъ минтақаҳо аз минаҳо тоза нашудаанд ва Тоҷикистон ният дорад то соли 2032 минтақаҳои аз минаҳо заҳролудшударо пурра пок кунад.
“Вале баъзе мушкилиҳое вуҷуд доранд, ки барои пурра пок кардани минаҳо монеъ мешаванд. Ин пеш аз ҳама, масъалаи имкониятҳои дохилии кишвар аст, ки кивоя нест, дуввум, релефи кишвар аст, ки кӯҳсор буда, поксозии минаҳо бисёр душвор аст. Сеюм тағйирёбии иқлим аст ва ё ҳодисаҳои табиӣ аст, ки дар Тоҷикистон зиёд рух медиҳад ва боришоти борону омадани сел ва лағжиши замин боиси ҷойи худро иваз кардани минаҳо мегарданд”, - афзуд Беҳрӯз Миралибеков.

Масъалаи поксозии минаҳо дар Тоҷикистон, махъсусан дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Ӯзбекистон солҳост идома дорад. Дар гузашта ҳам чандин хабарҳо дар бораи кушта шудани сокинони мулкӣ дар пайи таркиши минаҳо дар минтаҳаои наздимарзӣ расонаӣ шуда буд.
Қисме аз ин минаҳоро Ӯзбекистон дар қитъаҳои кӯҳистони сарҳадоти мушатарак бо Тоҷикистон дар охири солҳои 90-уми асри гузашта гузошт. Он замон Тошканди расмӣ ин амалашро чунин шарҳ дод, ки гӯё воридшавии ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистонро ба қаламраваш пешгирӣ карданист.
Ҳамин тариқ, бо хуб шудани муносибат бо Ӯзбекистон дар соли 2018, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар пайи як сафари президенти ҳамсоя ба Тоҷикистон созиш ҳосил карданд, ки то охири соли 2019 корҳои аз мина безарар гардонидани сарҳади умумиро ба итмом мерасонанд. Ин созиш ба чӣ натиҷа расид ҳоло маълум нест.




Шикояти тоҷири ӯзбек аз кори гумруки Тоҷикистон. Муовини сарвазири Ӯзбекистон гуфт, "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем".
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2026
Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом маҳсулот истеҳсол шуд?
Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?
Кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳам соҳиби иди касбӣ шуданд
Мақомот аз се муноқиша дар “Парламент” гуфтанд, вале аз занозанӣ бо ширкати додситони собиқи Бӯстон ишорае накарданд
Кай дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҷорӣ мешавад?
Натиҷагирӣ аз соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026. Дар маҷлиси солонаи ҳукумат чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Аз Кумитаи дин гуфтанд, имсол моҳи Рамазон кай фаро мерасад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста