Ҳамаи муттаҳамони парвандаи маъруф ба “табаддулоти давлатӣ”, ки тақрибан ду ҳафте пеш аз 8 то 27 сол равонаи зиндон шуданд, аз болои ҳукми Додгоҳи олӣ ба зинаи кассатсионӣ шикоят кардаанд. Дар ин бора аз Додгоҳи олии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Аз ин ниҳоди қазоватӣ гуфтанд, ки вакилони дифои чеҳраҳои шинохта пас аз эълони ҳукм то 17-уми феврал шикояти кассатсиониро ба Додгоҳи олӣ супурдаанд.
“Пас аз се рӯзи эълони ҳукм ба Суди олӣ (Додгоҳи олӣ) аввалин шикояти кассатсионӣ ворид шуд, баъдан дигар судшудагон ҳам шикояти кассатсионӣ карданд. Ҳамаи муттаҳамони парванда то 17-уми феврал шикояти кассатсионӣ кардаанд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Дар доираи ин парванда 9 кас, аз ҷумла 1 вакили парлумон, 2 намояндаи ҳизбҳои сиёсӣ, 3 мансабдори пешини давлатӣ, 2 маъмури бознишастаи амният ва 1 рӯзноманигори ҷавон зиндонӣ гардиданд. Вакилони дифоъ ва пайвандони дастикам се тан аз маҳкумшудагон ҳам ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки ба Додгоҳи олӣ шикояти кассатсионӣ кардаанд.
Аз ҷумла, пайвандони Аҳмадшо Комилзода, муовини акнун пешини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки рӯзи 17-уми феврал ба зинаи болоии додгоҳ шикоят карда, хостори бозбинии ҳукм шудаанд.
Қаблан, вакилони дифоъ ва пайвандони Шокирҷон Ҳакимова, ҳуқуқдодон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори ҷавони тоҷик, ҳам ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки аз болои ҳукм ба зинаи кассатсионӣ шикоят карда буданд.
Бояд гуфт, ки вакили дифои Рухшона Ҳакимова бар асоси муқаррароти моддаи 71-и Кодекси ҷиноӣ, ки шартан татбиқ накардани ҷазоро пешбинӣ мекунад, озодии зерҳимояашро тақозо карда буд.
Маълум нест, ки ин ҳама шикоятҳои кассатсионӣ то кай баррасӣ мешаванд.
Боздошти чеҳраҳо аз кай оғоз шуд ва чаро онҳо дастгир шуданд?
Боздошти чеҳраҳои матраҳи сиёсати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024, баъди дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Рӯзи 14-уми июни соли 2024 Юсуф Раҳмон, додситони кул зимни ҷаласаи парлумон дар назди вакилон гуфт, ки бар зидди Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306, қисми 2, банди "в"-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Пас аз ин, аз нимаи июни соли 2024 боздошти нафарони зерин расонаӣ шуд:
- Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон;
- Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон;
- Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократ ва рӯзноманигор (баъди боздошт аз вазифаи муовини раиси ҳизб барканор шуд);
- Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон;
- Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдодон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон;
- Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон;
- Нураҳмад Ғанизода ва Ҷамшед Бобоев, ду полковники бознишастаи Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ.
Баъдтар маълум шуд, ки дар доираи ин парванда рӯзноманигори ҷавон Рухшона Ҳакимов низ бозпурсӣ шудаву алайҳаш парванда боз гардидааст, аммо бо сабаби доштани кӯдаки ширхор ӯ дар озодӣ боқӣ мондааст. Вале баъдӣ эълони ҳукм ӯ ба ҳабс гирифта шуд.
Мурофиаи аввали парвандаи чеҳраҳои сиёсати Тоҷикистон рӯзи 14-уми ноябри соли 2024 дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) ва пушти дарҳои баста баргузор шуд.
Ҳамин тавр, пас аз қариб 3 моҳи муҳокима дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе, рӯзи 5-уми феврал нисбати 9 тан аз 8 то 27 сол ҳукми зиндон эълон гардид.
Додгоҳи олии Тоҷикистон бори аввал ва расман зимни нишасти матбуотии рӯзи 13-уми феврал бархе ҷузъиёти “парвандаи табаддулот”-ро шарҳ дод. Ин чеҳраҳои сиёсат ба кадом гуноҳ айбдор шудаанд ва кӣ чанд сол равонаи зиндон гардидааст, дар ин хабари “Азия-Плюс”мутолиа кунед.
Оби нӯшокӣ, партов ва корез: сокинони минтақаҳои Тоҷикистон барои хадамоти коммуналӣ чанд пул пардохт мекунанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 июл соли 2025
Хавфи “қаҳтии газ” дар Осиёи Марказӣ. Аз куҷо метавон барои эҳтиёҷоти аҳолӣ ва саноат газ дарёфт кард?
Тағйири намои Душанбе давоми 15 соли охир дар аксҳои моҳвораӣ
Дар Тоҷикистон ҳаво ҳамоно гарм боқӣ мемонад. Дар ин рӯзҳо дар хона будан беҳтар аст
Намояндаи Тоҷикистон аз мусобиқаи куштии озод дар Маҷористон медали нуқра ба даст овард
Гармои шадид дар Осиёи Марказӣ. Хатару таъсири он ба иқтисод ва солимии одамон
Мехостанд ба “Баха Чимкентский” 70 кг маводи мухаддир расонанд. КДАМ аз боздошти гурӯҳи ҷиноятии фаромиллӣ хабар дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 июли соли 2025
Имконоти зиёду монеъаҳои бисёр. Чӣ гуна мақомот сармоягузорӣ аз хориҷаро зиёд кардан мехоҳанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста