Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори ҷавони тоҷик аз сӯйи Додгоҳи олӣ бо иттиҳоми "хиёнат ба давлат" гунаҳкор ва ба 8 соли зиндон маҳкум шуд.  Вакили дифои ӯ мегӯяд, додгоҳ ҳангоми содир кардани ҳукм  “кӯдаки ширхор доштани ӯро ба инобат нагирифт” ва ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон ин ҳукмро "сангин" ва "ҳайратовар" медонанд. Пайвандонаш қасд доранд аз болои ҳукм ба зинаи болоии додгоҳ шикоят баранд.

Ҳукми ӯ имрӯз, 5-юми феврали соли 2025, якҷо бо ҳукми гумонбарони дигари парвандаи маъруф ба “табаддулот” дар Боздоштгоҳи муваққати Душанбе (СИЗО) пушти дарҳои баста хонда шуд. Ӯ бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аст, ки дар доираи ин парванда ба 18 соли зиндон маҳкум шуд.

 

Рухшона Ҳакимова чаро боздошт шуд?

Бар зидди Рухшона Ҳакимова ҳафт моҳ пеш парванда боз шуд ва то мурофиаи додгоҳӣ, ӯ бо далели доштани ду кӯдаки хурдсол дар озодӣ буд, аммо ҳамаи аснодаш мусодира ва ҳаққи тарки ҷойи зисташро надошт. Пас аз содир шудани ҳукм, Рухшона Ҳакимова аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шудааст.

Рухшона Ҳакимова
Акс аз саҳифаи фейсбукаш

Ҷомеаи журналистӣ ҳукми 8 соли зиндонро нисбати рӯзноманигори ҷавон сангин медонанд ва таъкид мекунанд, ки бо сабаби паси дарҳои баста гузаштани мурофиаи додгоҳӣ ба “тасдиқи гуноҳи Рухшона Ҳакимова шубҳа доранд”. Онҳо мегӯяд, ҳукм дар зинаҳои болоӣ бояд бозбинӣ шавад.

Мақомот ба ин парванда муҳри махфӣ задаанд ва то ҳол на парванда ва на ҳукми содиршударо шарҳ надодаанд.

Алайҳи Рухшона Ҳакимова, тибқи иттилои аз манобеи гуногун дастрасгардида, Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи июни соли 2024 бо иттиҳоми хиёнат ба давлат (моддаи 305-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз карда буд. Худаш дар додгоҳ ҳамаи иттиҳомро рад кард.

Як манбаи аз тафтишот огоҳ зикр кард, ки “парвандаи Рухшона Ҳакимова ба пурсише дар мавриди нуфузи Чин дар Тоҷикистон рабт дорад”. Дар доираи ин пурсиш рӯзноманигори ҷавон бо чанде аз нафарони муттаҳам ба “парвандаи табаддулот”, аз ҷумла Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси пешини ҲДТ, ки аз сӯи додгоҳ ба 27 соли зиндон маҳкум шуд ва амакаш Шокирҷон Ҳакимов суҳбат кардаааст.

Аммо бо сабаби муҳри махфӣ доштани парванда ва паси дарҳои баста сурат гирифтани мурофиаи додгоҳӣ, ҷузъиёти иттиҳом норӯшан монд.

 

“Додрас кӯдаки ширхор доштани ӯро ба инобат нагирифт”

Дар мурофиаи гузашта, намояндаи додситонӣ барои Рухшона Ҳакимова 17 соли зиндон талаб карда буд. Вале додгоҳ ӯро ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Туроб Дилаев, вакили дифои Рухшона Ҳакимова имрӯз, пас аз эълони ҳукм гуфт, “ӯро дар толори додгоҳ ба ҳабс гирифтанд”.

Вай зикр кард, ки ҳарчанд додрас бо назардошти моддаи 63-и Кодекси ҷиноятӣ, ки ба сабук кардани ҷазо ишора мекунад, ҳукмро кам кард, аммо “кӯдаки ширхор доштани Рухшона Ҳакимоваро ба инобат нагирифт”.

