Рустам Мирзозода, раиси нави Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори тоҷик, ки бо гуноҳи “хиёнат ба давлат” ба 8 соли зиндон маҳкум шуд, ба гурӯҳи “ҷиноятҳои махсусан вазнин” шомил донист ва гуфт, ки қонунгузорӣ ба таъхир гузоштани иҷрои онро пешбинӣ накардааст.
Рухшона Ҳакимова, ки 2 кӯдаки хурдсол, яке 9-моҳа ва дигари 2-сола дорад, рӯзи 5-уми феврал дар доираи “парвандаи табаддулоти давлатӣ” 8 сол ба зиндон маҳкум ва аз толори мурофиа боздошт шуд. Худи ӯ дар додгоҳ иттиҳомро рад кард.
Ҳукми ӯ вокунишҳои созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи рӯзноманигорӣ ва фаъолони шаҳрвандиро дар пай овард ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Бисёре аз корбарон, бо ишора ба муқаррароти моддаи 78-и Кодекси ҷиноятӣ (мавқуф гузоштани адои ҷазо нисбати занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони то синни ҳаштсола доранд) талаб карданд, ки бо дарназардошти кӯдаки ширхӯр доштанаш, иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шавад.
Раиси нави Додгоҳи олӣ имрӯз, 13-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз вокуниши корбарон дар робита ба ҳукми Ҳакимова хабар дорад, вале қонунгузорӣ ба таъхир гузоштани иҷрои ҳукми “ҷиноятҳои махсусан вазнин”-ро пешбинӣ намекунад.
“Моддаи 78-и Кодекси ҷиноятии ҶТ, яъне то 8-сола шудани кӯдаки ноболиғ нисбати ҷиноятҳои дараҷаи миёна, начандин вазнин ва вазнин татбиқ карда мешавад. Моддаи 78-и Кодекси ҷиноятӣ нисбати Ҳакимова Рухшона, гарчанде кӯдакони хурдсол ҳам дошта бошад, татбиқ намегардад”, - гуфт Рустам Мирзозода.
Бархе манобеъ қаблан боздошти Ҳакимоваро ба пурсишнома дар бораи нуфузи Чин дар Тоҷикистон рабт дода буданд, аммо мақомот ин иддаоро расман тасдиқ ё рад накардаанд.
Шавкат Лутфуллозода, муовини аввали раиси Додгоҳи олӣ, ки додраси асосии парвандаи мазкур буд, ба саволи такрории рӯзноманигорон дар ин робита гуфт, ки додгоҳ аз пешниҳоди ҷузъиёти бештар дар бораи парвандаи Ҳакимова худдорӣ мекунад, зеро он “махфӣ” мебошад.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345752/%D0%9B%D1%83%D1%82%D1%84%D1%83%D0%BB%D0%BB%D0%BE.jpg)
Бар зидди Рухшона Ҳакимова ҳафт моҳ пеш парванда боз шуд ва то мурофиаи додгоҳӣ, ӯ бо далели доштани ду кӯдаки хурдсол дар озодӣ буд, аммо ҳамаи аснодаш мусодира ва ҳаққи тарки ҷойи зисташро надошт. Пас аз содир шудани ҳукм, Рухшона Ҳакимова аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд.
Вокунишҳо ба ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҳукми Рухшона Ҳакимоваро созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон, рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳкум кардаанд.
Сийнат Султоналиева, пажӯҳишгари Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар масоили Осиёи Марказӣ, пас аз эълони ҳукм ба Радиои Озодӣ аз мақомоти Тоҷикистон хост, ба озодии баён эҳтиром гузошта, даст аз таъқиби журналистон бардоранд.
Созмони байналмилалии Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF) пас аз як рӯзи эълони ҳукм аз Тоҷикистон озодии фаврии рӯзноманигори тоҷик Рухшона Ҳакимоваро талаб кард. Ин созмон паси дарҳои баста сурат гирифтани раванди муҳокимаи парвандаи Ҳакимоваро ба баҳс кашида, далели шаффоф нагузаштани ҷараёни додгоҳ арзёбӣ кардааст.
Ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон ҳукми 8 соли зиндонро нисбати рӯзноманигори ҷавон сангин медонанд ва таъкид мекунанд, ки бо сабаби паси дарҳои баста гузаштани мурофиаи додгоҳӣ ба “тасдиқи гуноҳи Рухшона Ҳакимова шубҳа доранд”. Онҳо мегӯяд, ҳукм дар зинаҳои болоӣ бояд бозбинӣ шавад.
Вакили дифои Рухшона Ҳакимова гуфт, додгоҳ ҳангоми содир кардани ҳукм “кӯдаки ширхор доштани ӯро ба инобат нагирифт” ва пайвандонаш қасд доранд аз болои ҳукм ба зинаи болоии додгоҳ шикоят баранд.
Рухшона Ҳакимова фаъолияти касбии худро соли 2013 оғоз крада дар як қатор расонаҳо, созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикисторн кор кардааст.
Барои саҳми арзандааш дар рушди журналистикаи таҳлилӣ ва таҳқиқотӣ, Рухшона Ҳакимова бо Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ, ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Эътилофи бонувони журналист ва "Медиа-Алянс"-и Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ буҷети кишвар аз миллионҳо сомонӣ маҳрум шуд
Дар Тоҷикистон смартфони HONOR X8c муаррифӣ шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2025
“Ғоратгарӣ ва куштани соҳибхонаҳо”. Додситони кул ангезаи кушторҳои пайдарпай дар Конибодомро шарҳ дод
Додситонии кул ҳадафи ҳамлаи террористӣ ба мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлобро шарҳ дод
Тоҷикистон барои бунёди НБО "Роғун" ба маблағи 812 млн доллар созишнома имзо кардааст
Ошӯб дар зиндони Ваҳдат. Додситони кул гуфт, ки сардори зиндон захмӣ шудааст
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, соли гузашта Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикро “бозпас фиристод"
Дар қазияи фасодкорӣ дар Вазорати дифоъ нисбати 26 хидматчии давлатии дигар парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст
Литва ба Шамсулло Саидшарифов паноҳгоҳ дод. Ӯ дар Тоҷикистон барои нашъаҷаллобӣ ҷустуҷӯ мешуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста