Дар пойтахти Арабистони Саудӣ, шаҳри Риёз музокироти расмии Русия ва Амрико барои поён додани ҷанг дар Укроин оғоз шуд. Дар ин музокирот Русияро Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷӣ ва Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури ин кишвар намояндагӣ мекунанд.
Аз ҷониби Амрико Марко Рубио, вазири хориҷа, Ҷон Рэтклиф, раиси Хадамоти марказии истихборот, Майк Уолтс, мушовири амнияти миллӣ ва Стив Уиткоф, фиристодаи махсуси ин кишвар дар Ховари Миёна иштирок доранд.
Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия мегӯяд, ба ҳайати Русия мумкин аст Кирилл Дмитриев, раҳбари Фонди сармоягузориҳои мустақими Русия барои баррасии масоили иқтисодӣ ҳамроҳ гардад.
Ин аввалин музокироти рӯбарӯи мақомоти ду кишвар пас аз ҳуҷуми Русия ба Укроин дар феврали соли 2022 аст.
Дар музокирот ҳамчунин Файсал бин Фарҳон, вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ ва Мусаид бен Муҳаммад, мушовири амнияти миллии ин кишвар ҳузур доранд.
Дар ҳамин ҳол, дар ин музокирот ҳеҷ намояндае аз Укроин ва кишварҳои аврупоӣ даъват нашудаанд. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин чанде пеш гуфт, ки ҳеҷ созишеро, ки дар музокироти он ширкат надошта бошад, намепазирад.
Расонаҳо навиштаанд, ки Амрико бо баргузории ин музокирот мехоҳад фаҳмад, ки ки оё Русия дар мавриди поён додани ба ҷанг ҷиддӣ аст ё не. Русия ин музокиротро одисозии робитаҳояш бо Амрико тавсиф кардааст.
Кремл қаблан изҳор дошта буд, ки ин музокирот ба барқарорсозии муносибатҳои дуҷониба, таҳияи музокироти эҳтимолӣ дар бораи ҷанг бо Украина ва барномарезии дидори шахсии руасои ҷумҳури Русия ва Амрико, Владимир Путин ва Доналд Трамп бахшида мешавад.
Ёдрас мешавем, ки қарори баргузории музокироти Русия ва Амико бар сари поёни ҷанг дар Укроин баъди гуфтугӯи телефонии Путин ва Трамп, ки 12 феврал сурат гирифт, қабул шуд. Дар меҳвари ин гуфтугӯи телефонӣ масъалаи ҷанг дар Укроин қарор дошт. Трамп баъи суҳбат бо Путин эълон кард, ҳайатҳои ду кишвар дар масъалаи Укроин "фавран музокиротро оғоз хоҳанд кард".
Баъдтар Марко Рубио, вазири хориҷаи Амрико тавзеҳ дод, ки ин вохӯриро ҳанӯз наметавон "музокирот" номид, зеро феълан он танҳо як талошест барои дарки мавқеи якдигар.
Нархи нобудсозии мошин. БДА овозаи аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ шудани нобудсозии нақлиётро рад кард
ҲАМОС ҷасади чаҳор гаравгонро ба Исроил супорид
Таваҷҷуҳи фаронсавиҳо ба сохтмони НБО дар дарёи Зарафшон
“Равшан”-и Кӯлоб шарти дастаи Русияро ба 1 млн рубл қабул кард
Додгоҳи олӣ: Ҳамаи маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” аз ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
Лавров: “Шартномаи душаҳрвандӣ ба манфиатҳои Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст”
Ҷодугарӣ ва фолбинӣ. Вазир гуфт, беш аз 1100 нафар боздошт шуданд
Муҳлати боздошти муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” барои як моҳи дигар дароз карда шуд
Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Сергей Лавров гуфт, зидди реҷаи раводид барои муҳоҷирони корӣ аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста