ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 19 ФЕВРАЛ
Соли 1993 – Дафтари САҲА фаъолияти худро дар Тоҷикистон оғоз кард.
Соли 2003 – Дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ 345 килограмм ҳероин мусодира гардид, ки ин он замон бузургтарин ҳодисаи боздошти маводи мухаддир дар таърихи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон буд.
Соли 2009 – Олим Зикаев, паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи кушоди XIII Ҷумҳурии Беларус оид ба гӯштини самбо дар шаҳри Минск соҳиби медали тилло гардид.
Соли 2020 – Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) ва Тоҷикистон Созишномаи соддагардонии расмиёти тиҷоратро ба имзо расониданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1926 – Мавлуди Наҷмиддин Раҳимов, ҳунарпешаи театр, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.
Наҷмиддин Раҳимов маълумоти махсуси касбӣ дар ҷодаи санъат надорад. Аммо бо вуҷуди ин тавонист, то дараҷаи Ҳофизи халқии Тоҷикистон расад.
Ӯ иштирокдори фаъоли маҳфили ҳаваскорони санъат буд. Баъдтар бо иҷрои таронаҳои классикии “Дугоҳ”, “Тановор”, “Ироқи Бухоро”, “Ушшоқи Содирхон”, “Ушшоқи Самарқанд”, “Ороми ҷон” ба дилҳо нишастаанд.
Соли 1939 – Мавлуди Тӯхта Иброҳимова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Ӯ ке аз сарояндагони Филармонияи давлатии Тоҷикистон буда, соли 1960 ба ҷодаи санъат қадам ниҳодааст.
Маҳорати сарояндагиаш махсусан дар иҷрои сурудҳои лирикии “Тоҷикистон”, “Сози муҳаббат”, “Дурдона”, “Ҷашни дӯстӣ” ва дигар таронаҳо зоҳир шудааст.
Соли 1965 – Мавлуди Раҳим Бобохонов, олим, муаррих, доктори илмҳои таърих, профессор.
Соли 1966 – Мавлуди Носир Саидов, коргардони синамои тоҷик, раиси Кумитаи телевизион ва радио.

Носир Саид 59 сол дорад ва ба гуфтаи худаш, рағбат ба филмофарӣ ӯро ба факултаи коргардонии Донишкадаи санъати Тоҷикистон бурд. Баъди хатми он дар идораи синамои “Тоҷикфилм” ба фаъолият пардохт.
Ӯ солҳо дар киностудияҳои Русия фаъолият дошта, дар офаридани филмҳои “Ман ваъда медиҳам, ки меравам”, “Зиндагии шахсии малика, “Падари маҳтобӣ”, “Шик” ҳамчун коргардони дуюм нақш доштааст. Филми нахустине, ки Носир Саидро ҳамчун коргардони ҳирфаӣ муаррифӣ кард, филми “Қиёми рӯз” аст. Филмҳои “Муаллим”, “Роҳ”-и ӯ низ аз беҳтарин филмҳои синамои тоҷик дониста мешаванд.
Носир Саид соли 2012 директори киностудияи “Тоҷикфилм” ва соли 2017 раҳбари телевизиони “Сафина” таъин гардид. Рӯзи 21-уми январи соли ҷорӣ ба ҷои Носир Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радио таъин шуд.
Дар бораи фаъолияти то имрӯзаи Носир Саид ва интизориҳои ҷомеа аз ӯ дар ин маводи мо мутолиа кунед.
Соли 2024 – Лайло Шарифӣ, овозхони тоҷики озаритабор, яке аз бунёдгузорони ансамбли эстрадии “Гулшан” дар синни 94-солагӣ аз олам даргузашт.

Лайло Шарифӣ 28 январи соли 1930 дар хонаводаи падари турки зодаи Измир ва модари эронии озарбойҷонӣ зода шудааст. Аммо бо сабабҳои сиёсӣ ба Тоҷикистон омада, соли 1959 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо хатм кардааст.
Ӯ сараввал дар дастаи ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба сифати сароянда ҳунарнамоӣ мекард ва ҳамзамон чун наттоқ барномаҳои радиои тоҷикро ба форсӣ қироат менамуд. Вақте дар назди Кумита нахустин ансамбли эстрадӣ – “Гулшан” созмон дода шуд, Лайло Шарифӣ роҳбари бадеии он гардид. Аммо баъдан аз Тоҷикистон рафт ва солҳои охири умраш дар Олмон мезист.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ҳайвоноти ширхӯри баҳрӣ ва ё Рӯзи ҷаҳонии наҳангҳо таҷлил мешавад. Ин рӯз соли 1986 пас аз мавриди амал қарор гирифтани мораторий дар бораи шикори наҳангҳо таъсис дода шуд. Кашфиёти палеонтологӣ собит менамоянд, ки китҳо ҳанӯз 26 миллион сол пеш вуҷуд доштанд.

Ширхӯрони китшакл як гурӯҳи ширхӯрони обӣ мебошанд, ки ба он наҳангҳо, делфинҳо ва хукҳои баҳрӣ дохил мешаванд. Китҳо тавассути шуш нафас мегиранд, ҷонварони гармхунанд ва бачаҳояшонро бо шир ғизо медиҳанд. Кити кабуд бузургтарин ҷонвари рӯи Замин маҳсуб ёфта, вазни он баъзан ба 200 тонна мерасад.
Имрӯз Рӯзи ихтирои харитаи синоптикӣ аст. Ин харитаи ҷуғрофиест, ки дар он маълумоти ҷамъоваришудаи обуҳавошиносӣ бо аломатҳои махсус ишора карда мешаванд.

Маҳз 19 феврали соли 1855, Урбен Леверье, директори расадхонаи Париж ва кашшофи сайёраи Нептун, харитаи нахустини обуҳавоии Аврупоро ба Академияи илмҳои Париж пешниҳод намуд.
Ин иқдом ба хадамоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ асос гузошт. Таҳқиқоти Левере нишон дод, ки тавассути харитаҳои синоптикӣ метавон пайдоиши тӯфонҳои шадидро пешгӯӣ кард. Имрӯз харитаҳои синоптикӣ бо истифода аз системаҳои компютерӣ таҳия мешаванд ва компютер дар чанд сония ҳисобҳоеро анҷом медиҳад, ки пештар соатҳо вақт талаб мекард.
19 феврали соли 1878 оғози марҳилаи сабти овоз маҳсуб меёбад. Маҳз дар ин рӯз Томас Эдисон патенти фонограф – дастгоҳи сабт ва такрори овозро ба даст овард.

Соли 1879 фонограф дар Русия низ намоиш дода шуд. Яке аз хидматҳои бузурги Эдисон ин буд, ки ӯ бо фиристодани фонограф ба шахсони машҳури давр садои онҳоро барои таърих ҳифз намуд. Дар осорхонаи адабии Русия имрӯз низ овози Лев Толстойро шунидан имкон дорад.
Имрӯз Рӯзи ихтирои барномаи “Photoshop”аст. Томас Нолл, як амрикоӣ барномаи коркарди тасвирҳои графикиро таҳия кард. Томас барномаро ба бародараш Ҷон Нолл, ки яке аз машҳуртарин масъулони назорат ва ҳамоҳангсозии эффектиҳои визуалӣ (VFX) дар филмҳои маъруфи ҷаҳонӣ буд, нишон дод. Ҷон ба лоиҳа шавқ зоҳир карда, дар такмили он ширкат намуд.
Бародарон ибтидо барномаро “Display” номиданд ва соли 1988 онро ба “ImagePro” иваз карданд. Хеле зуд ширкати “Adobe Systems” ҳуқуқи онро харид ва соли 1989 ба барнома номи “Photoshop” гузошт. 19 феврали соли 1990 нахустин версияи “Photoshop 1.0” нашр шуд ва ин рӯзро метавон ҳамчун Рӯзи таваллуди “Photoshop” арзёбӣ кард.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 19 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона -2+3º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 3+8º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 6+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 21-26º сард, дар баъзе минтақаҳо то 30-35º сард, рӯзона 6-11º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 12+14º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 11+13º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан ҳолатҳо барф меборад. Ҳарорат: шабона 6-8º сард, рӯзона 1+3º гарм.
Нархи нобудсозии мошин. БДА овозаи аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ шудани нобудсозии нақлиётро рад кард
ҲАМОС ҷасади чаҳор гаравгонро ба Исроил супорид
Таваҷҷуҳи фаронсавиҳо ба сохтмони НБО дар дарёи Зарафшон
“Равшан”-и Кӯлоб шарти дастаи Русияро ба 1 млн рубл қабул кард
Додгоҳи олӣ: Ҳамаи маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” аз ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
Лавров: “Шартномаи душаҳрвандӣ ба манфиатҳои Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст”
Ҷодугарӣ ва фолбинӣ. Вазир гуфт, беш аз 1100 нафар боздошт шуданд
Муҳлати боздошти муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” барои як моҳи дигар дароз карда шуд
Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Сергей Лавров гуфт, зидди реҷаи раводид барои муҳоҷирони корӣ аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста