Имрӯз Вазорати молия (09:00), Кумитаи рушди сайёҳӣ (14:00), Додситонии кулли кишвар (10:00), Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (08:30), Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (08:00), филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе (09:00) оид ба ҷамъбасти фаъолияти худ дар соли 2024 назди рӯзноманигорон ҳисобот медиҳанд.

Имрӯз соати 17:00 дар Театри давлатии ҷавонон намоиши моноспектакли “АКТРИСА”, ки нақши асосиро Заррина Бадалова, ҳунарпешаи ҷавони тоҷик иҷро кардааст, баргузор мегардад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 14 ФЕВРАЛ

Соли 1929 – Нашрияи “Қизил Тоҷикистон” таъсис ёфт, ки ҳоло “Халқ овози” ном дорад.

Соли 1962 – Дар Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) заводи консерва ифтитоҳ ёфт.

Соли 1969 – Дар фурудгоҳи Душанбе ҳавопаймои “ЯК-40” ба кор оғоз кард.

Соли 2007 – Дар Тоҷикистон Қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ” қабул гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1916 – Мавлуди Ҳабиб Юсуфӣ, шоир, тарҷумон, мунаққид, ва адабиётшиноси тоҷик.

Ҳабиб Юсуфӣ

Ҳабиб Юсуфӣ дар Самарқанд таваллуд шуда, баъди хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба омӯзиш ва таҳқиқи адабиёт машғул гардид. Ӯ соли 1942 ихтиёрӣ ба фронт рафта, 22 феврали соли 1945 дар деҳаи Вешкуви назди Варшаваи Полша ҳалок шуд.

Ӯ бо навиштаҳои ҷаззоби худ собит намудааст, ки дар қолаби лирикаи ишқӣ ҳам ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ватандӯстиро инъикос кардан имкон дорад.

Ватану ватанпарастӣ аз мавзӯъҳои умдаи шеъри ӯст. Шеърҳои “Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар”, “Аз ҳавою обу замин”, “Интиқом” “Ишқи Ватан”, “Ба ҳар куҷот равам, дил диёри ман гӯяд” аз беҳтарин намунаҳои лирикаи ватандӯстӣ дар адабиёти тоҷиканд.

Ӯ яке аз аввалин тарҷумонҳои бадеии тоҷик буд. Асарҳои Пушкин, Лермонтов, Крилов, Шевченко ва Маяковскийро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Соли 1955 – Зодрӯзи Маъруф Раҷабов, доктори илмҳои филология.

Соли 1988 – Мавлуди Зарина Бадалова, ҳунарпешаи театру синамо.

Зарина Бадалова

Зарина Бадалова, ҳунарпешаи ҷавон, ки ҳоло дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳунарнамоӣ мекунад, хатмкардаи донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон буда, бори аввал дар саҳнаи театр дар намоишномаи “Рӯзе дарозтар аз қарн” аз рӯи асари Чингиз Айтматов нақши Ҷамиларо бозидааст.

Ҳамчунин дар синамо низ нақшҳо офаридааст.

Соли 1989 – Зодрӯзи Таҳмина Ниёзова, овозхони шинохтаи тоҷик.

Таҳмина Ниёзова

Таҳмина Ниёзова набераи Боймуҳаммад Ниёзов, сарояндаи маъруфи “Шашмақом” буда, соли 2008 дар озмуни байналмилалии овозхонони эстрада иштирок намуда, барандаи озмуни “Панҷ ситора. Интервидение” гардид. Маҳз ҳамин муваффақият ӯро миёни ҳаводорони санъати овозхонӣ маъруф кард. Ӯ асосан бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ суруд мехонад.

Таронаҳои “Гуфтам малакӣ”, “Занги телефон”, “Hero”, “Бути Нозанин”, “Боди Сабо”, “Ман ошиқи рӯи ту” аз шумори сурудаҳои марғуби Таҳмина маҳсуб меёбанд.

Соли 2011 – Нӯъмон Неъматов, олим, доктори илми таърих, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон дар 83-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

14-уми феврал дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи ошиқон таҷлил мешавад. Ин ҷашн бо номи Рӯзи Валентин низ маъруф аст ва решаҳои таърихии он ба асрҳои миёна гиреҳ мехӯрад.

Рӯзи Ошиқон бо номи Валентин, як рӯҳонии насронӣ дар асри III дар Империяи Рум, иртибот дорад. Бино ба ривоятҳо, ӯ дар давраи ҳукмронии императори румӣ Клавдий II махфӣ издивоҷи сарбозонро бо дӯстдоштагонашон анҷом медод. Валентин барои ин амал боздошт ва қатл шуд. Ривоятҳо ҳастанд, ки пеш аз маргаш ба духтари зиндонбон номаи хайрбодӣ бо имзои “Аз Валентини ту” фиристода буд, ки яке аз омилҳои пайдоиши суннати табрикоти ошиқон маҳсуб мешавад.


Имрӯзҳо 14-уми феврал дар саросари ҷаҳон ҳамчун рӯзи эътирофи муҳаббат ва эҳтиром ба наздикон ҷашн гирифта мешавад. Одамон ба ҳамдигар гул, кортҳои ошиқона, тӯҳфаҳо ва ширинӣ ҳадя мекунанд. Дар кишварҳои гуногун таҷлили ин рӯз бо анъанаҳои маҳаллӣ омехта шудааст.

Дар Тоҷикистон ва баъзе кишварҳои дигар, ин ҷашн бо гуногунфикрӣ қабул мешавад: бархе онро таҷлил мекунанд, бархеи дигар ҳамчун ид бо решаҳои ғарбӣ қабул надоранд. Бо вуҷуди ин, он дар миёни ҷавонон маъмул боқӣ мемонад.

14-уми феврал инчунин ҳамчун Рӯзи байналмилалии тақдими китоб (International Book Giving Day) таҷлил мешавад. Ин рӯз барои тарғиби фарҳанги хондан ва ҳадя кардани китоб махсусан ба кӯдакон ва афроди ниёзманд равона шудааст.


Ин ҷашн аз тарафи Эмми Бродмур, як шахси оддии амрикоӣ, ки муассиси вебсайти китобҳои кӯдакона дар ИМА буд, таъсис ёфт. Сарчашмаи ин иқдом пурсиши писараш дар мавриди сабаби ташкил накардани як рӯзи махсуси тӯҳфаи китоб ба ҳамдигар буд.

Агар Рӯзи ошиқон муҳаббат ба инсонҳоро таҷассум кунад, пас Рӯзи тақдими китоб муҳаббат ба дониш ва китобхониро инъикос менамояд. Ҳар ду ҷашн ба як рӯзи тақвимӣ рост омада, маънои амиқи муҳаббат ба инсон ва маърифатро муттаҳид месозанд.

14 феврал Рӯзи паҳн кардани иттилоот дар бораи нуқсони модарзодии қалб таҷлил мешавад.


Он аз ҷониби ташкилоти хайрияии Канада "Children’s Heart Society" таъсис ёфт, ки ба хонаводаҳое, ки фарзандони онҳо нуқсони модарзодии қалб доранд, кӯмак мерасонад. Ин ташаббусро дигар ташкилотҳо аз кишварҳои мухталиф дастгирӣ карданд ва ҳамин тавр, ин рӯз ба як рӯзи байналмилалӣ табдил ёфт. Нуқсони модарзодии қалб нуқсон дар сохтор ва ё рагҳои бузурги қалб аст, ки аз замони таваллуд пайдо мешавад.

Имрӯз ҳамчунин компютерсозон рӯзи касбии худро таҷлил мекунанд. 14 феврали соли 1946 аввалин компютери электронии ҳақиқӣ “ENIAC I” (Electrical Numerical Integrator And Calculator) намоиш дода шуд. “ENIAC I” то 2 октябри соли 1955 фаъол буд ва баъд шикаст.


Ҳамчунин, имрӯз Рӯзи пайдоиши забони фаронсавиро таҷлил мекунанд. Гуфта мешавад, ки 14 феврал соли 842 Людовик II Немец ва Карл II Лисий шартномаеро ба забони романӣ (франсузии қадимӣ) бастанд. Аз он вақт ин рӯз Рӯзи пайдоиши забони фаронсавӣ ҳисобида мешавад.


Имрӯз ҳамчунин Рӯзи пайдоиши “YouTube” таҷлил мешавад. Вебсайти “YouTube” 14 феврал соли 2005 аз ҷониби се корманди собиқи ширкати “PayPal”   - Чен, Херли ва Карим дар Калифорния (ИМА) таъсис ёфт.

Видеоҳои аввалин, ки 18 сонияро дарбар гирифта, аз садо ва тасвири Д.Карим дар боғи ҳайвоноти Сан-Диего сабтшуда иборат буд, рӯзи 23-юми апрели соли 2005 дар “YouTube” ҷой дода шуд.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 14 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11º хунук, рӯзона -2+3º мешавад.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан ҳолатҳо бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона аз 5+10º то 10+15º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -3+2º, рӯзона 3+8º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо баъзан ҳолатҳо бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона аз 4+9º гарм то 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзе ҳолатҳо барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, рӯзона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 21-26º сард, дар баъзе минтақаҳо то 30-32º сард, рӯзона 8-13º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, барф меборад. Ҳарорат: шабона 7-9º сард, рӯзона 1+3º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.