Дар Душанбе панҷараи тирезаҳои ҳамаи биноҳоро мекананд ва дар ин бора қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қабул шуда, аз 2 январи соли равон он ба ҳукми иҷро даромад.
Шаҳрдории пойтахт сабаби кандани панҷараи тирезаҳо дар Душанберо шарҳ дода гуфт, онҳо ба зебогии симои шаҳр халал ворид мекунанд.
Аз шаҳрвандон пурсидем, ки ба андешаи онҳо боз чӣ симои пойтахтро коста мекунад?