“Қонунгузорӣ пешбинӣ мекунад, ки ҳукми шахси кӯдаки ширхордоштаро метавон ба мавқуф гузошт. То 8-сола шудани кӯдаки хурдсол қонунгузорӣ кафолат додааст, ки ҳукм ба мавқуф гузошта шавад. Аммо додрас инро ба назар нагирифт”, - гуфт Туроб Дилаев.

Вакили дифои рӯзноманигор сабаби сарфи назар шудани ин меъёри қонунро ба иттиҳоми эълоншуда, яъне “хиёнат ба давлат” рабт дод, ки ба қавли ӯ, “ҷинояти вазнинтарин аст”.

Рухшона Ҳакимова ҳамроҳи кӯдаконаш
Акс аз саҳифаи фейсбукаш

Ба қавли вакили дифоъ, нигоҳубини кӯдакони хурдсоли Рухшона Ҳакимова ба зиммаи пайвандонаш вогузошта шудааст. Фарзанди калонии ин хабарнигор дунимсола ва хурдиаш нуҳмоҳа аст.

Шавҳари Ҳакимова тасдиқ кард, ки додгоҳ маблағи барои хариди хона ҷамъовардаи онҳоро мусодира кард.

 

"Ҳукми ҳайратовар ва сангин"

Ҳукми 8 соли зиндон ба рӯзноманигори ҷавон ва модари ду кӯдаки хурдсол нигаронӣ ва ҳайратӣ ҷомеаи рӯзноманигориро ба миён овард.

Нуриддин Қаршибоев, роҳбари АМВАОМТ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, умед дошт, дар ҷараёни баррасии парвандаи Рухшона Ҳакимова волоияти қонун таъмин мегардад, вале “мутаасифона ҳукми имрӯзаи суд моро дар ҳайрат гузошт”.

Нуриддин Қаршибоев
Акс аз CABAR.asia

“Пеш аз ҳама, мутобиқи қонун метавонистанд, ки ҳукмро дар ҷаласаи озод эълон кунанд, то мардум фаҳмад, ки бо кадом ҷурм ӯ ба 8 соли зиндон маҳкум карда шуд. Аммо мутаассифона, ҷаласа паси дарҳои баста сурат гирифт. Аз ин лиҳоз, ба тасдиқи иттиҳоми нисбати Рухшона Ҳакимова эълоншуда шубҳа дорем”, - гуфт Нуриддин Қаршибоев.

Ӯ ба ду кӯдаки хурдсоли Рухшона Ҳакимова ишора карда, таъкид намуд, ки “сарфи назар аз натиҷаи суд, мо ҳамеша дар паҳлӯи ҳамкасбамон қарор дорем ва дар доираи қонун аз ҳуқуқу манфиатҳои ӯ ҳимоя хоҳем кард”.

Хуршед Атовулло, директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, ҳукми нисбати Рухшона Ҳакимова эълоншударо сангин номид ва изҳори умедворӣ кард, ки он бозбинӣ мешавад.

“Гузаронидани кадом як пурсишнома, новобаста ба он ки матлаб барои куҷо омода мешавад, аслан набояд барои боз кардани парвандаи ҷиноятӣ сабаб шавад. Ҳукми эълоншуда ба назари ман сангин аст ва бовар дорам, ки ҷомеаро бепарво намегузорад. Махсусан дар ҳоле, ки Рухшона Ҳакимова ду фарзанди хурдсол дорад”, - гуфт Хуршед Атовулло.

Ӯ умедворӣ кард, ки дар зинаҳои болоӣ ҳукми Рухшона Ҳакимова бозбинӣ мешавад.

Хуршеди Атовулло
Акс аз sugdnews.com

Гулнора Амиршоева, раиси Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон гуфт, ки ҷомеаи занони рӯзноманигори Тоҷикистон бо даҳшат хабари ҳукми сахти Рухшона Ҳакимоваро қабул кард ва умедвор аст, ки парвандаи ӯ бозбинӣ мешавад ва ба ӯ ҳадди аққал имкони мавқуф гузоштани ҳукмро медиҳанд.

