Имрӯз, 9-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар барои “шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншооти гуногун” ба шаҳри Турсунзода рафт ва дар онҷо чанд мактабу кӯдакистон, бинои Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар минтақаи Ҳисор, бозори марказии шаҳр ва чанд корхонаи истеҳсолиро ифтитоҳ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур дар ин шаҳр нахуст марҳилаи дуюми ширкати “Алюмин Проф”-ро, ки дар як сол иқтидори истеҳсоли 8760 тонна маҳсулоти пластикиро дорад, ба кор оғоз кардааст.
Дар ин корхона 5 намуди маҳсулот, аз ҷумла профилҳои пластикӣ, лулаҳои пластикӣ, резин ва бутил истеҳсол мешаванд.
Ҳамчунин, лоиҳаи бунёди марҳилаи сеюми корхонаи “Алюмин Проф”, ки дар доираи он 4 коргоҳ сохта мешавад, муаррифӣ шудааст.
Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон мактаби рақами 23-и деҳаи Регари шаҳри Турсунзода, ки барои таҳсили 1 ҳазору 56 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст ва бинои кӯдакистони хусусии “Ғунчаҳои Истиқлол”-ро дар деҳаи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ кардааст.
Тибқи иттилои расмӣ, сохтмони мактаби рақами 23 дар соли 2021 оғоз шуда, бо саҳми сокинон ва соҳибкорон сохта шудааст. Мактаб дорои 20 синфхона, кабинетҳои фаннӣ, компютерҳои пайваст ба шабакаи интернет, ошхона ва майдончаи варзишӣ мебошад.
Кӯдакистони хусусии “Ғунчаҳои Истиқлол” аз ҳисоби Неъматулло Ҳаитов, соҳибкори маҳаллӣ барои 250 кӯдак бунёд шудааст.
“Ҳамаи ҳуҷраҳои таълимии боғча бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва ҳар гуна бозичаҳои кӯдакона таъмин буда, омӯзиш дар он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад”,-навиштааст манбаъ.
Манбаъ мегӯяд, др кӯдакистон 35 нафар бо кор таъмин шудаанд.
Ҳамзамон, роҳбари кишвар ба таври фосилавӣ дар шаҳри Турсунзода 8 мактаби нав, ки дар умум барои 8 ҳазор хонанда пешбинӣ шудааст ва 6 кӯдакистони хусусиро ба истифода додааст.
Бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳр корхонаи ҶДММ “Алюминийи аввалин”, ки аз ҳисоби Азизов Хуршед, соҳибкор дар якҷоягӣ бо ширкати хориҷии “Treks Muhandislik” сохта шудааст, ба истифода дода шудааст.
Ба иттилои расмӣ, сохтмони корхона дар масоҳати 6,2 гектар замин моҳи октябри соли 2022 оғоз шудаааст.
“Иншооти нав дар ҳудуди шаҳри Турсунзода бунёд шуда, яке аз корхонаҳои муҳими саноати коркарди алюминий дар мамлакат ба шумор меравад. Иттиллоъ доданд, ки корхона бо хатҳои пешрафтаи технологӣ муҷаҳҳаз буда, имконият дорад 40 намуд профилҳои алюминӣ ва дар як сол 10 ҳазор тонна маҳсулоти баландсифат истеҳсол намояд”,-навиштааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Дар идома раисҷумҳур ба таври маҷозӣ марҳилаи аввали “Бозори Турсунзода”-ро, ки бо саҳми соҳибкорон бунёд шудааст ба истифода додааст.
Бозор дорои 12 бино, 10 соябон, 1500 нуқтаи савдо, ду таваққуфгоҳ, сардхона ва ғайра буда дар масоҳати умумии 14 гектар замини бекорхобида сохта шудааст.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ин бозор 1 ҳазору 670 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шудаанд.
“Барои дар муҳлати муайян сохта, ба истифода додани марҳилаи дуюми бозор корҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи хушсифати ватанӣ бо ҷалби 170 сокини маҳаллӣ идома дорад”,-навиштааст манбаъ.
Дар доираи лоиҳаи марҳилаи дуюми бозор сохтмони 20 сардхона, 26 дорухона, ошхона, нуқтаҳои таъмир ва шустушӯи нақлиёт ва дигар шаклҳои хизматрасонӣ дар назар аст.
Имрӯз дар маркази шаҳри Турсунзода бинои нави Раёсати минтақавии Оҷонсии зиддифасод дар водии Ҳисор боз шудааст.
Бино дорои 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, ошхона, толори варзишӣ барои пешбурди ҳаёти солим, хонаҳои истиқоматии хизматии дуҳуҷрагӣ ва дигар иншооти ёрирасон будааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба масъулину кормандони раёсат барои таъмини амнияти иқтисодӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, назорати риояи қонун ва пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ супориш додааст.
Раисҷумҳур ба се оилаи кормандони ин ниҳод калиди хонаҳои дуҳуҷрагиро додааст.




Шикояти тоҷири ӯзбек аз кори гумруки Тоҷикистон. Муовини сарвазири Ӯзбекистон гуфт, "мо ҳам посухи ҳамсон медиҳем".
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2026
Соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар кадом маҳсулот истеҳсол шуд?
Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?
Кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳам соҳиби иди касбӣ шуданд
Мақомот аз се муноқиша дар “Парламент” гуфтанд, вале аз занозанӣ бо ширкати додситони собиқи Бӯстон ишорае накарданд
Кай дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҷорӣ мешавад?
Натиҷагирӣ аз соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026. Дар маҷлиси солонаи ҳукумат чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Аз Кумитаи дин гуфтанд, имсол моҳи Рамазон кай фаро мерасад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста