Сабабу омилҳои бетартибӣ дар зиндонӣ Ваҳдат, эҳтимоли қабули қонуни авф ва омори фавту таваллуду номгузорӣ дар кишвар аз масоиле буданд, ки дар нишасти матбуотии Вазорати адлия баррасӣ шуданд. Аммо бояд зикр кард, ки рӯзноманигорон на ба ҳама суолҳои худ посухи қонеъкунанда гирифтанд.

Музаффар Ашуриён, вазири адлияи кишвар, ки имрӯз, 13-уми феврал, бо рӯзноманигорон суҳбат мекард, ба як қатор саволҳо бо баҳонаи “халал нарасонидан ба рафти тафтишот ва ба салоҳияту ваколати ӯ ворид нашудани посух ба баъзе саволҳо” посухи муфассал надод.

 

Бетартибӣ дар зиндони Ваҳдат

Ҳамин тавр, оид ба сабабу омилҳои бетартибӣ дар зиндони Ваҳдат Музаффар Ашуриён гуфт, ки онро Додситонии кул месанҷад.

“Дар робита ба бетартибӣ дар зиндони маъруф ба “Кирпичний”-и шаҳри Ваҳдат (муассисаи ислоҳии №3/2) аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон гурӯҳи кории тафтишотию фаврӣ созмон дода шуда, сабабҳои ҳодиса, омилон ва дигар ҷузъиёти он санҷида мешавад”, - гуфт Ашуриён.

Ӯ бо баҳонаи он ки “ба раванди тафтишот халал нарасонем”, аз додани ҷузъиёти дигар худдорӣ кард ва гуфт, “баъди анҷом ёфтани тафтишот метавонед аз мақомоти тафтишотӣ ва судӣ маълумотӣ иловагӣ гиред”.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 3-юми феврал дар зиндони маъруф ба “Кирпичний” ё муассисаи ислоҳии №3/2 дар шаҳри Ваҳдат ошӯб сар зад, ки дар натиҷа, ба иттилои расмӣ 3 маҳбус кушта ва 3 нигаҳбони муассиса захмӣ шуданд. Аммо дертар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе манобеи иттилоотӣ аксҳое пайдо шуданд, ки дар он ҷасади 5 ва номи 7 кушташуда зикр мешуд.

 

Намогирифт

Фонди Оқохон

Ба иттилои вазири адлия, соли 2024 беш аз 1700 огоҳиномаи ташкилоти ҷамъиятӣ вобаста ба қабул намудани грантҳо ва кӯмак аз созмонҳову давлатҳои хориҷӣ ба вазорат пешниҳод гардидааст.

Ашуриён гуфт, он ташкилоте, ки дар қайди вазорат ҳастанд, фаъолият карда истодаанд.

Дар мавриди ҳамкорӣ бо фонди Оқохон гуфт, “аз моҳи октябри соли 2024 созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон бо ин созмон қатъ шудааст.”

Ӯ гуфт, минбаъд ин созмон агар барои ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ ба қайд гирифтан ҳуҷҷат пешниҳод кунанд, вазорат омодааст, ки сабт кунад.

Соли гузашта ба ин ниҳод 1 159 (соли 2023-ум 1 171) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва 6 ҳизби сиёсӣ дар бораи идомаи фаъолияти худ бо нишон додани маҳалли ҷойгиршавии мақомоти роҳбарикунанда ҳисобот пешниҳод намудаанд.

 

Номгузорӣ

Ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” дар бораи номҳое, ки соли 2024 аз ҳама зиёд дархост шудаанд, вазири адлия посухи мушаххас надод. Танҳо гуфт, “онҳое, ки тоҷиканд ва миллаташон тоҷик аст, метавонанд аз рӯйи феҳристи номҳои тасдиқшудаи тоҷикӣ, ки 3652 ном дар он сабт шудааст, ба фарзандонашон ном гузоранд”.

Ба гуфтаи ӯ, агар номе пешниҳод шаваду дар феҳрист набошад, аз ҷониби комиссияи байниидоравии Кумитаи забон ва истилоҳот баррасӣ мешавад агар ин комиссия номро қабул кунад, он ҳатман ба феҳристи ишорашуда ворид мегардад.

 

Нархи хидматрасониҳои САҲШ, омори никоҳ, таваллуд ва марг

Музаффар Ашуриён дар масъалаи нархи имрӯзаи хидматрасониҳои САҲШ гуфт, дар ҳамаи идораҳо, аз ҷумла идораҳои маҳаллӣ ҷадвали маблағе, ки талаб карда мешавад, мавҷуд аст. Аммо ӯ нагуфт, ки барои кадом хидматрасонӣ чӣ қадар маблағ талаб карда мешавад.

“Шаҳрванд  аз он ҷадвал дида, метавонад ҳамон қадар маблағро супорад. Агар корманд аз ин миқдор зиёд маблағ талаб кунад, аллакай ин коррупсия ҳисобида мешавад. Ҷадвал барои он аст, ки аз он зиёд пул нагиранд”, - шарҳ дод вазир.

Бояд гуфт, соли 2024 дар Тоҷикистон 253 ҳазору 512 таваллуд сабт шудааст, ки ин дар муқоиса ба соли 2023 беш аз 10 ҳазор зиёдтар аст. Соли 2023 дар кишвар 242 ҳазору 697 таваллуд сабт шуда буд.

Ба гуфтаи ин ниҳод, соли гузашта дар кишвар 33 ҳазору 173 ҳолати фавти одамон сабт гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2023, 497 ҳолат бештар аст. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ 32 ҳазору 676 ҳолати фавт сабт шуда буд.

Ҳамчунин, бар асоси маълумоти Вазорати адлия, дар кишвар соли гузашта 75 ҳазору 197 ақди никоҳ сабт шудааст, ки ин 1 ҳазору 247 адад камтар аз соли 2023 будааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, давоми соли гузашта 9 ҳазору 102 ҳолати бекор шудани ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, дар муқоиса ба соли 2023, 1 ҳазору 196 ҳолат камтар аст.

 

Қонуни авф ва моддаи алоҳида дар бораи “Зӯроварӣ дар оила”

Дар робита ба ворид кардани меъёри алоҳида дар Кодекси ҷиноятии ҶТ оид ба “Зӯроварӣ дар оила” Мақсуд Низомӣ, сардори Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлия гуфт, ки “чунин модда дар таҳрири нави лоиҳа пешбинӣ гардида, ба ҳукумат пешниҳод шудааст”.

Табқи иттилои ӯ, айни ҳол лоиҳаи мазкур дар баррасӣ ва омӯзиши ҳукумати кишвар қарор дорад.

Ҳамчунин, Музаффар Ашуриён дар мавриди қабули қонуни авф зикр кард, ки “ҳоло ягон маълумот дар ин бора нест”.

“Ин салоҳияти истисноии президенти мамлакат ва Маҷлиси намояндагон аст. Яъне президенти Тоҷикистон пешниҳод мекунад, Маҷлиси намояндагон қонуни афвро агар зарур шуморад, қабул мекунад”, - илова кард Ашуриён.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.