"Мо наметавонем дараҷаи гунаҳкорӣ ё бегуноҳии ӯро баҳогузорӣ кунем, зеро касе дар мурофиа иштирок надошт, чунки парванда махфӣ нигоҳ дошта мешуд. Аммо, дар ҳар сурат, набояд Рухшонаро аз кӯдакони хурдсоли ӯ ҷудо мекарданд. Ман бар он ақидаам, ки додгоҳ бояд ба назар мегирифт, ки ӯ ду кӯдаки хурдсол, махсусан як ширхор дорад",-гуфт ӯ.

Аз Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ҳозир нашуданд, ки дар робита ба ҳукми Рухшона Ҳакимова мавқеи худро баён кунанд.

Зимнан, ҳукми нисбати Рухшона Ҳакимова эълоншударо созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон низ маҳкум карданд.

Сийнат Султоналиева, пажӯҳишгари Human Rights Watch дар масоили Осиёи Марказӣ, пас аз эълони ҳукм ба Радиои Озодӣ гуфтааст, “дар Тоҷикистон муддатҳои дароз аст, ки хабарнигорон, блогерҳо ва ҳомиёни ҳуқуқ барои баёни андешаи интиқодӣ таъқиб мешаванд. Рухшона журналисти нуҳум аст, ки ба муҳлати тӯлонӣ маҳкум шудааст”.

Ӯ таъкид кардааст, ки “парвандаҳои аксари онҳо паси дарҳои баста ва таҳти мӯҳри махфӣ баррасӣ шудаанд. Аз ин рӯ , мешавад гуфт, ки бо чунин муносибат ба парвандаҳо ба муҳокимаҳои одилонаи додгоҳӣ аслан умедвор буда намешавад”.

Ин намояндаи Human Rights Watch аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ба озодии баён эҳтиром гузошта, даст аз таъқиби журналистон бардоранд.

Охирин акси Рухшона Ҳакимова дар озодӣ, пеш аз ворид шуданаш ба мурофиаи охирин дар назди СИЗО, 5-уми феврали 2024
Акс аз шабкаҳои иҷтимоӣ

Қаблан, ҳам ин созмони байналмилалӣ аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки парвандаи зидди Рухшона Ҳакимоваро бекор кунанд.

 

Рухшона Ҳакимова кист?

Рухшона Ҳакимова – рӯзноманигори тоҷик. Ӯ соли 1993 таваллуд шуда, факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти касбии худро соли 2013 дар Маркази таҳқиқоти журналистӣ оғоз намуда, дар нашрияҳои “Самак”, “Фараж” ва “Ҷавонони Тоҷикистон” фаъолият кардааст.

Ӯ дар ташкилоти ҷамъиятие чун Шӯрои ВАО ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон низ фаъолият дошт.

Мақолаҳои таҳлилию тадқиқотии ӯ дар сомонаҳои “CABAR.asia” ва “factcheck.tj” низ нашр шудаанд.

Барои саҳми арзандааш дар рушди журналистикаи таҳлилӣ ва таҳқиқотӣ, Рухшона Ҳакимова бо Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ, ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Эътилофи бонувони журналист ва "Медиа-Алянс"-и Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Оиладор ва соҳиби ду кӯдак аст.

Зимнан, онҳое, ки дар пушти дари СИЗО интизори ҳукми парвандаи "табадуллот" буданд, нақл карданд, ки вакили мудофеи Рухшона Ҳакимова баъд аз эълони ҳукм аз бинои маҳбас берун омад ва ду гӯшвори ӯро ба модараш расонид. Вакили дифоъ ба модари ин рӯзноманигор кӯтоҳ хабар дод: 8 сол.

“Ду гӯшвори Рухшона - рамзи ду гулдухтари вай амонат ба модар: "тилоҳоямро аз талаф шудан нигаҳ дор"”, - навишт Ёқуб Ҳалимов, як рӯзноманигори тоҷик дар шарҳи ҳукми ӯ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.