Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон шоми 11-уми декабр барои иштирок дар Форуми байналмилалии сулҳ ба Туркманистон сафар карда, дар фурудгоҳи шаҳри Ашқобод мавриди истиқболи Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси Шӯрои халқӣ ва собиқ раисҷумҳури ин кишвар қарор гирифт.
Пас аз он, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Сардор Бердимуҳаммадов, ҳамтои туркмани худ мулоқот ва масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи дуҷонибаро баррасӣ кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори дар руҳияи шарикии роҳбурдӣ рушд додани ҳамкорӣ бо Туркманистон мебошад.
Дар идомаи вохӯрии ҷонибҳо тақвияти ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин, густариши робитаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва фарҳангиву башарӣ муҳокима гардидааст. Ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақаиву ҷаҳонӣ аз мавзуъҳои дигари суҳбати ду раисҷумҳур будааст.
Бояд гуфт, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон дар доираи Форуми байналмилалии сулҳ анҷом мешавад. Дар ин сафар ӯро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар форуми мазкур, ба иттилои расонаҳо, ширкати раҳбарони кишварҳои узви Созмони кишварҳои туркӣ ва раисҷумҳури Русия низ дар назар аст.




Шикояти тоҷири ӯзбек аз кори гумруки Тоҷикистон. Муовини сарвазири Ӯзбекистон гуфт, "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем".
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2026
Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом маҳсулот истеҳсол шуд?
Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?
Кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳам соҳиби иди касбӣ шуданд
Мақомот аз се муноқиша дар “Парламент” гуфтанд, вале аз занозанӣ бо ширкати додситони собиқи Бӯстон ишорае накарданд
Кай дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҷорӣ мешавад?
Натиҷагирӣ аз соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026. Дар маҷлиси солонаи ҳукумат чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Аз Кумитаи дин гуфтанд, имсол моҳи Рамазон кай фаро мерасад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста